Бахшҳо
07 авг 2015 11:33Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

“Рейд”-и якрӯза: Аз мошинҳои сиёҳшиша то суҳбат бо ришдорҳо

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рейди якрӯза дар Душанбе иттилоъ дод, ки бо супориши вазир-Рамазон Раҳимзода аз соати 8:00 то 00:00-и 6-уми август гузаронда шудааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод зимни амалиёт дар маҷмуъ 266 ҳолати нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ-аз ҷумла 13 мошин бо шишаҳои сиёҳи ғайриқонунӣ, 52 ронандаи беҳуҷҷат, 66 воситаи нақлиёт бе санҷиши техникӣ, 12 ҳолати истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми идораи воситаи нақлиёт, 6 ҳолати итоат накардан ба милиса ва дигар қонунвайронкуниҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол манобеи "Озодагон" мегӯянд, амалиёти ВКД на танҳо дар роҳҳои Душанбе, балки дар бархе бозору ҷойҳои ҷамъиятӣ низ сурат гирифтааст, ки зимни он милисаҳо асосан бо мардони ришдор суҳбат оростаанд, ки аксаран бо риштарошии мусоҳибҳо анҷом ёфтааст.

Ҳолатҳои қонунвайронкунии ошкоргардида зимни “рейд”-и якрӯза дар роҳҳои Душанбе:

Идора намудани воситаи нақлиёт бо оинаҳои сиёҳшиша -13
Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ-52
Истифодаи воситаи нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ-5
Истифодаи воситаи нақлиёт бе рақами қайди бегона -4
Итоат накардан ба талаботи корманди милитсия -6
Ба амал овардани вазъияти хавфнок-1
Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо-1
Истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт-12
Вайрон намудани қоидаҳои манёвркунӣ-5
Носозии техникӣ -2
Идора намудани воситаи нақлиёте, ки аз санҷиши техникӣ нагузаштааст-66
Суғуртаи ҳатмии давлатӣ-2
Бе иҷозати дахлдор идора кардани воситаи нақлиёт бо гази моеъ-5
Таваққуф намудан дар маҳали истиқоматӣ-3
Интиқоли одамон-8
Намуди зоҳирӣ-6
Навиштаҷоти ғайрирасмӣ реклама-3
Вайронкунии дигар Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ-65
Мӯҳр
Аъзои чамъият
Хамин хел корхоро хар руз кунед намешавад, мухтарам Вазир? Ё дар ин руйхат хам хешони макомдорон нест?

ш Душанбе
мухтарам-Рамазон Раҳимзода хоиш карда мешавад аз номи аксарият шахрвандон воситаи нақлиёт бо оинаҳои сиёҳшишаро - маблагашро кам кунед...чунки чавонон азоби рухи дида истодаанд хоиш дорем...дар хамин бурхони молияви... мора дастгири кунед..чунки ин барои як мошини сияшиша 3500- сомони ин бехат вазбин аст

ришдор
Боз риштароши сар шуд? Эй хукуматдорон чи максад доре?

Чаноби Вазир аввал як бор мошинхои шахсии кормандони худи МВД-ро аз назар гузаронад, на хучат дораднду на коидахои харакати рохро риоя мекунанд камерахоро рафта шури мурки карда нол мекунанд

Агар чунин рейдхо бисёртар ташкил карда мешуданд, хуб мешуд, зеро садамахо торафт зиёд шуда истодаанд...!!

Freedom
Хандаи кас меояд. Сухбат бо риштарошон... чарима барои намуди зохири... дигар рохи пулчамъкуни намонд.

Салом, Агар БДА порахури накунаду бо вафо хизмат ба ватан кунад
бе рейд хам, аз ин нишондод хам зиедтар конун шиканиро дар як руз мекапан. Лекин як бор худи БДА - рорейд кадан даркор. Наклиети шахсии онхо, на санчиши техники дорад, на андози давлатро месупоран, на ягон хучати дигар доранд. Дигароя бошад чазо метиян барои хучат надоштанашон. Конун барои хама Як аст? Афсус ки ин тавр не((((

Сухбати як мухочир Пули свет пули орд пули об Ба чам отата барои ришаш чарима кардиян маилаш
модарджон пули инашам як бало карда рои мекунем Модарджон дар ягон чи оксиген захира кунедки хамишам ба пул мешавад

ubayd
Vohimay bad naknen
Yk ruza reyd ro foidai rishva sitoniatonro navised hubtar meshavad

Хеч кас, ягон одам дар ягон давлати дунё чарима барои сиёшиша 5000 сом намесупорад! Ин хел конун хам вучуд надорад бе гайр аз Точикистон. И раисхои мо фикри мекунан чи?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)