Бахшҳо
14 авг 2015 08:14Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Боздошти 5 шаҳрванди Афғонистон дар Душанбе

Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз боздошти панҷ шаҳрванди Афғонистон ва як табааи кишвар хабар дод, ки дар хариду фурӯш ва интиқоли маводи нашъадор муттаҳам мешаванд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, боздошти онҳо дар пайи ду амалиёт дар шаҳри Душанбе сурат гирифта, аз дастгиршудаҳо дар маҷмӯъ 132 килло ҳашиш ёфт ва мусодира кардаанд. Манбаъ мегӯяд, дар амалиёти аввал Кишвар валади Ҷаъфар соли таваллудаш 1952, Шероғо валади Сардормуҳаммад соли таваллудаш 1972, Муҳаммадёқуб валади Ғаффор соли таваллудаш 1971, сокинони вилояти Тахор ва Рузмуҳаммад Байлар соли таваллудаш 1976, сокини вилояти Қундузи Афғонистон дастигр шуда, аз сабукрави “Опел Сатурн”-и онҳо се халтаи калон дарёфт ва мусодира намудаанд, ки дар дохили онҳо 104 адад бастаҳои навъи ҳашиш бо вазни умумми 83 килою 548 грам мавҷуд будааст.

Дар пайи амалиёти дигар дар ҳудуди маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе Азим валади Султон Муҳаммад соли таваллудаш 1974, сокини вилояти Тахори Афғонистон ва Ҳусниддин Хикматов, соли таваллудаш 1981, шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шудаанд: “Ҳангоми гузарониданги кофтукови воситаи нақлиёти тамғаи “Мерседес Бенс” аз бағоҷи он дар ду халтаи калон 50 адад бастаҳои селофанпечи бӯи ғализдошта дарёфт гардид, ки тибқи маълумотномаи коршиносон вазни холиси он 48 килою 620, граммро ташкил дода, ба маводи нашъаовари навъи “ҳашиш” мансуб мебошад”.

Ба иттилои Хадамоти гумрук, нисбати шахсони боздоштшуда бо дастрасии моддаи 200, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи чиноӣ боз шуда, барои тафтишоти минбаъда ба мақомоти Прокуратура ирсол гардидааст.
Мӯҳр
ш Душанбе
Аке авгонхо , дигаре лулихо бакавли мардумамон Чугихо дар тамоми Дуниё обу руи точикона мерезонанд...Вагарна мо мардуми Точикистон бисёр мардуми мехмондуст ва софдил мебошем ...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)