Бахшҳо
04 авг 2015 10:42Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҷароҳати ду тоҷик дар пайи сангзанӣ бо қирғизҳо барои обу гӯристон (НАВШУДА)

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар пайи сангзанӣ бо қирғизҳо дар марз ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.

Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” сангзанӣ рӯзи 3-юми август баъди он сар задааст, ки қирғизҳо роҳи оби тоҷиконро бастаанд: “Вақте тоҷикон хостанд, қубурҳои обгузарро барқарор кунанд, қирғизҳо ба сангзанӣ оғоз карданд. Тоҷикон низ ҷавоб доданд”.

Манбаи “Озодагон” дар мавриди иддаои қирғизҳо, ки гӯиё тоҷикон онҳоро ба гӯристонашон роҳ намедиҳанд, рад намуд: “Онҳо роҳи пиёдагардро доранд. Роҳи мошингардашон ба гӯристон аз миёни минтақаи тоҷикнишин мегузарад. Онҳо мехоҳанд, ки барояшон роҳи алоҳидаи мошингузар дода шавад. Аммо агар ин роҳ ба онҳо дода шавад, тоҷикон дар анлклав мемонанд ва пойбанди қирғизҳо мешаванд. Баъд ҳар гоҳе хоҳанд обро маҳам мекунанд ё мушкилоти дигар эҷод кунанд”.

Манбаъ илова намуд, ки дар пайи мулоқоти ҷонибҳо феълан вазъ дар марз ором мебошад.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти қирғиз хабар додаанд, тоҷикон гӯиё қирғизҳоро ба гӯристони наздимарзӣ роҳ надодаанд: “Дар ҷавоб қирғизҳо каналро, ки Чоркуҳи Тоҷикистонро бо об таъмин мекунад, бастаанд. Ин нофаҳмиҳо боиси сангзанӣ миёни тоҷикону қирғизҳо шудааст”.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, дар пайи сангзанӣ 5 қирғиз ҷароҳат бардошта, 7 хона ва як мошини шаҳрвандони ин кишвар зарар дидаанд: “Дар пайи мулоқоти мақомоти ду кишвар вазъ дар марз муътадил шуда, сокинони наздимарзӣ ба хонаҳояшон баргаштаанд”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Қурбонбой Искандаров, намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон дар умури марз мегӯяд, ният доранд, бо Тоҷикистон барои иваз намудани 20 ҳисса замин дар қаламрави деҳаи Коктоши Бодканд гуфтушунид кунанд.

Искандаров дар суҳбат бо расонаҳои қирғиз изҳор доштааст, ки дар ин мавзеъ, ки миёни Коктоши Бодканду ҷамоати Чоркуҳи Исфара аст, ду гуристон мавҷуд аст: “Дар маҳал, ки сарҳад дар он ҷо аломатгузорӣ нашудааст, ду гуристон мавҷуд аст. Гуристони куҳна баста шудааст ва акнун ҷасадҳоро дар гуристони нав дафн мекунанд. Аммо шаҳрванди Тоҷикистон дар миёни ду гуристон биное сохта, қирғизҳоро ба гуристон роҳ намедиҳад. Мо феълан ба ин маҳал намояндаҳои худро фиристодем, то дақиқ кунанд, ки гуристони нав дар қаламрави Тоҷикистон аст ё Қирғизистон?”

Намояндаи ҳукумати Қирғизистон илова намудаст, ки ин масъала барои баррасӣ ба Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳод хоҳад шуд.
Мӯҳр
Фанати Бобои Файз
Эээййй хамсояхо эхтиет кунед, ки мо метавонем Дилшодро равон кунем. Баьд он кас ба Шумо сангпартоиро нишон медихад.

ш Кулоб
чи ба инхохам гулом шавем ...охир инкадар одами хубшидем иношам дар гарданмо бор шидиян ку...бахудо гузарониданд.......

Имруз фикр намекунед, фардо дер мешавад! Охири ин бо чанги калон меанчомад! Ана окибати заминфуруши! Худ казоват кунед! Аллох дар панохаш нигах дорад халки Мусалмони моро!

Хуршед
Холо мо коре мекунем, ки бо киргизхо чура мешавем ваё хам бачахои зуран дустони кадимаи моянд ин нофахмихо аз миён мерафад Худо хохад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)