Бахшҳо

Ях шикаст?

Сайф САФАР

Сафари раисиҷумҳур ба Бадахшон мисли ҳамеша мавриди истиқболи гарми мардум, бо қироати шеър ва дафу доира анҷом шуд. Аммо, сафари ин борро фаъолони ҷомеаи маданӣ ба баҳсу баррасии тундтар кашиданд. Хосатан, дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дучори бархӯрди дигаргуна шуд, чаро ки ин сафар дар ҳоле сурат гирифт, ки харобкориҳои селобҳо мардумро бехонаву сарсон карду чандеро низ дар сӯг нишонд. Ба ин хотир бархе аз мардум иддао мекарданд, ба далели руҳияи нороҳати мардум аз ин гуна пешвозгирӣ худдорӣ мешуд.

Дар миёни ин бигӯмагӯҳо ва нуқтаназарҳои мувофиқу мухолиф суханронии Мунир Ҳабиб, раиси Анҷумани моҳипарварони Бадахшон як чизи ба назари ман муҳимро рӯшан кард. Ӯ бо риояти адаб ва пазироии соддаву бидуни таоруф ба раисиҷумҳур мадҳу санои ӯро канор гузошт ва филфавр ба пешниҳод кардани мушкилоти мавҷуд пардохт. Он ҳам на мушкилиҳои хусусӣ, балки мушкилоте, ки тамомии мардуми вилоят онро доранд. Кафкӯбии мардум гувоҳи ин гуфтаҳост. Чун суханронии ӯ бе ҳеч қайду шарт (яъне, берун аз протокол) буду мушкилиҳо воқеан ҷо доштанд, як саҳнаи табиӣ ба миён омад. Ҳозирин пас аз ин баромад каф мезанданду табассум мекарданд. Нуктаи муҳимтар аз ҳама ин буд, ки мушкилиҳои ироакардаи ҷаноби Мунир аз ҷониби раисиҷумҳур бисёр хуш пазируфта шудаанд. Дар мавриди набуди яхдони сайёр барои тавзеи моҳӣ раиси ҷумҳур таъкид кард, “дуруст мегӯяд” ва дар охир ҳам гуфт “пешниҳодҳои хуб”, ки хеле мавридҳои калидӣ ҳастанд.

Манзур аз ин гуфтаҳо як чиз аст ва он ин ки дидори раисиҷумҳурро бояд бо мардумаш(!) аз муҳандисӣ кардан бираҳонид, то дар чанд сол барои як бор мушкили мардум ба манзили мақсудаш бирасад. Шеъру рақсу дафу чангро бояд батамом ва барои ҳамеша аз миён бардошт. Чун мушоҳида мешавад, ин саҳнаи тарроҳишудаи масъулини ҳукуматҳои маҳҳалӣ дар ин авохир барои шахси раисиҷумҳур ҳам нописанд аст.

Баргардем бар сари мушкил, камбуд ва норасоӣ ва гуфтан аз ону нарасонидани он ба масъули рақами аввали ҳар ниҳод, ки мунҷар ба ҳалношуда боқӣ мондани онҳо мешавад. Ҳар боре ки барои мушкиле ба ниҳодҳои давлатӣ сар мезанӣ, масалан барои як имзо, мушоҳида мешавад, ки кормандони сатҳи поён талош мекунанд бо кормандони аршад рӯбарӯ нашаванд. Ба иборати дигар, намехоҳад мушкили мавҷудро ба нафаре, ки бояд онро ҳал кунад, расонанд. Мутаассифона, ин раванд то як андоза ниҳодина ва систематик шудааст. Дар як мисол, кормандон сатҳи поён талош мекунанд дар чашми сардори раёсат зиёд нанамоянд, сардор аз мушкилбарӣ пеши вазир худдорӣ мекунад ва ҳамин тавр вазир ба раисиҷумҳур. Дар ниҳоят мушкил боқӣ мемонад. Ба андешаи ман дар ин раванди гурехтан аз мушкил нафарони калидӣ вазирон ҳастанд, чаро ки дар байни ду ҷониб қарор доранд; кормандони ниҳоди таҳти раҳбарии худ ва раиси ҷумҳур. Инҳо бояд дар вазоратҳо фарҳанги гурехтан аз раҳбариятро барҳам бизананд ва мушкили мардумро аз тариқи кормандони худ мӯй ба мӯй ёддошт кунанду ҳангоми дидор бо раиси ҷумҳур матраҳ намоянд. Бидуни ҳеч тарсу ҳарос.

Дар нишасти ахири Вазорати умури хориҷаи кишвар ҷаноби Сироҷиддин Аслов ба гилояи хабарнигорон, ки чаро муроҷиати ишон барои мусоҳиба бо вазир амалӣ нашудааст, ҷавоб дод, “метавонед сардори раёсати иттилооти моро зери танқид бигиред, чун онҳо бояд ин корро ташкил кунанд”. Инҷо пурсише посух мехоҳад, ки чаро вазир иҷоза дод, ки сардори раёсат зери танқид гирифта шавад? Шояд, ӯ ҳам муроҷиати хабарнигорон, яъне мушкили онҳоро нарасонидааст!? Қобили таъкиди дубора медонам, ки матраҳ кардани мушкил пеши вазиру кабир бояд ба як чизи маъмул табдил шавад. Ҳатто пеши раисиҷумҳур ҳам. Таҷрибаи Мунир Ҳабиб нишон дод, ки раисиҷумҳур омодаи шунидани камбуду норасоӣ аст.

Маргарет Тэтчер, нахуствазири собиқи Бритониё гуфтааст: “Бароям муҳим нест, ки вазирони ман чӣ қадар ҳарф мезанад, балки муҳим он аст, ки он чи ман мегӯям анҷом диҳанд”. Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бояд бо тағйири андак ин гуфтоварди хонум Тэтчерро ба гӯшу ҳӯши вазиронаш ба ин шакл бирасонад: “Бароям муҳим нест, ки вазирони ман чӣ қадар дар мадҳу санои ман талош кунанд, балки мушкилоти мардумро ба ман бирасонанд”.
Мӯҳр
айниги росгуй
пешвози президент дар баробари пешвози Абдурахмон Кодири ба нохияи Гончи ва кушодани рохи агбаи Оббурдон хеч шудааст.Барои пешвози раиси вилоят рохро бастанд .Дар нохияи Гончи пешвози Шохона бо раксу суруд ва мадхи бисер.Дар таги агбаи Оббурдон зиефати Шохона ва нишасти Кодири дар чои махсус барояш омоданамуда ва тановул хурокхои Шохона дар муддати ду соат.

Як аз пеши раис гузарем, гуед! Раис соя, додрас, шариатпанох, ориёнмехр ва хоказо. "Агар мардуми Хисор 24 соат бо як пояшон рост истанд, хизмати Раисро ба чо оварда наметавонанд". Пас, хар халк сазовори он раисест, ки "мепарстадаш" ва барояш "хамду сано" мехонад, то рузи аз мансаб сабукдуш шуданаш. Сони, санпарони ва кулухандозихо сар мешавад. Аз хама ачиб, он нафароне ки хамду сано мекарданд, дар сафи пеш карор хоханд гирифт. Ях шикаст, чанобон, ба пеш ба суи тамаллуккорихо ва дуруягихои нав ба нав!

Азизулло
причём тут кодири абдурахмон? омадани хама рохбар бояд чун вакте ки котибони якуми ЦК буд бошад бедараку бехабар барои омадани рохбароин хозира 2 то 4 мох омодаги мебинанд харочоташ бешумор хама аз кор мондаги...бехтар аст бехабар оянд камбудихоро бартараф намоянд.Авзалов нохияхои вилоятро бехабар мегашту дар рафтанаш раисон дарак меёфтанд бе гайи ва млиса

нр
айниги росгуй,

Агар раиси Гончи хамин гуна тантанавор Кодириро пешвоз нагирад, фардо аз кор парида меравад. Дар Точикистон системаи рохбарриро хамин тавр танзим кардаанд, ки рохбари поени нисбат ба рохбари боли муттахам аст. Худи хамин ба раиси Бадахшон хам дахл дорад. Пешвоз суст бошад, фардо ЧО уро аз кор пеш хохад кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)