Бахшҳо

ВКД кормандонашро бо тарзи намозгузории ҳанафиҳо шинос кард

Ба хотири ошноии ҳайати шахсии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва раҳбарияти ҷузъу томҳои ин ниҳод дар шаҳру навоҳии кишвар бо ақдидаи Имоми Аъзам ва тарзи намозгузории пайравони мазҳаби Ҳанафия семинари илмие дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии кишвар, ин семинар таҳти унвони “Афзалият ва ҷойгоҳи таълимоти мазҳаби Имом Абӯҳанифа барои таъмини амният ва осоиш дар ҷомеа” рӯзи 6 август дар толори маҷлисгоҳи ин ниҳод баргузор шудааст. Дар семинар полковники милиса Саидзода Зикрулло Алӣ, сардори факултаи 5-уми Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон суханронӣ карда, ба иштирокдорон дар бораи ходиму олимони диние, ки ҳамчун давомдиҳандаи Имоми Аъзам шинохта шудаанд, маърӯза кардааст. Инчунин полковники милиса дар бораи ақидаҳои Имоми Аъзам дар дини Ислом, ҷиҳод аз нигоҳи Имоми Аъзам ва тарзи намозгузории пайравони мазҳаби Ҳанафия суҳбат кардааст.

Дафтари матбуоти вазорат меафзояд, дар семинари мазкур Рустам Азизӣ, муовини директори Маркази исломшиносии Тоҷикистон низ суханронӣ карда, ба ҳайати шахсии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва раҳбарияти ҷузъу томҳои ин ниҳод дар шаҳру навоҳии кишвар аз панду насиҳатҳои Имоми Аъзам дар бораи итоат аз роҳбари давлат ва ватандорӣ аз нигоҳи мазҳаби Ҳанафия гуфтааст.

Ошноии ҳайати шахсии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва раҳбарияти ҷузъу томҳои он дар шаҳру навоҳии кишвар бо ақидаи Имоми Аъзам ва тарзи намозгузории пайравони мазҳаби Ҳанафия дар ҳолест, ки масъулини ин ниҳоди интизомии Тоҷикистон аз ташкили гуруҳҳо бо шумули кормандони ин ниҳод барои шиносоии пайравони мазҳаби ғайриҳанафия дар масоҷиди кишвар хабар дода буданд. Бароталӣ Ҳомидзода, сардори Воҳиди махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки амнияти ҳаракати раисиҷумҳур ва меҳмонони олиқадрро дар роҳҳои кишвар таъмин мекунад, рӯзи 3 июл дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “нафароне, ки дар вақти намозгузорӣ тартибро риоя накарда, аз байни намоз хеста мераванд, ҳамчун узви равияҳои ғайр дониста шуда, нисбати онҳо чораандешӣ мешавад”.

Ба гуфтаи Ҳомидзода, дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намозгузорон барои шиносоии пайравони равияву ҳаракатҳои ғайриҳанафӣ гуруҳҳои корӣ ташкил шудааст: “Дар ҷумҳурии мо бояд як мазҳаб - мазҳаби Имоми Аъзам амал намояду фаъолияти дигар мазоҳибу равияҳо бар асоси қонун манъ мебошанд. Ба хотири ошкор кардани чунин равияҳо аз ҳисоби намозгузорон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуруҳҳои корӣ ташкил шуда, аъзои ғайримазҳаби Ҳанафияро ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидан пешниҳод мекунанд”.
Мӯҳр
али
Магар милисахо то хол дар мазхаби ханафи набуданд ки онхоро шинос менамоед?ана ба чи расидед шахсоне аз мазхаби ханафи дифоъ мекунанд ки худ бо ин мазхаб шинос нестанд.каси бенамоз дар кучаву хиёбон мегардад мучрим нест аммо шахси намозхони гайриханафи гунахкор инашхам тибки мазхаби Абуханифа аст?

ОРГАНХОИ ХИФЗИ ХУКУК КИ ХУД БЕХАБАРАНД АЗ РАВИЯИ МАЗХАБИ ХАНАФИ ПАС ЧИ ГУНА МАРДУМРО АЗ ДИГАР РАВИЯХО БОЗ МЕДОРАНД
Хамаи органхои чумхури аз он чумла (пракратура)(суд)(амният)(вкд) бояд хатман таълими равия, акида, тарзи намоз хони умуман тамоми осори мазхаби Имоми Аъзамро омузанд,Хар органи нохия барои омузонидани акидаи мазкур аз донишманди олии Ханафии хамон нохия истифода барад,
Имруз фурсат хаст бояд истифода бурд фардо дер мешавад.Бо дар мазхаби ханафи будан гуфтан ягончизро намефахмем амал бояд кард. омухт тамоми мардуми чумхуриро омузонд.То аз хама гуна хатар эмин монд
Фардо дер ки шуд чои 96% ханафиро дигараш(салафи) мегирад.
Дар амони Аллох

О ин чанобон Точикистонро давлати исломй эълон кардаанд-ку. Яъне мазхаби расмии динии кишвар-ханафй. Сад дар сад чонибдорем, лекин конститутсия чи мешавад?

Офарин, фарзандони содики Ватан!Акнун асархои Хазрати Имоми Аъзам / рахмати Худо ба у бод!/ хонда, худатон х,ам аз руи он амал намоед!Хукму амрхои Худованд: намоз, руза, хач,- ро ба ч,о биёред.Шахсоне,ки мехоханд намоз казо нашавад, гуфта, дар назди бинохо ё аз роххо канора намоз мехонанд, ч,азои маъмури --Ч,АРИМА накунед! Барои рутба/ звание/ " результать" шавад, Гуфта, мардуми мусалмони камбагалро " подставить" накунед! Суханхои Худованд аст: Рахм кунед то рахм карда шавед!Ба ШУМО барори кору зиндагии тинчу ором таманно дорам!

кулябец
Исмоилихо чи кор кунанд??

БредХонак
Ин чӣ сафсата?!
Сарқонуни Тоҷикистон сохтори давлатиро дунявӣ эълон кардааст ва озодии дину виҷдонро кафолат медиҳад.
Барои чӣ ҳукумат ресурсҳои бе ин ҳам маҳдудро ба корҳои зидиконститутсионӣ равона мекунад?!
Мардумро итоатпазирӣ панд надиҳед, хулатон қонуни тартиботи навиштаатонро риоя кунед, олам гулистон мешавад. Аз як тараф давлати дунявӣ гуфта, болои ҳизби рақиб фишор меоред, аз тарафи дигар - итоат аз раҳбари давлат (!) гуфта, мардумро ғуломмиҷоз кардан мехоҳед. Ин дурӯягӣ оқибати хуше нсхоҳад дошт. Дар асри 21 зиндагӣ доред, на дар 11! Сарвари давлат, ҳукумат, парламент ва додгоҳҳо бояд дар итоати халқ бошанд!

Мавлон
Бисёр хуб аст ки ба милиса тарзи гузоридани намозро меомузанд. Умед аст, ки акнун онхо ба тоату ибодати холисона машгул шуда, адлу инсофро амали карда, хакки худро халол касб мекунанд. Оно бояд донанд, ки онхо дар хизмати халк хастанд, на ин ки халк дар хизмати онхо, чаро ки маоши онхо аз будчети чумхури аст ва мо ва шумо ва дигар андозсупорандагон ин бучаро пур мекунем бо супоридани андоз ва дигар пардохтхо.
Умуман ба фикри ман дахолат кардан дар рафторхои динии хар як инсон ин накзи хукуки инсон аст. Бехтар аст ки милиса дар бапро кардани тартибот бештар муваффак шавад баад дар масчидхо. чаро ки дар масчидхо тартибот дар сатхи хуб аст. Дар куча ва дигар чойхои чамъияти тартиботро назорат кунан, бубинед ки нафарон рох рафта сигарет мекашанд ягон милисае нест ки онхоро аз ин кор боз дорад. Вохиди махсус вакте мошинхои сиехшишае ки аз серсумхо ва шахсони мансабдор хастанд онхоро намебинанд. аммо як опеле ки маалум як ки ягон гунох надорад бе маврид манъ намуда такаббур мекунанд. Бехтар аст ки вохиди махсус дарачаи саводнокии кормандонашро бардорад. то кай онхо бо мо бо "ту" мурочиат мекунанд?
Дуо мекунем ки Точикистон обод ва зулму ситам нест бошад.

бояд хукумати Точикисон ин фаъолияташро ким кай огоз мекард )))

Хой, театри оина! Ин чо Точикистон, давлати дуняви....

Абдуллоҳ
Ас-саломау алайкум ва раҳматуллоҳ бародарони гиромӣ!!!
Баъзе аз уламо дар ҳоли ҳозир пайрави кардан аз мазҳабро воҷиб медонанд зеро уммати ислом пароканда нашавад ва ба гурӯҳҳо ҷудо ва байни ҳам зиддият пайдо накунанд. Мо мусулмонони ҷаҳони аҳли суннат алҳамдулиллоҳ 4-мазҳабро (Ҳанафӣ, Шофеи, Моликӣ ва Ҳанбалиро) қабул дорем ва вобаста ба ҳар минтақаи дунё теъдоди зиёди мусулмон аз ин 4-мазҳаб яктоашро қабул намуданд ва мо мардуми Тоҷикистон пайрави имом Абуҳанифа (раҳ.) мебошем. Салафиҳо, ки пайрави ягон мазҳаб нестанд, баъзеяшон шарм надошта ба ин имомони бузург бахусух ба Имом Абуҳанифа (раҳ.) суханони носазо мегуянд. Барои ҳамин эй мардуми азизи Тоҷикистон пайравӣ аз мазҳаб Шуморо гумроҳ намекунад бе мазҳабӣ метавонад Шуморо гумроҳ кунад.
Ба кормандони ВКД гуфтани ҳастам, ки дар ин масъала аз Худо битарсед! Таҳлил кунед! Фақат касоне, ки воқеан ихтилофгаранд онҳоро ба ҷавобгарӣ кашед, мабодо аз ин усул истифода бурда нисбати ягон бечораву мазлум бераҳмӣ намоед, зеро Расули Худо (С) мефармояд; Худованд раҳм намекунад ба касе ки ӯ ба мардум раҳм накардааст.
Ва дар охир дуо кунем, ки Худовандо уммати ИСЛОМРО иттифоқ гардонад.

ассалому алейкум ва Рахматуллохи ва баракатуху!

Нисбати семинархои Исломшиноси хохиш дорам ва нафакат ман мумкин хама бо ман рози шаванд. Нисбати кормандони хифзи хукук , ки дар бораи тамаъчуи, ришваситони, чазои шариати, азоб дар охират ва чазои конуни Чумхурии азизамон Точикистон фахмонда шавад. Ба кормандони хифзи Хукук хизмати софдилонаро ба Ватан ва Имони комил, инсофи мусалмони ва мувафакият ба амалхои нек ба мардуми Точикистониён аз даргори Худованд Таборак ва Таъоло хохонем.
Илтимос тибки конун ва шариат амал кунед, хамин вазифаи ишголкардаатонам барои Шумо амонатаст ва нафакат ба Шумо ба хама ин дахл дорад хиёнат кардан шарт нест, тавба ва намоз шарт мебошад дар дину мазхаби Мо. пешаки рахмат барои касони хонданд.......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)