Бахшҳо
12 авг 2015 16:06Тоҷикистон / Сиёсат

Зафар Мирзоён: Ба литсейҳои туркӣ ва арабӣ эхтиёҷ надорем

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран бо имзои як қарори ҳукумат дастур дод, литсей-интернатҳои муштараки тоҷикию туркӣ ба муассисаҳои давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” табдил дода шаванд. Дар робита “Озодагон” аз чанд соҳибназари тоҷик пурсид: ЛИТСЕЙҲОИ ТОҶИКИШУДАИ ТУРКӢ МЕТАВОНАНД МАВҚЕАШОНРО ҲИФЗ НАМОЯНД?

Исфандиёри НАЗАР, шоир ва рӯзноманигор

Фикр намекунам, ки номи “тоҷикӣ” бахшидан ба он литсейҳо амалан асли кори онҳоро тағйир бидиҳад. Моҳияти масъала инҷост, ки оё дасти “туркӣ” аз ин литсейҳо кӯтоҳ карда шудааст ё ҳанӯз ҳам ким кадом “эфендӣ” онҳоро назорат мекунад? Дар ин литсейҳо муаллимони хуби тоҷик мударрисӣ мекарданд ва акнун ҳам бояд ҳамонҳо бошанд. Маблағи калоне барои таҳсил гирифта мешуд. Маблағсупор падару модарон буданд. Ҳоло агар ҳамон маблағсупорӣ роиҷ бошад, агар маорифи Тоҷикистон чашми худро ба он маблағҳо надӯзад ва тариқаи тадрис ҳамчунон ки дар собиқ буда, идома пайдо кунад, дар кайфияти дарсҳо халале падид намеояд. Аммо, агар ба қавли Мавлоно “сустию тоҷикӣ”-ш кунанд, пас... мешавад мисли макотиби дигари ҷумҳурӣ, ки аз ёд додани ҳуруф то харидани китобу таълим додан бар дӯши волидайн ва пул чидану иддаъои муаллимӣ кардан бар дӯши муаллимон аст. Ҳамчунин мешавад чун дигар макотиб, ки аз кӯчаву паскӯчаҳои қишлоқу навоҳияшон муаллиму номуаллимро оварда сарвари мактаб ва камтаринашро муаллими синфҳои ибтидоӣ мондаанду мемонанд. Маҷмуан бастани ин литсейҳо амре зарурӣ ва лозимӣ буд! Маорифро бояд Ҳукумати ҷумҳурӣ мустақиман назорат кунад ва аз ҳар самти дигар дида бештар онро маблағгузорӣ ва махсусан фунуни дақиқро ҷиддан ба роҳ бимонад.

Саъди МАҲДӢ, устоди ДМТ

Бисёр хуб аст, ки имсол Президент бо як имзо литсейҳои туркиро бо номи литсейҳои хонандагони болаёқат тағйири ном кард. Фикр мекунам ин кор ормонҳои бистучандсолаи зиёиёни кишвар мисли Лоиқу Гулрухсору Валӣ Самадро бароварда кард. Журналистон ҳам дар ин солҳо хело навиштанд, ҳатто баъзеҳо хело доду вой ҳам карданд. Аммо аз чӣ бошад, ки ин зиёиён хомӯшанд. Гӯиё ки инро намехостанд. Ё ишон бояд фақат камбуди кобанду хубиву кори некро нодида бигиранд?! Ин эроди дӯстонаи ман аст ба аҳли зиё, ки ин воқеаро бояд як ғалабаи ҷиддӣ бар зидди пантуркизм ва як дастоварди бузург дар ду даҳсола қайд кунанд. Дар хусуси муваффақ шудани ин литсейҳо гуфтаниям, ки ояндаро вақт нишон медиҳад. Ин литсейҳо чизеро аз даст надодаанд, ҳамон бинову ҳамон муаллимон. Фикр мекунам бояд дигар забони туркӣ нахонанд. Баръакс ба ҷои забони туркӣ дигар забон омухта кадрҳои беҳтару хубтар омода созанд.

Зафар МИРЗОЁН, донишманд

Мо ба омузиши забон ва тарзи зиндагии туркӣ ниёзе надоштем. Аммо аз носозгории рӯзгори пас аз ҷанги беномусӣ, ночор хидмати онҳоро пазируфтем. Ҳоло дигар ба худ омадаем ва на ба литсеи туркӣ, на арабӣ эхтиёҷ надорем. Аммо бояд забонҳои русиву инглисиро ҳатман омӯхт. Дар мавриди онки ин литсейҳо то чи андоза метавонад мавқеашро ҳифз намояд, пешакӣ чизе гуфта наметавонам, аммо: 1. шароити дар он ҷойҳо фароҳамоварда метавонад омузиши беҳтареро созгор бошад; 2. Омӯзгорони тоҷик, ки дар он дабиристонҳо фаъолият доштанд, каме дониши хубтар доштанд; 3. Усули дарсдиҳҳии дабирони туркӣ пешрафта буд. Намедонам дар оянда чӣ гуна хоҳад шуд.

ШУМО НИЗ АНДЕШАИ ХУДРО ДАР ИН МАВЗӮЪ БИНАВИСЕД

Мӯҳр
Гумбулок
Мо тарафдори З.Мирзоён, турки нест карда шавад, " аммо аз носозгории рузгори пас аз чанги беномуси, ночор хидмати онхоро пазируфтем" мутаассифона устоди азиз бояд бигуем, ки то ба имруз дар сохторхои давлати ва махсусан макомот, туркгароёну чашмтангон рохбар буда ба миллати точик хидмати хирсонаи худро бо бахонаи содик будан ба Рахмон идома дода истодаанд, вой бар холи мо!

Сад афсус, бехтарин мактаб дар Точикистон хурд. хазорхо чавонони точик ба шарофати ин мактаби турки имруз дар донишноххои ккалонтарини чахон тахсил доранд ё кор мекунанд. акнун холи ин мактаб хароб мешавад, ба фикрам хама хонандагон аз ин мактаб мераванд.

Човиддон
Чаноби Зафар М. Оё дар Мо кам нест мактабхое, ки маориф аз ухдаш намеброяд хато Доншгохоро идора карда наметона...

зафари Мирзо номат донишманд лекин асл саводи кофи надори забони англисию руси даркор мегуи аммо араби не.чи фарханги точика англисию руси бой кард.о зиёда аз 70%фонди лугавию фарханги точика забони араби ташкил медихад номи падару модару хамсояту фарзандонат аз Чаноби Оли сар карда то вазирону раисони хамаш номи араби дорад ту онхоро инкор мекуни.кани инсофи ту бояд аввал забони араби омухт халолу харомро фарк кард то инки фирефтаи гурухои ифроти нашавем.

РОИБ. ДУШАНБЕ.
ХЕЧ ФАРОКАТЕ РУХ НАДОДААСТ. ТО БА КАЙ МО БО ЛИТСЕЙХОИ ТУРКИ ИФТИХОР НАМОЕМ. БИГУЗОР ЛИТСЕЙХОИ ХУДРО БА ВУЧУД БИОРЕМ. БАС АСТ БЕГОНАПАРАСТИ. МО БЕХТАРИН ОМУЗГОРОН ДОРЕМ, БА ТАРИКИ КОНКУРС ОНХОРО ДАЪВАТ НАМОЕМ ВА МАОШИ БАЛАНД ТАЪИН КУНЕМ, ИН МАСЪАЛА ХАЛ МЕШАВАД.

Карим
табдил доданд, майлаш, лекин чаро калимаи "лаёқатманд" истифода мешавад. Тавре ки мебинем, дар ин литсейҳо фақат кӯдакони сарватмандон мехонанд. Хубаш, ки чунин мактабҳоро чун пештара мактабк, ки ба ягон фан тамоил дорад ном диҳем.и ба о омӯзиши ме

Падари талаба
Ба рости ки тасмимгирии Маорифро нафахмидам, тадрис ки аслан ин чо аз фанхои дакик бо забони англиси сурат мегирифт, забони турки бошад соати камтаре дарс дода мешуд чи зарурат дошт ин. Мардуми мо хам аз диди ислом ва хам аз диди конун росткор нестанд, халолу харомро фарк намекунанд. ман кафилам ки дар ду сол обруву нуфуз ва системаи олии дарсдихи ки дар ин мактабхо буд пурра аз байн аз дасти харомхуриву махалбозии точикхои худамон меравад. боки саломат бошед. хамеша вайрон кардан осон асту сохтан басе душвор..........

555
Агар чаноб гуяд ки аз нав баркарор шаванд зафар мегуяд ки бехтарин кор аст

Cаид
Хайр, мактабхои русиро чи кор мекунед, мактабхои узбекиро хам бандед, хамаро як ранг - ранги хокистари кунед, шумо ин ранги яхсонро дуст медоред, охир. Мактабхои паштуни, чини ва эфталити кушоед, набошад. Охир бародарон медонам ки дархол пантуркист ва ё пан... намедонам чизи дигареро фикр карда мечаспонед. Охир дунё дигар шудааст, дигар ранги хокистарии яксон ба кор намеравад, дунё гуногунранг аст ва худованд хамин гуна офаридааст. Барои ман ин кадар солхо хатто ахамият надошт ин гунаву он гуна литсейхо буданд ва ё набуданд ва минбаъд хам ахамият нахохад дошт. Ман барои худ интихоб дорад. Боз хамон шумоед ки фарзандонатон махз дар хамин литсейхо мехонанд, ин шумоед ки боз ба хамон Туркияву Чин меравед, чи забони чиниро омухта истодаед, даста-даста, гурух-гурух. Мактабхои руси чаро фарзандонатонро мебаред - барои гуломаку гастербайтер сохтан? Бале чинихо аз нажоди хаюнхову кушонихо буданд, шояд бо онон наздикем, хайр марказхои забони чиниро бубандед, фарзандонатонро ба макотиби олии Чин нафиристед. Хамон Туркия бояд бидонед, ки аз мову шумо ориёитар ва аврупоитар аст. Он пантуркизми дуругинаи огози асри 20 дигар кухна шуд, нест ин гуна мафхум ва нахохад шуд, агар шавад хам мову шумо устувор бошем моро чи кор аст бо он. Бовар кунед, хуни хамон туркиягихоро бисанчед 80 фоизаш эронитабору курду аврупоитабор мебарояд. Хайр, бастанд бастанд, дархол ин кадар реаксия, ин кадар туркбадбини, ана хамин хислати мо - инсонбадбинии мо моро ба тамоми олам бадном кардааст. Хатто казоку киргизхо мегуянд, ки "ваша беда - ваше пустое и беспочвенное чванство". тарчумаашро худ биёбед.
Аз даруни дарахо баромада ба чашми танги бум оламро набояд бубинем, дунё фарох аст, фарох, бародарон!!!

комрон
Хуб мешуд дар хар як маркази нохия низ мактабхои президенти таъсис дода мешуд ва дар он хонандагони болаёкат тахсил мекарданд.Идели миллии насли навраси миллати точик бояд Чаноби Оли бошад на пешвоёни турку араб.Мактаб гахвораи хокимият аст ки он бояд идали м иллии худро дошта бошад.


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)