Бахшҳо
12 авг 2015 17:12Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Бояд ҷугиён низ мисли мо кор кунанд ва даст аз талбандагӣ бардоранд

Қурбоналӣ ПАРТОЕВ, ҷомеашинос

Рушду нумуи иқтисодӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҳар давлатро аз пешрафти илму афкор ва зебогию маданиятнокии аҳолии он баҳо медиҳанд. Вале вақте, ки кас дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри азизамон - Душанбе ва дигар ноҳияву шаҳрҳои кишвар сайру тамошо менамояд, ногаҳон рӯ ба рӯятон талбандагоне пайдо мешаванд, ки аксари онҳо аз қиёфаи рӯй, чашму абрӯ ва ранги пӯст ба ҷӯгиқавмҳо монандӣ доранду онҳо аз қабили пирону миёнсолон ва ҷавонон низ мебошанд.

Рӯзе аз кӯчаи Неъмат Қарабоев мегузаштам, дидам ҷугидухтаракеро, ки дар дасташ кӯдаки синамакеро гирифта, дар зери борони сахт дар назди чароғаки роҳ меистоду дасташро ба тарафи ронандагон дароз мекард, ки ба ӯ пул диҳанд. Инчунин баъзан чунин “талбандагон”-и шаҳрҳо дар болои замину асфалти хунук худашон ва кӯдакони ноболиғро нигоҳ дошта, ба талбидан машғуланд. Вале ба наздикӣ чунин як воқеаи аҷиберо дар назди меҳмонхонаи Душанбе дидам, ки як ҷӯгидухтари тахминан 13-16 сола дар дасташ як паррандаи майдаи ромкардаеро дошта, дар қуттичаи дигар қоғазҳои печонидаро ҷойгир намуда буд ва аз одамон як сомонӣ мегирифт ва ба он паррандаи ромкардааш фармон медод, ки бо нулаш он қоғапечондаеро кашида ба дасти соҳибаш диҳад ва он духтарак онро ба харидор медод.

Ман ҳам як қоғазпорчаеро харидорӣ намудам ва хостам, ки канӣ дар он чи навишта шудааст. Вақте онро кушодам, дар он навишат шуда буд, ки “Шумо ба наздикӣ ба кори дигар мегузаред ва шахсони дар он ҷои кори нав ба Шумо бетараф нестанд”. Ба худам гуфтам, ки хайр ҳамин ҷугидухтарак кореро, ки шояд ба ҷомеа ягон фоида наоварад, ба ғайр аз оне ки вай тавонистааст, ки як паррандаро гирифта, пойбанд кардаву онро аз озодӣ маҳрум сохтаву, бо ҳамин роҳ нигоҳ дошта, рӯзашро мегузаронад. Яъне ин духтарак ба як коре машғул аст, яъне қоғаз мехарад, онро дар куҷое бурда, дар он ҷумлаҳои гуногунро чоп менамояд, барои чоп пул медиҳад, боз худаш ва паррандачаеро мехӯронад, аз ҳисоби касоне, ки нодонанду ба мисли ман аз он навиштаҷоти қоғази сафед ба қавле “бахти хешро” месанҷанд. Аммо имрӯзҳо мо мебинем, ки чунин талбандагон на танҳо аз қабили сокинони ҷугиавлод, балки аз шаҳвандони алоҳидаи дигар халқхо, тоҷикон, русҳо, узбекҳо ва дигар миллатҳо низ дар кӯчаҳо ба талбидан машғуланд. Шояд мо фикр кунем, ки ҳоло давраи ҷомеаи озоду демократӣ шудаасту ва ҳар кас, чи тавре ки метавонад бояд рӯзу умрашро гузаронад. Аммо аз тарафи дигар имрӯз ҷомеаи тамадунсоз оё қудрате надорад, ки чунин одамонро аз ин одати паст, талбидан раҳоӣ диҳад? Оё намешавад, ки ҳукуматҳои маҳале, ки дар он ҷо ҷугиён умр ба сар мебаранд, ба онҳо ташвиқот баранд, ки аз ин кори паст, ки мегӯянд, “одати бобояшон аст”, даст кашанд. Шояд як вақте буд, ки онҳо аз кадом ҷои дигаре ба ин ҷо кӯч баста буданд ва гуруснаву нодор буданд, ин корро карданд ва имрӯз, ки дар як давлати ҳуқуқбунёди демократӣ умр ба сар мебаранд, бояд дар асоси меҳнати ҳалол, бидуни талбандагӣ умр ба сар баранд.

Чаро имрӯзҳо садҳо ҷавони мамалакат дар бозорҳо ароба мекашанд, садҳо зан кӯчаву хиёбоҳоро ба мисли хонаи худ ҳифзу покиза нигоҳ медоранду пул ёфта, умр мегузаронанду гуруҳи калони занону мардони қувваи коридоштаи ҷугиёну дигар талбандагон аз ҳисоби фиребу найрангу муфтхӯрӣ рӯз мегузаронанд?

Марудми тоҷик дилсӯз асту бо чунин шахсон каме бошад ҳам садақа гуфта пул, нон, мева ва дигар чизро медиҳад. Аммо ин гумон мекунам шояд садақа ҳам набошаду фақат сафи муфтхӯронро дар ҷомеа афзоиш диҳад, мафкураи бекорагиро тақвият бахшад, ки ин набояд хусусияти ҷомеаи мардуми тоҷик бошад. Тоҷик дар хеҷ аср талбанда набуд, аммо дар чунин асри рушди босуботи айём ҳастанд тоҷиконе, ки мутаасифона ба талбандагӣ низ даст задаанд. Ин ҷои афсӯс асту бас. Банда фикр менамоям, ки бояд давлат ва ҳукумати кишвару мақомоти маҳал оиди ин масъала бетараф набошанд, дар он ҷое, ки ҷугиқавмҳо ва оилаҳои онҳо умр мебаранд фарзандони онҳо бояд ба мактаб таъмин бошанд, онҳо худро дар Тоҷикистони азиз талбанда насозанд, онҳо бояд касб омӯхта, дар ҷои истиқомати хеш созандаву ҳунарманд бояд ба воя расанд. Давлату халқи тоҷик дар асл созанда ва тарбияткунандаи қисмати хеш буд ва хоҳад монд ва имрӯз месазад ки ин мардуми шарифи ориёнаҷод тавонад тамоми шаҳрвандони дигар қавму авлодҳои миқдоран камшуморро тарбия намояд, рушди афкору мафкураи онҳор дар руҳияи созандагиву меҳнатдӯстӣ сайқал диҳад, тавонад, ки ин одати пасти талбандагиро аз майнаи мардуму дигар халқиятҳо дур созад, онҳоро шаҳрванду барандаи мероси нави ақидаву афкор дар ҷомеа гардонад. Тарбия кардан ва омехта кардани камавлодҳо дар раванди рушди босуботи ҷомеа бояд нишондиҳандаи тавоноӣ, ғамхорӣ ва бузургии миллати азизамонро инъикос намояд, бояд нишондиҳандаи тарбиятгар будани давлати тоҷикро нишон диҳад. Дар ин кор гумон мекунам, ки пеш аз ҳама номзадҳои мардумӣ бояд ташаббускору пешоҳанг бошанд. Дар масҷидҳо низ бояд ташвиқот бурда шавад, ки ба талбандагоне, ки дар роҳҳо ва назди масҷидҳо пайдо мешаванд, минбаъд садақа дода нашавад. Садақа ба сағирахонаву хонаҳои калонсолони бепарастор дода шавад ба фикрам савобаш бештар аст. Андеша дорам, ки минбаъд дар қадди роҳу растаҳои шаҳрҳо набояд ба талбандагон садақа дода шавад, чунки бо ин корамон мо фақат афкори муфтхӯриро афзоиш медиҳему халос.

Дигар ин ки онҳое ки саховатмандону савобҷӯ ҳастанд, беҳтараш ба хонаи бепарасторон раванду хайр кунанд. Ва ба назди ҷугиҳо рафта, барои ҳалли мушкилоти онҳо талош намоянд. Яъне аз “талбандагӣ” раҳонидани талбандагон гумон мекунам савоби азиме дорад. Умедворам, ҳукумати мамлакат минбаъд дар ҳалли ин масъалаи нозуки ҷомеа бетарфӣ ихтиёр накарда, дар оянда барои аз байн бурдани ин падида, яъне “талбандагӣ” дар саросари кишаварамон чораҳои заруриро меандешад. Бовар дорам, вақте мерасад, ки кишварамон ба мамлакати бидуни “талбандагон” табдил меёбад.
Мӯҳр
Дар китобе хонда будам, ки замонҳои Пағамбарамон Расулаллоҳ(С) одамони зиёде назди дарашон қатор будаанд, ки луқмае ба даст оранд. Пас аз оне, ки он зот дигар чизи доданиашон намондааст, фатво додаанд, ки барои афроди солиму дасту пову чашму гӯшу дигар аъзояш дар ҷояш аст, талбандагӣ кардан ҳаром аст.
Ҳоло мебинем, ки ҷӯгимардон ва занони хирс барин бақӯвват бо роҳи осон- талбандагӣ- рӯзгузаронӣ мекунанд. Ин айби мост, ки ба онҳо садақа медиҳем ва онҳо ба ин одат кардаанд. Бояд дар ҳама масоҷид ва маҳаллаҳо эълон карда шавад, ки ба ин муфтхӯрон дигар садақа дода нашавад. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ин паразитҳои ҷамъиятро андак ба меҳнат маҷбур бикунем.

шахрванди Душанбе
Ман ин гуфтахои туро тарафдори мекунам.

карим
Аввал 2млн тачика бо чои кор таъмин кунад хукумат баъд ай Паси чугихо шавед.

Бояд хукумат чугиенро барои талбиданашон чарима кунад то ки мачбуршавнду кор кунанд захматкашанд. Рости баъзе занхояшонро мебинед мисли букай бокидаги фарбеху бокуват хастанд бояд онхоро ба коркардан мачбур кард то ки чомеъаи Точикистонро дар назди Хоричихо бадном накнанд.

карим,
Агар ту худат ҷӯгӣ набудӣ, бояд калимаи "тоҷик"ро дуруст менвистӣ! Борҳо дидаам, ки ҷӯгизанҳо халтаи вазнин сари китф, кӯдаки хурдсол дар даст, яке дигар, чиркини ношустаи сип-сиёҳ аз пас мекалавад. Дар дасти дуввум телефони калон зери гӯш бо касе гап мезаданд. Маълум мешавад, ки онҳо на аз рӯи эҳтиёҷ ва зарурат, балки аз рӯи одат ва расму оин талбандагӣ мекунанд.
Дуввум инки, пас аз пош хӯрдани Шӯравӣ солҳои 90 асри гузашта, нахуст маҳз галаи ҷӯгиҳо озими Русия ва Қазоқистон шуданд. Онҳо худро гурезагони тоҷик муаррифӣ карда, бо ифлосиву хирагии хеш миллати тоҷикро шарманда карда буданд.
Аз ин хотир пешниҳод мекунам: дар шиносномаи ҷӯгиҳо миллати онҳоро ҳаргиз "тоҷик" нанависанд. Ҷӯгӣ бояд "ҷугӣ" нависта шавад. Ба онҳо шиносномаи хориҷӣ дода нашавад, зеро онҷо миллат қайд намешавад. Сониян, ин тоифа на барои кор, балки барои гадоӣ кардан меравад. Ва ҳатман худро тоҷик муаррифӣ мекунанд.

рост мегуяд Карим. соли 97 ман дар Россия будам чугихои чиркину талбанда пур буд лекин точики бечора шабу руз мехнат мекарданд. хамаашон ба гармию хунуки тобоваранд. Хар як авлод ба замини пахта додан даркор бигузор кор кунанд. Точики бечора шабу руз кор карда 20-30 сум дар як руз кор мекунанд. аммо чуги то сад сомони ва либосхояшонро бинед. хар куртае, ки нав мебарояд вайхо доранд. Кор кунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)