Бахшҳо

Хомисаи бемор барои худ ва бародари 17-солааш кумак мехоҳад

Хомисаи Аюбзод, як сокини 22-солаи ноҳияи Айнӣ барои худ ва бародараш Акмалҷон Аюбов, ки аз бемории ирсии норасоии хромосоммаҳо (атаксия фридрейха) ранҷ мебаранд, кумак мехоҳад.

Хомиса дар як номаи имодхоҳӣ унвонии “Озодагон” навиштааст, дар оила панҷ фарзанданд ва ӯву бародари ягонааш гирифтори ин беморианд. “Дар беморхонаҳои ватанӣ табобат гирифтам, хеч фоидае накард. Соли 2001 падарам ба шаҳри Екатеринбурги Русия бурд ва онҷо зимни ташхис дардамро муайян карда, гуфтанд, гирифтори бемории ирсии норасоии хромосоммаҳо (атаксия фридрейха) мебошам”,-менависад ӯ. Ба қавли Хомиса, аз сабаби он ки ташхисҳояш пуррагӣ анҷом наёфта буд, мебоист дубора Русия мерафт, аммо бо далели ба ин беморӣ мубтало шудани бародари 17-солааш, имкони табобатро надорад: “Имрӯз бародарам низ дарди маро дорад, пойҳояш қариб, ки аз роҳ рафтан боз мондаанд. Ҳама талошҳоямон барои табобати ӯ сарф мешавад. Оилае, ки ду бемор дорад, ҳам хурондан ва ҳам табобат кардан хеле душвор аст”.

Хомисаи Аюбзод мегӯяд, падараш дар муҳоҷират буда, модараш дар деҳаашон ҳамчун табиб кор мекунад. Ҳақмузди онҳо барои табобат ва хурондани фарзандон кофӣ нест. “Барои он ки дардро камтар эҳсос кунам ва худро аз ин ғуссаҳо дур андозам, хамеша китоб мехондам ва аввалин духтаре будам, ки аз деҳаамон соли 2011 ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар бахши иқтисод шомил шудам. Имсол ба курси панҷум мегузарам”,-навиштааст ӯ. Хомиса мегӯяд, бо далели беморӣ, донишгоҳро соли аввал ба пуррагӣ хонда, се соли дигар дар шӯъбаи ғоибона таҳсил намуд: “Барои сиҳат шудан ҳар коре мекунам, то бо афсус ба қафо нигоҳ накунам. Бо вуҷуди ин ҳама дунё бароям танҳо ҳавлиямон шудааст”.

Дар идома дар бораи бемории бародараш Акмалҷони 17-сола гуфтааст: “Тули 10 соли бемориам бисёр ғамҳоро чашидам, вале сахтарашро акнун таҷриба мекунам. Ҳар боре, ки дар пеши чашмонам додари ягонаам меафтад ё ба чизе бармехурад, мемираму аз нав зинда мешавам. Ман аз дарди бародарам месӯзам, волидонам бошанд аз дарди ду фарзанд. Аз даргоҳи Худованд барояшон нерӯ мехоҳам”.

Гулчеҳра Юнусова, бибии Хомиса, ки номаи набераашро ба дафтари “Озодагон” овард, мегӯяд, Вазорати тандурустӣ чанд бор ба онҳо кумак кардааст, аммо ба номаҳояшон дар дастгоҳи иҷроияи президент ҷавоби муайян нагирифтаанд.

Хомиса аз мақомоти Тоҷикистон ва тамоми афроди хайрхоҳу саховатманд барои муолиҷаи худ ва бародараш кумак хостааст.

Телефон барои тамос: (+992) 92-600-52-13 ва 92 760 66 89


Хомисаи бемор барои худ ва бародари 17-солааш кумак мехоҳад


Хомисаи бемор барои худ ва бародари 17-солааш кумак мехоҳад

Хомисаи бемор барои худ ва бародари 17-солааш кумак мехоҳад
Мӯҳр
Дарвеш
Худованд ба шумоён аз даргохи худ шифои комил ато фармояд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)