Муаллими варзиш барои қатли директору муовинаш 30 сол аз озодӣ маҳрум шуд
Юлдош Айматов, мураббии шоиста, аълочии маориф ва омӯзгори тарбияи ҷисмонии мактаби рақами 7-и ҷамоати деҳоти 1-уми майи ноҳияи Турсунзода, ки ду муаллимаи ин мактабро қатл карда буд, 30 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст. Аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ба "Озодагон" гуфтанд, ҳукм рӯзи 17 август содир шуд.
Юлдош Айматов соати тақрибан 10-и рӯзи 29 майи соли равон Дилором Нишоноваи 51-сола, мудири мактаби 7 ва муовини ӯ Гулнора Юлдошеваи 48-соларо бо зарби корд ба қатл расонда буд. Он вақт аз Вазорати умури дохилӣ ба “Озодагон” гуфтанд, Айматови 53-сола аз сабаби вайрон шудани муносибатҳои кориаш бо роҳбарияти мактаб ба ин ҷиноят даст задааст. Ба иттилои манбаъ, соати 09:30 ӯ аз бозор корди ошхона харида, дар ҳолати мастӣ, ҳадафмандона ба мактаб меояд: “Дар утоқи корӣ бо директори мактаб зани 51-солаи сокини шаҳри Турсунзода ҷангу ҷанҷол намуда, ба қисмати гардани ӯ бо корд як зарба мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Сипас, гумонбаршуда бо ин ҷинояти содирнамудааш қаноат накарда, дар саҳни мактаб муовини директори мактаб, зани 48-солаи сокини ҳамин шаҳрро бо истифода аз корд якчанд маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими баданаш мезанад. Ҷабрдидаи дуюм аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Ба иттилои манобеи "Озодагон" Юлдош Айматов ҷонишини директор -- Гулнора Юлдошеваро дар ҳузури хонандаҳои мактаб ба қатл расонда, худашро ба кормандони пулис таслим кардааст. Акс аз "Озодӣ"
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |