Бахшҳо
18 авг 2015 09:22CV / Дидгоҳи хос / Тема дня

14 ҳазор ҷаримаи ду карат соҳибкори беҳтарини Душанбе

Саидраҳмон Хидиров, мудири корхонаи “Сомонтаъминот”, ки ду сол пайи ҳам аз сӯи ҳукумати шаҳри Душанбе соҳибкори беҳтарини сол эътироф шуда, аз сӯи раисҷумҳур бо медали “Хидмати шоиста” қадрдонӣ гардидааст, барои нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ беш аз 14 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Хидиров аз моҳи ноябри соли 2013 то моҳи феврали соли равон 83 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро нақз карда, ин қоидавайронкуниҳоро дурбинҳои назоратии “Шаҳри бехатар” сабт намудаанд: “Ӯ дар маҷмӯъ, 14 ҳазору 210 сомонӣ ҷарима шуда ва ин маблағро тавассути шӯъбаи Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ба буҷаи давлат гузарондааст”.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзудааст, Хидиров соҳиби як мошини тамғаи “Toyota Land Cruiser” буда, баъд аз пардохти ҷаримаҳояш боз чаҳор бори дигар қоидаи ҳаракат дар роҳро нақз кардааст, ки то ҳол маблағи ҷаримаи онҳо аз сӯи соҳибкор пардохт нашудааст.

Саидраҳмон Хидиров, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомонтаъминот” моҳи ноябри соли 2014 аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Хидмати шоиста” қадрдонӣ шуда, солҳои 2013 ва 2014 аз рӯи номинатсияи “Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук” бо қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе соҳибкори беҳтарини сол эълон шудааст.
Мӯҳр
Чобулко
Вакте бачахакода унвону медал метен хамаи пахлухоша дидан даркор дия. Як камбагал мешуд аз галбер мегузарондед,

орт
Боз Шахри бехатар..., уффффффффффф.....

ш Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон , ......бовар куненд аз хамин шахри бехатар безор шудем....мошнхайкунира баст мекунем ....ба мухочират мерем.....охир ин чигап аст ..ин маблаге , ки шумо чарима мекунед дар агон даромади мо басанда нест...Худатон казоват кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)