Бахшҳо
06 авг 2015 08:26Тоҷикистон / Сиёсат

Ҷавонони мо он сӯйи ДИИШ-ро намебинанд?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

ДИИШ ба унвони як фарзанди номашруъи сиёсатҳои истеъморӣ ва қудратхоҳонаи кишварҳои манфиатхоҳ, пеш аз ҳама давлатҳои Ғарб имрӯз ба мушкили рақами яки ҷаҳон табдил шудааст. Ҳоло кишварҳои пешгоми дунё, ки худро “нофи замин” ҳамеша ҷилва медиҳанд, чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё кор барои мунҳал кардани ДИИШ бисёр давомдор аст ва дар ҳоли ҳозир қудрати онҳо барои тезтар рӯфтани нақши пойи он бо ҷиноёти зиддибаширияш намерасад. Албата ин суханҳо ҳам ҷузъи ҳамон сиёсатҳои истеъморӣ ва манофеи милливу давлатии онҳо дар дарозмуддат аст. Аммо ҳоло баҳси мо сари чизи дигар аст. Ҷойи пинҳон кардан нест, ки ҷавонони тоҷик ҳам майлу рағбати зиёде барои пайвастан ба ин гурўҳҳо доранд, балки хеле зиёд пайвастаанд. Ин барои Тоҷикистон ва ҳар кишвари мусалмонии дигар як ноҳия хатар ва фоҷиа аст. Хусусан паёмадҳои зуҳури ин гурўҳи бо ном давлати исломӣ барои кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бисёр пурзарар тамом мешавад.

Ибтидо бояд гуфта шавад, ки ман ДИИШ-ро ҳосили сиёсатҳои номашруъи давлатҳои манфиатхоҳ медонам ва дар кору пайкору амалкарди ДИИШ-иён на мантиқи ҷиҳод вуҷуд дорад ва на мантиқи мубориза. Касоне, ки дар раддаҳои поёнии ин гурўҳ меҷанганд аз тавофуқоти нафарони сутуҳи болоии ин ҳаракат хабар надоранд ва бештарини онҳо бо боварҳои имониву садоқатмандонаи худ ба таҳдоби гумроҳӣ уфтодаву қурбони чунин сиёсатҳои нопок шудаанд.

Як чиз дақиқ аст, ки ҷавонони тоҷике ба ин гуруҳ пайвастаанд қобилияти таҳлил кардани авзоъ ва шинохтани воқеияти ин ҳаракатро надоранд. Онҳо дунёро то ДИИШ мебинанд. Дониш, таҷриба ва ҷаҳонбине надоранд, ки он сӯйи ДИИШ-ро бишносанд. Ҳоло бештари онҳо бар ин гумонанд, ки ин гурўҳ охири дунёст ва баъд аз ДИИШ дигар зиндагӣ вуҷуд надорад. Ин албатта аз буҳрони амиқи арзишӣ ва барномавӣ қиса мекунад. Ҳоло ба назар мерасад, ки ин гурўҳ на идея, на идеолог ва идеология доранд ва ҳамин тур ҳам мушоҳида мешавад, ки онҳо идея, идеолог ва идеологияро дар ҷомеа пайдо накардаанд.

Дар мавриди ин ки чаро ҷавонони тоҷик ба ДИИШ мепайванданд гуфтумонҳо зиёданд. Аксарият мегӯянд, ки вазъи ноҷӯри иқтисодӣ ва бекории сартосарӣ боис шуда, ки ҷавонон худро ба домани пурхуну халофи ДИИШ-иён бизананд. Аммо бо рафтани Гулмурод Ҳалимов дигар ин омилро мешавад гуфт, ки болои рафтани бемайлони ҷавонон камтар таъсир доштааст.

Ҷавонони тоҷики ба ДИИШ рафта тавассути паёмҳом видеоие, ки аз роҳи интернет мефиристанд бисёр харобу бемантиқ суҳбат мекунанд ва ҳеч гуна пешниҳодоти барномавию тарҳрезишудае надоранд. Тақрибан ҳеч кадоме аз онҳо қадами баъдии ДИИШ-ро ба ҷуз зери фармон рафтану сари ҳамдину ҳаммазҳабро буридан намедонанд. Мисол мезананд, ки аз кишварҳои ғайримусалмонии Аврупову Осиё ҳам инҷо омада меҷанганд. Вале аз ин бехабаранд, ки ба манфиати ҳамин кишварҳо ҳам ҳаст ва онҳо барои рафтани мусалмонони кишварҳояшон мусоидат низ мекунанд. Зеро бо рафтани мусалмонҳо аз кишварашон ин низомҳо ба қавли худ аз “мусалмонҳои тундгаро” ва ҳассосиятбарангез халос мешаванд.

Аммо ҷавонони тоҷик то ҳатто ин қобилятро надоранд бибинад, ки бо рафтан ба ДИИШ ба гумроҳӣ ва бунбаст мерасанд. Охири масири ДИИШ бунбаст аст, яъне ба забони барои аксраяти онҳо мафҳум “тупик” аст. Аммо мо ҳайронем, ки чаро ҷавонони тоҷик бо нишони эътироз аз шароити мавҷуд ва дар дуроҳаи интихоб миёни баду бадтарин дувумиро интихоб кардаанд ва нахостаанд, ки мушкили мавҷудро на аз роҳи эҳсос, балки аз тариқи ақл ҳал кунанд.

Албатта инҷо фақат ҷавонон гунаҳкор нестанд. Аммо то кунун кишваре ба таври расмӣ эълон накарда, ки муаллифи ДИИШ аст, вале ин чиз маълум аст, ки ДИИШ барои наҷоти мусалмонҳо нест, балки тарҳ ва пружаест, ки ба хотири сардаргумии мусалмонон роҳ андохта шудааст. Ҷавонони мо намедонанд, ки баъди ДИИШ чист ва он сӯйи ДИИШ чӣ қарор дорад. Он сӯйи ДИИШ зиндагие вуҷуд дорад, ки онро мешавад бар асоси ақл, дониш, таҷриба ва ирода сохт. Аммо пушти ДИИШ масири ҷангу хуну ихтилоф қарор дорад, ки ду самт дорад: яке сӯйи Эрон ва дигаре Осиёи Марказӣ. Аз ин ноҳия дар чунин таҳдоби амиқ ва сардаргумӣ афтодани ҷавонони тоҷик комилан ба арзишҳои диниву мазҳабиву милливу анъанавии мо мухолиф буда, сарнавишти онҳоро барои ҳамешагӣ талх ва ноком мегардонад.
Мӯҳр
X,оло х,ам дер нашудааст, Х,укумати Ч,мух,урии Точикистон ба Вазорати Маорифи мамлакат супориш дихад, аз мактаби миёна сар карда, то донишкадахои оли аз таърихи дин сар карда , мазхаби Хазрати имоми Аъзамро омухта, дар охири сол имтихон супоранд.Окибати " Грантхо"- е, ки Гарбиён барои маън кардани ислом ба Давлати МО медиханд,, окибаташ хамин аст! ОЗОДАГОН пурра медонам чоп намекуни, вале карзи миллиамро дар пеши Худованди таъоло ичро кардам!

ДИИШ ин аскарони пийодагарди Амрико ва нато мебошад онхо бо ислом ягон рапте надоранд.Чавонони Точикистон фирефтаи онхо нашавед ки онхо мухофизони доллар ва Гейропихову Амрикоихо ва еврейхо мебошанд.

Максади асосии ДИИШ ин аз байн бурдани дини мубини Ислом аст..Мусалмон мусалмонро кушта истодааст )

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)