Бахшҳо

ВИДЕО: Шикояти муассиси “Амр-Эгилик” аз тасмими ВКД

Як соҳибкори тоҷик иддао дорад, замини марбут ба корхонаи ӯ ғайриқонунӣ дар ихтиёри Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гузошта шудааст.

Мурод Шокиров, муассиси ҶДММ “Амр-Эгилик” мегӯяд, Вазорати корҳои дохилӣ мехоҳад, дар маҳалли корхонаи ӯ, воқеъ дар кӯчаи М.Мастонгулов-3 барои мошинҳои кормандони ҳифзи ҳуқуқ таваққуфгоҳ бунёд кунад: “Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе таҳти №245 аз 6-уми июли соли 2014 барои сохтани Академияи нави милитсия замин ҷудо карда шуд. Ин академия дар қитъаи замини ҳамсоя ҷойгир шуда, ҳоло сохтмони он идома дорад. Вазорати корҳои дохилӣ мехоҳад, корхонаи моро барҳам дода, ҷои он тавақуфгоҳ бисозад”.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли Шокиров дар қарори раиси шаҳри Душанбе омадааст, Вазорати корҳои дохилӣ бинои Академияро дар ҳудуди замини ба ин вазорат вобастагардида, бе тағйир додани сарҳад, бунёд кунад: “Аз рӯи хулосаи додаи Кумитаи заминсозӣ ва геодезӣ замине, ки корхонаи мо ҷойгир аст, заминҳои хоҷагии ёрирасон буда, дар тавозуни Вазорати маорифи Тоҷикистон мебошанд”.

Мурод Шокиров мегӯяд, ҶДММ “Амр-Эгилик” соли 2008 дар якҷоягӣ бо Раёсати қушунҳои дохилии ВКД оид ба таъминоти либос ва таҷҳизоти низомӣ таъсис ёфтааст: "Соли 2009 корхонаро аз ҳисоби маблағҳои худамон сохтем. Аз давлат ягон хел маблағ нагирифтаем. Ҳамон сол бояд ҳуҷҷатгузорӣ мекарданд, аммо Раёсати қушунҳои дохилӣ ҳуҷҷатгузорӣ накард. Аз рӯи қонуни авфи молу мулк ҳамон сол мо корхонаро қонунӣ гардонидем".

Ба гуфтаи ӯ, корхона дар гузашта ба дӯхтани сару либоси низомӣ машғул буд ва инчунин зиёда аз 35 намуди маҳсулот мебаровард: “Дар ин корхона зиёда аз 20 нафар кор мекарданд, аз ҷумла 15 зане, ки дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ ҳамсарҳояшон кушта шудаанд. Маоши онҳо аз 700 то 1500 сомониро ташкил медод. Аммо соли 2014 бе ҳалномаи суд Вазорати корҳои дохилӣ як қисми корхонаро чаппа карданд”.

Шокиров афзуд, бо сабаби он ки корҳои сохтмонии бунёди Академия идома дорад, ҳоло корхонаи онҳо танҳо як намуди консерва истеҳсол мекунад.

Талоши мо барои дарёфти шарҳи Вазорати умури дохилӣ дар ин замина бенатиҷа буд ва дар сурати дастрас шудани шарҳи ин ниҳод он нашр мешавад.

Мӯҳр
чора
Ин ЭГИЛИКА бояд бархам дод. Хуб мекунад ВКД. Худо худша ам бгира номша хам. кумитаи забона гуфтан даркор ки пеш аз бархам додани он як номша ислох куна

Озодагон ин ягон хешотонай? Ика рекламаш карден, як бор шахсияти хамин одама аник кунен чанд бор суд шудагиай. Раз сар карди то охирша бар, ку як бор хаму корхонаша кати 35 намуд махсулот нишон тиен. Ика заводу фабрикахои калон наметонан 35 намуд бароварда ин чира метонад. Хамаи гапош дуругай, ина як бори дигар барои сохтмони гайриконуни бояд судш кунан.

ВКД
Як номи точики мемонден заминтона намегирифтанд

сохибкоронро чи хеле метавонанд азоб додан мегиранд ба Мурод Шокиров барори кор мехохем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)