Бахшҳо
17 авг 2015 13:27Тоҷикистон / CV / Иҷтимоӣ

Бино ва корхонаҳое, ки Убайдуллоев то 9 сентябр ифтитоҳ мекунад

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, бахшида ба 24-солагии истиқлолияти давлатӣ дар пойтахти кишвар як қатор биноҳои нави истиқоматӣ ва корхонаҳои истеҳсолие ифтитоҳ хоҳанд шуд, ки беш аз ҳазору 200 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин мекунанд.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе рӯзи 17 август дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин корхонаву биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои молиявии буҷетӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ бунёд ва ифтитоҳ хоҳанд шуд.

Ба қавли ӯ, то 9 сентябри соли равон дар пойтахт, ҶДММ “ПЭТ полиэтил-тестилат проформ” оид ба истеҳсоли зарфҳои пластикӣ ва обҳои минералӣ ва нӯшокӣ бо иқтидори истеҳсоли 18 ҳазор зарфи пластикӣ ва 20 ҳазор литр нӯшокӣ дар як соат ифтитоҳ хоҳад шуд, ки 600 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин мекунад.

Инчунин, сехи дӯзандагӣ дар заминаи ҶДММ Иттиҳодияи истеҳсолии “Нассоҷии тоҷик” оид ба истеҳсоли сару либоси мактабӣ бо иқтидори 24 ҳазор дона костюми писарона ва 60 ҳазор дона либоси духтарона дар як сол бо ҷалби 270 коргар ифтитоҳ шуда, "ҶДММ “Грин-Фудс” оид ба истеҳсоли нон, макарон, рехтани равғани растанӣ ба зарфҳои пластикӣ бо иқтидори истеҳсоли 3 тонна нон, 24 тонна макарон ва 6 ҳазор литр равғани растанӣ дар як шабонарӯз бо ҷалби 100 коргар ба кор хоҳад даромаду “ҶДММ “Ҳалима-2015” бо иқтидори истеҳсоли 25 ҳазор баста рӯҷои хоб ва 10 ҳазор хилъати тиббӣ дар як моҳ бо 100 коргар ба кори худ оғоз хоҳад бахшид".

Сухангӯи шаҳрдорӣ афзуд, бахшида ба ҷашни истиқлолияти давлатии кишвар 21 майдончаи варзишӣ бо масоҳати умумии беш аз 27,6 ҳазор метри мураббаъ ва беш аз 10 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, аз ҷумла ду 12-ошёна, як 10-ошёна, ҳашт 9-ошёна, як 5-ошёна бо масоҳати умумии 41,8 ҳазор метри мураббаъ ифтитоҳ хоҳанд шуд: “Ба ин муносибат 10 корхонаҳои хурди саноатӣ низ оид ба истеҳсоли маҳсулоти чопию сохтмонӣ ва маишӣ бо 150 ҷойи нави кори доимӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкории шаҳр ба истифода дода мешаванд”.

Шавкат Саидов таъкид кард, бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 23 корхонаи саноатӣ бо 331 ҷойи кори доимӣ ба фаъолият оғоз намуданд: “Гузашта аз ин имрӯз дар шаҳр дар доираи амалисозии сиёсати иҷтимоии давлатӣ ва рушди соҳаи маориф сохтмони 6 боғчаи замонавии хусусӣ мутаносибан барои 860 кати хоб ва дар ошёнаҳои ибтидоии 6 комлексу биноҳои баландошёнаи истиқоматии бунёдшаванда марказҳои тарбиявии бачагонаи томактабӣ ва боғчаҳои бачагона барои 427 кӯдак идома дошта, танҳо дар иншооти зикршуда 260 мутахассисони ватанию хориҷӣ бо шуғл фаро гирифта шудаанд”.
Мӯҳр
Солех
Офарин! Убайдуллоев метавонад! Ба пеш барои ободии пойтахт, барои бунёди чойхои кории нав!!!

Хеле оли! Лекин як савол: Шавкат Саидов магар директори телевизиони пойтахт нест? Ё боз ин чо хам "ротатсия" шуд.?..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)