Далер барои пешниҳоди 2000 рубл ба пулис 100 000 рубл ҷарима шуд
Далер Урунбоев, муҳоҷири тоҷик, барои пешниҳоди ришва дар ҳаҷми 2000 рубл ба маъмури пулиси вилояти Брянски Русия аз сӯи додгоҳ дар ҳаҷми 100 ҳазор рубл ҷаримабандӣ шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти додситонии ин вилоят, муҳоҷири 24 солаи тоҷик, санаи 16 майи соли ҷорӣ дар наздикии гузаргоҳи байналмилалии гумрукии “Пагор” барои вайрон кардани қонуни будубош дар ин кишвар ва интиқол надоданаш ба шуъбаи пулис, дар ҳаҷми 2000 рубл ришва пешниҳод кардааст.
Манбаъ мегӯяд, маъмури пулис аз гирифтани пора даст даст кашидааст ва муҳоҷири тоҷик дар асоси ҳалномаи додгоҳи вилояти Брянск, тибқи моддаи 291 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия ба миқдори 100 ҳазор рубл ҷарима баста шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |