Бахшҳо

Даргузашти “фанат”-и хоккей, ки бо зарби як мушти Ҷамилов беҳуш шуд

Виталий Спиридонов, раҳбари ҳаракати мухлисони дастаи хоккейи “Трактор”-и Челябинск, ки бо зарби як мушти тоҷиктаборе аз пой афтида буд, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора дӯстони ин “фанат”-и хоккей дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.

Ба иттилои онҳо, Спиридонов субҳи имрӯз, 19 август ба ҳалокат расидааст. Ин дар ҳолест, ки шаби 11 ба 12 август дар пайи амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Челябинск ва Хадамоти федералии амният - “ФСБ” Комил Ҷамилов, зодаи 22-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба Виталий Спиридонов боздошт гардида буд.

Ба иттилои расонаҳо, қазия соати 4-и субҳи 4 август дар назди майхонаи “Топка”-и Челябинск сурат гирифтааст: “Миёни мухлисони “Трактор” ва гуруҳи ҷавонон муноқиша сар задааст. Ҷонибҳо барои ҳалли қазия ба беруни майхона баромадаанд”.

Дар навори сабткардаи дурбинҳои майхона дида мешавад, ҷавони кулоҳпӯш, ки гуфта мешавад Ҷамилов аст бо як зарба Спиридонови 37-соларо аз пой меафтонад. Гуфта мешавад, баъди афтидан сари Спиридонов осеб дида, ба беморхона интиқол ёфтааст.

Расонаҳои русӣ мегӯянд, Ҷамилов шаҳрвандии Русияро дошта, дар Челябинск ба сар мебарад: “Ӯ муҳорибаҳои будину қоидаро машқ мекардааст”.

ВИДЕОи муноқиша, ки расонаҳои русӣ нашр кардаанд:

Мӯҳр
Н
Капаи Чамшед дуд мекунад акнун! 15 сол да сараш хаст

Атеист
Аз ин маьлум шуд, ки русхо пуфффанд.

шарм
ай хичи проблема создават мекунан. ана бо сар шид депортатсия

як беимони русиях нопадид шуд як марди мусалмон зери пои русиехон шуд

ш Душанбе
ба маълумоти мухочирони мехнати расонида мешавад, ки хамон баном "насистхои рус ...вактеки хамла кардан..ба монанди Комил Ҷамилов ак ударак кнен...кори хирс тамом ...о мешудай ку.....

Freedom
Чанг бо айби русхо сар зада бошад хам точикро гунахкор мекунанду 15-20 сол хукм медиханд. Хайрият ки шахрвандии Руссияро доштааст.

вв
Одами спортсмени натренированный, агар мард боши, одами бемашки мастро мушт намезани. Хол он ки аз навор маълум аст рус чанг кардани набуд, просто разбор кардани буд. Ин Чамилов бояд полный программа срок гирад.

Dev
HUb kardas Jamilov, bob kardas, tabi dil kardas.Chun hargushak az deportatsiyavu kashmakash tarsidan darkor nest.Zaned,ki tarsan,zaned agar marded!

Капачат дуууууд кард, Комил Ҷамилов. Аз руи моддаи куштор азобат медиханд акнун. Бо кадом акл ту мушт бардошти ба шахсе, ки у харгиз нияти чанг кардан хам надошт ?? Зуриятро акнун дар паси панчара нишон медихи (((

точик
Бечора Чамилов аз кучо медонад, ки и мардаки дев ба як мушти у мемурад.

яяя
Э беакл барои ту шуда акнун точиккуши сар мешавад.

Панчакенти
Ана акнун пахлавон ЛОХ мешаааааааддд.........На зиндагиву на кайфу сафову на зану фарзанд. ........хай хай беаклаааааа. ....Падару модар дар гамат бемооооор мешан...........

Масчоӣ
Номардона ва бехабар аз паҳлӯяш зад. Чунин номардӣ новобаста аз миллати шахсӣ номардӣ карда бояд маҳкум шавад. Баъзе номардон номардиро аҳсан мехонанд! Аз ин мебарояд шумо низ чунин номардед. Номардона бехабар ва аз паҳлу....Мард бояд мардонавор шапад,

Шер
яяя,
Тоҷиккушӣ не, гӯсфандкушӣ сар мешавад гӯӣ дуруст аст. Гусфандони мисли туро бе инҳам ба ҳар баҳона кушта истодаанд. Ҳар сол ба Тоҷикистон беш аз ҳазор мурда меоранд, фаҳмидӣӣ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)