Бахшҳо

“Тоҷик-Эйр” имсол зоирини тоҷикро ба Ҳаҷ намебарад

Ҳавопаймоҳои ширкати давлатии Тоҷикистон - “Тоҷик-Эйр” имсол зоирини тоҷикро ба зиёрати Хонаи Худо нахоҳанд бурд.

Масъулини ин ширкат мегӯянд, азбаски ҳавопаймоҳои “Тоҷик-Эйр” ба интиқоли мусофирон дар масирҳои дигар машғуланд, аз иштирок дар мавсими “Ҳаҷ-2015” худдорӣ кардаанд. Мунаввар Мулочаев, сухангӯи ширкати “Тоҷик-Эйр” рӯзи 20 август дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “имсол маслиҳат шуд, ҳоҷиёнро ба Арабистони Саудӣ ҳавопаймоҳои “Сомон-Эйр” интиқол диҳанд, чун он ҳам ширкати ватанӣ аст”.

Ҷаноби Мулочаев таъкид кард, онҳо ният доранд, парки ҳавопаймоии худро нав кунанду дар оянда дар сафарбаркунии зоирини тоҷик ба Хонаи Худо дубора саҳм гузоранд.

Тибқи иттилои масъулини Кумитаи дин, имсол 50 дарсади зоирини тоҷикро ба Арабистони Саудӣ ширкати хусусии “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон ва 50 дарсади дигарро ширкати саудии “Flynas” интиқол хоҳанд дод. Дар ҳоле ки то имсол сафарбаркунии ҳоҷиёни тоҷик тавассути ширкати давлатии “Тоҷик-Эйр”-и Тоҷикистон низ сурат мегирифт.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд. Ба иттилои Кумитаи дин, нархи сафари ҳаҷ имсол барои зоирини тоҷик 22 ҳазору 906 сомониву 98 дирам муқаррар шуда, қарор аст, аввалин парвози ҳоҷиён ба Арабистони Саудӣ аз Тоҷикистон 29 августи соли равон сурат бигирад.
Мӯҳр
Мавлоно
сомон айр аз худамону лекин о Точик эйраш номи точика мешиносонад. Паскаши ва пасивизм кардан даркор нест Точик-эйр...

Гулом
Шукронаи амони, ороми, осудагии Ватан, ин хама аз баракаи Истиклолият ва оромии кишаври махбубамон аст. Аз хочиён бисёр хохиш дорем, ки дар хонаи Худо дар хакки миллати точик, ободии Точикистон, оромию осудагии он бештар дуо кунанд. Рохатон сафед бод хочиёни 2015

ТОЧИК
ИМРУЗХО АЗ ХОЧИ ДИДА ОДАМОНИ МУКАРАРИ МАКОМИ БЕШТАРИ ИНСОНИРО ДОРАНД, ЗЕРО ПРЕФИКСИ ХАМА ГУНА ЧИНОЯТКОРОН ХОЧИ ШУДААСТ.

мусофир
Бо ин Хавопаймохои аз бобои ленин мерос монда хавопаймохи ин ширкати втани хеле кухна шуда дар хар лахза метавонад нусхи техники пайдокунад Аз масулони ватании ин Ширкат хохиш меккуна чони шахрвандонро дар хатар нагузоред бо эхтиром мусофир

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)