Бахшҳо
12 авг 2015 12:39Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Аутотрансплантатсия

Маркази матбуоти Бемористони Ибни Сино

Инсон ҳамеша таваҷҷӯҳи хосе ба симои зоҳириаш дошт ва гоҳе як беморӣ метавонист сабаби тағйири симояш гардад. Яке аз чунин бемориҳо "калшавӣ" ё "алопетсия" ба шумор меравад. Мӯи сар нақши амиқе дар шаклгирии симои зоҳирии инсон мебозад. Тибқи иттилои мутахассисин калшавӣ сабабҳои зиёде дорад. Шакли аз ҳама бештар маъруфи ин беморӣ, "калшавии андрогенӣ" ба шумор меравад, ки сабаби пайдоишашро ба ҳормонҳо нисбат медиҳанд. Ин беморӣ ҳам дар мардҳо ва ҳам дар занҳо дида мешавад. Аз рӯи маълумоти мутахасиссин сеяки тамоми мардони аз 20 то 60 солаи саёраи Замин ба ин шакли бемории калшавӣ мубтало мебошанд.

Сабабҳои рехтани мӯй хеле зиёданд. Қадами аввалин дар табобати мӯй ташхиси дурусти шакли беморӣ ба шумор меравад. Барои ин кор ҷарроҳи зебоӣ мӯйро аз ташхси компютерӣ мегузаронад. Мутаассифона шаклҳои консервативии мубориза бо ин беморӣ чандон натиҷа намедиҳанд ва инсоният ҳоло дорӯеро ихтироъ накардааст, ки мӯйҳои рехта барқарор шаванд. Аммо дар ин ҷо ба ёрии инсон ҷарроҳии зебоӣ меояд, ки бахши пайвандкунии озоди бофтаҳо, имрӯз ба қисмате аз фаъолиятҳои он табдил ёфтааст. Дар шароити имрӯза аз ҳама чораи муосири мубориза бо ин бемориро мутахассисон дар ҷарроҳии зебоии кошти мӯйҳо мебинанд.

Бахши ҷарроҳии зебоии тибби муосир имрӯз усулҳои гуногуни кошти мӯйҳоро истифода мекунад. Бештари онҳо бо истифода аз дастовардҳои навтарини илми тибб ва таҷҳизоти замонавӣ дар муддати кӯтоҳ анҷом меёбанд. Амали ҷарроҳӣ таёрии пешакӣ наметалабад ва тақрибан аз 4 то 6 соат тӯл мекашад. Яке аз шартҳои муваффақияти амали ҷарроҳӣ, таҷриба ва маҳорати ҷарроҳи зебоӣ ба шумор меравад. Бинобар ин муроҷиат ба мутахассис аҳамияти вежа дорад.

Бахши ҷарроҳии зебоии Бемористони Ибни Сино тамоми ҷарроҳиҳои зебоии кошти мӯйҳоро бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ ва усулҳои навтирини илми тибб дар муддати кӯтоҳ анҷом медиҳад. Бахши ҷарроҳии зебоии бемористон бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гадидааст ва дар он мутахассисони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ фаъолият мекунанд. Дар бахши ҷарроҳии зебоии бемористон кошти мӯйи сар "аутотрансплантатсия" (дар сурати рехтани мӯйҳо) ва кошти абрӯвон (барқарор кардани абрӯвон бо роҳи кошти мӯй) амали мегарданд. Бемористон бо ташкилоти суғуртавии "Суғурати миллӣ" шартномаи ҳамкорӣ дорад ва шумо метавонед бевосита дар бемористон аз хизматрасонии он истифода баред. Бо ба даст овардани полиси суғуртавӣ Шумо ба маротиб хароҷоти худро кам мекунед.



Мӯҳр
бемуй
инрересно, маблагаш чанд бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)