Бахшҳо
06 июл 2015 13:00Тоҷикистон / Сиёсат

Аз шеваи пайвастшавии Ҳалимов то донишҷӯёни квотадор дар ДИИШ

Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон гуфт, ки Гулмурод Ҳалимов, сардори собиқи дастаи таъиноти вижаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон – ОМОН аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мағзшӯйӣ шуда ва аз ҳамин роҳ ба сафи ҷангҷӯёни ДИИШ пайвастааст.

Худойберди Холиқназар гуфт, ки аксарияти ҷавонони тоҷик ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба сафи ҷангҷӯёни ДИИШ пайвастаанд аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мағзшӯйӣ шудаанд. Ӯ шабакаҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи хатарноктарин василаҳои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи ин гуруҳи бо номи “Давлати исломӣ” донист.

Ба назари оқои Холиқназар аксари ҷавонони Тоҷик тариқи Русия ба сафи ин гуруҳ пайвастаанд: “Бештар аз 80 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳоло дар сафи ин гуруҳ мебошанд тариқи аз Русия тавассути Туркия ба Сурия ва Ироқ ворид шудаанд”.

Худойбердӣ Холиқназар ба ин суол, ки оё хадамоти амниятии Русия ин неруро надоранд, ки сафи пайвастани муҳоҷирин ва шаҳрвандони худро ба сафи ДИИШ бигирад, гуфт, то даме, ки аз Русия кадом як афсари баландрутбааш ба ин гуруҳ напайвандад, ин кишвар бархӯрди ҷиддӣ бо касоне, ки ба сафи ин гуруҳ мепайванданд, намекунад.

Ин дар ҳолест, ки Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон низ дар посух ба суол оиди пайвастани донишҷӯёни тоҷик ба ДИИШ изҳор дошт, ки вазорат то ҳозир аз 5 ҳолат иттилоъ дорад. Вазири маориф гуфт, то ҳол аз пайвастшавии як донишҷӯи хориҷшудаи Донишгоҳи миллӣ, як донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ ва як донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба ДИИШ иттилоъ доранд: “Донишҷӯи ДМТ дар бахши баҳисобгирии бугалтерӣ таҳсил дошт ва барои таҷрибаомӯзӣ ба Қубодиён фиристода шуд... Баъдан иттилоъ ёфтем, ки ӯ ба ДИИШ пайвастааст”.

Вазири маориф афзуд, ки инчунин ду донишҷӯи тоҷик, ки тариқи квотаи ҳукумати Тоҷикистон дар Русия таҳсил мекардаанд, ба ДИИШ пайвастаанд: “Шояд мақомоти дигар аз пайвастшавии донишҷӯёни бештари тоҷик ба сафи ДИИШ иттилоъ доранд”.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон теъдоди донишҷӯёни тоҷикро, ки ба ДИИШ пайвастаанд, 18 нафар арзёбӣ намуд: “Айни ҳол 7 ҳолати ба Сурия рафтани донишҷўёни тоҷики дар хориҷи кишвар таълимгиранда муайян шудааст. Инчунин далелҳои иштироки 11 нафар донишҷўёни макотиби олии мамлакат дар сафҳои ба ном Давлати исломӣ ба қайд гирифта шудаанд”.
Мӯҳр
Рачабали
Сабаби би сурия рафтани чавонон ин бепули, бекори,бесохиби ва гуруснаги мебошад. чунончи дар урфият мегуянд : "Гурусна бо шер мезанад"

мухочир
Хамин Русияравиро мань кардан даркор, агар ин Абухалим магзшуи шуда бошад аз дигарон чи Гила?

Тоҷик
Ин ҷавонон мағзшуӣ шуданд мегуяд, яъне бо онҳо кор карданд ва онҳоро ба ин роҳ водор карданд.
Вале мо чӣ кор карда истодаем?
Биёед аз худ душмантароширо бас кунем. Миёни ҳам тарҳи дустӣ андозем то тавонем ин ҷавононро ва касе ба онҳо алоқаманд аст аз ин хатар ва аз ин вабо нигаҳ дорем.
Агар ҳама бо ҳам дасти ба даст карда сари ин масъала хезем, Худо хоҳад метавонем аксари онҳоро аз ин роҳ гардонем.
Вале чун бо онҳо хуб кор карда намешавад, касоне ки ба ин масъулият сафарбар мешаванд малакаи қонеъ кардани ҷавононро надоранд баръакс ҷаҳли онҳоро бо ҷаҳли худ зиёд мекунанд.

Эркамох
Бачахо !! вазъият охиста-охиста муташанич шуда истодааст.ин кори шухи нест.

кулябец
Ноумеди, гуруснаги, дар гариби тахкир шудан , бе пули, зиндагие ки фардояш номаълум сабабхои ба Сурия рафтани чавонон мебошад. Барои чи дар Точикистон такдири шахсони бе чои кор ба худашону Худованд хавола кардаги? Барои чи 95% занони дехот умуман бекоранд? Мардони аз 18 то 45 сола 75% мухочиру дарбадаранд ва дар хорича умуман кадру киммате надоранд ва хамчун коргари сиёх истифода мешаванд . Барои чи намоишномае ё сугворие дар бораи мухочирони корие ки аз Русия мекушанд нест? Факат чобачогузории кадрхо ва даст ба пеши бар карда вазифа гирифтан. Ягон чорабинии фаври оиди мухочирон ва такдири онхо нест. Гуё точик барои мардикори ва тахкир зода шуда бошад.

ислом.70mail.ru
Бародар Мухочир! барои ба Россия рафтанро маън кардан, аввал чои кори бояд тамин кард. Бехуда Лоик нагуфта буд: Миллати Точик парешон аст доим дар чахон, Ин парешони барои гушначашмон ид шуд.

Рустам
Бо Худойберди Холикназар гуфтани хастам, ки барои чи як бор дар бораи паст будани сатхи зиндагии мардум сухан намегуяд? Як бор тадкикот мебурдед, ки шароити зиндагии мардуми кухистону водихо дар кадом сатх аст. Дар кабинет шишта, такид кардани ХНИТу Халимов осон. Инро аз занакхои лаби об пурсед хам медонанд.

Сатхи зиндагии мардум руз ба руз паст шуда истодааст бар замми ин чандин хазорхоро аз кор сокращени мекунанд ки пулхоро эконом бикунанду боз маошро аз хисоби сокращении онхо ба дигархо зам гардонанд. ин рохи бехбудии сатхи зиндагони нест бояд олимону донишмандони асилу хакики программаи бехбуди иктисоди кишвар ва мардумро пайдо бикунанд. хар як шахрванд хак дорад зисту зиндагиашро бех кунад ва ба ин сарконуни мо кафолат додааст.

кулябец,
саломат бош, бародар. и дар боло шиштахо, аник ба фикрум намедонанд то хол дар олам чи гап аст. факат душмантарошиву хайкалсози. Мардикороне ки сум рои мекардан, сумаш хубу худуш бад. Хама равиши дуне, аввалу охир дорад. и банкиро я умр фикр кардан ки аз пули мухочир тов дода мегардан

кулябец
шахрванд,
Албатта ман хакикати холро менависам! Ташаккур барои дастгири .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)