Бахшҳо

"Эродҳои ҷиддӣ"-и Э.Раҳмон нисбат ба Абдуқодирзода ва таъкид барои хайру садақа ба ниёзмандон

Эмомалӣ Раҳмон,раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хостааст, то ба кӣ раво будани хайру садақаро ба мардум дуруст фаҳмонад.

Оқои Раҳмон имрӯз, 5 август аснои маҷлиси васеи ҳукумат оид ба ҷараёни бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Бадахшон ва дигар минтақаҳо дар хитоб ба Абдуқодирзода гуфтааст, “хайру садақа на ба олимону ходимони дин, балки ба мардуми камбизоату ниёзманд бояд дода шавад”.

Дафтари матбуоти президент мегӯяд, "Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба раиси Шӯрои уламои мамлакат барои иштирок дар маъракаҳои шахсони мансабдор эродҳои ҷиддӣ гирифта, супориш доданд, ки дар ҳама ҳолат бояд паҳлуи мардуми бечора ва мусибатзада бошанд ва тамоми диндоронро низ ба ин кор ҷалб намоянд".

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва тамоми мардуми саховатпеша муроҷиат намуда, таъкид намудаасӣ: “Ана ин ҷост ҷойи хайроту садоқот. Ҳар ки мехоҳад хайру садақа анҷом диҳад ва аз аҷру савоби беандозаи худованд бархӯрдор бошад, дасти кумаки худро ба осебдидагони офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар ноҳияҳои осебдида дароз кунанд”.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, дар ин ҷаласа ба масъулин супориш дода шудааст, ҳар нафари зарардида аз ҳодисаҳои табиии ахир -- аз хурд то бузург бо сару либоси тобистонаву зимистона таъмин гарданд. Эмомалӣ Раҳмон инчунин иброз доштааст, ҳар оилаи зарардида бо тамоми номгӯи асбоби рӯзгор, ҷиҳози хона, яхдону телевизор, гилему курпача, асбоби ошхона ва ҳатто риштаву сӯзан таъмин гардад. Президенти кишвар дар ин ҷаласа ҷиҳати бартарафсозии зарари офатҳои табиӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода, иброз доштааст, ҳар хонаводаи зарардида то 6 моҳ бо маводи ғизоӣ ва дар зимистони дарпешистода бо дигар маводҳои зарурӣ, аз қабили ангишт ва дигар асбобу ҷиҳози гармидиҳанда таъмин гарданд.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш додааст, фарзандони оилаҳои зарардида дар соли нави хониш ба мактаб фаро гирифта ва бо сару либоси мактабӣ ва дигар ҷиҳози хониш сари вақт таъмин карда шаванд. Ӯ изҳори боварӣ кардааст, пайомади офати табиӣ дар муҳлати кутоҳ бартараф шуда, то 6 ноябри соли равон зарардидаҳо бо манзили зист, ашёву асбоби рӯзгор ва маводи ғизоӣ таъмин гардида, ҳамзамон роҳу пулҳо, хатҳои интиқоли барқ аз нав барқарор мешаванд.


"Эродҳои ҷиддӣ"-и Э.Раҳмон нисбат ба Абдуқодирзода ва таъкид барои хайру садақа ба ниёзмандон

"Эродҳои ҷиддӣ"-и Э.Раҳмон нисбат ба Абдуқодирзода ва таъкид барои хайру садақа ба ниёзмандон

"Эродҳои ҷиддӣ"-и Э.Раҳмон нисбат ба Абдуқодирзода ва таъкид барои хайру садақа ба ниёзмандон

"Эродҳои ҷиддӣ"-и Э.Раҳмон нисбат ба Абдуқодирзода ва таъкид барои хайру садақа ба ниёзмандон
Мӯҳр
кулябец
Магар хукумат кудрати ёри доданро надорад, ки садака ва дигар усулхои ёриро аз шахсони алохида нигарони дорад??

Дангарчик
Товба кардм ба хами садакахои мардумам кордоран ееее.

Кандота бзан Чаноби Оли худат агар инора нигах накуни осмони мешаванд

МАН НАФАҲМИДАМ ОЁ МУФТИ ҶУМҲУР Ё МАРКАЗИ ИСЛОМИ ФОНДИ ХАЙРИЯА ДОРАНД КИ ҶАНОБИ ОЛИ АЗ ОНҲО МАДАД МЕХОҲАД?

Хак
Салому дуруд ба кормандони сомонаи Озодагон, вокеан Шумо ва фаьолияти шумо чихати Сари вакт ва шаффоф расонидани ахбору вокеахо дар микеси Чумхури боиси ифтихор аст. Баьдан хаминро кайд бояд намуд, ки шояд сухани хак талх бошад, локин икрор бояд шуд, ки ба ин мансаб як шахси такводор бо хусн ва бо каду комат таьин гардад, то ин ки аз диданаш кас ифтихор кунад, ки ин Чаноби Муфтии Точикистон аст! Мебахшед ин мукарам як руз риш, як руз бе риш як руз токи як руз сала як руз бе сари луч хеч намефахмед ки ин шахс муфти аст

Хак,
бародар вазифаи муфти 24 соат салла мондан нест салларо дар чои худаш токиро дар чои худаш мемонанд ку.

МАН БОВАРИ ДОРАМ КИ АГАР ЯГОН САБАБИ ЧИДДИ НАМЕШУД МУФТИ ХАТМАН БА АЁДАТИ ЗАРАРДИДАГОН БА ВОДИИ РАШТ Ё ПОМИР МЕРАФТ ЧУНКИ МАН ШОХИД БУДАМ КИ ДАР МУСИБАТИ ЗАМИНЛАРЗАИ Ш. ВАХДАТ ВА СЕЛИ Н. РУДАКИ БА ОНХО КУМАК РАСОНИДА БУД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)