Бахшҳо

Дастури Убайдуллоев: Аз муборизаи беамон алайҳи “бегонапарастӣ” то омӯзиши “илмҳои дунявӣ”

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе пушидани либосҳои ғайримиллиро хатарзо хонда, хостори пурзӯр шудани мубориза алайҳи “бегонапарастӣ” миёни сокинони пойтахти Тоҷикистон шудааст.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе рӯзи 20 август дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Убайдуллоев аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қотеона талаб кардааст, то аз фурӯши либосҳои ба фарҳанги миллии тоҷикон бегона дар бозор ва нуқтаҳои фурӯши пойтахт ҷилавгирӣ кунанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Убайдуллоев таблиғи фарҳангҳои бегона дар пойтахти Тоҷикистонро зиёд хонда, аз бетарафии баъзе афроду шахсони масъул нисбат ба ин раванд, ки ба назари ӯ хатарзо мебошад, шадидан нигаронӣ кардааст: “Бобати бетарафии баъзе аз афроду шахсони масъул оид ба зиёд шудани таблиғи фарҳанги бегонаву хатарзо дар шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори нигаронии шадид намуда, ба сохторҳои зидахл дастур фармуд, ки дар тамоми марказҳои савдою тиҷорат ва бозорҳои шаҳр ворид ва фурӯши сару либоси ба фарҳанги миллӣ бегонаро таври бебозгашт пешгирӣ намоянд”.

Нигаронии Убайдуллоев зимни ҷаласаи васеи кории ӯ рӯзи 19 августи соли равон дар Кохи ваҳдат сурат гирифтааст, ки дар он намояндагони тамоми қишрҳои иҷтимоии шаҳр, вакилони Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ аз шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, мақомоти марбутаи ҳуфзи ҳуқуқ ва худфаъолияти ҷамъиятии шаҳр, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, институтҳои шаҳрвандӣ, роҳбарони марказҳои савдою тиҷоратӣ, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ, инчунин масъулини кулли сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ иштирок доштаанд.

Шаҳрдори Душанбе дар ин ҷаласа таваҷҷуҳи ҳозиринро ба тамоюлҳои ҷаҳонишавии ҳаракатҳои ифротгароии динӣ, экстремизм ва терроризми байналмилалӣ нигаронида, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кулли сокинони пойтахт даъват ба миён овардааст, ҷиҳати халалдор нагардидани ҳамзистӣ ва суботи ҷомеа тамоми нерӯ ва матонати ватанхоҳонаро бо бедории амиқи сиёсӣ сафарбар созанд: “Таҳлилу бардоштҳои гаравиши баъзе аз қишрҳои ҷомеа ба ин гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки бинобар сабаби надоштани донишҳои таҳсилоти миёна ва дунявию адёнӣ, инчунин бетарафии ҷомеаву падару модарон бештар маврид онҳо ба ваъдаҳои безаминаи мубаллиғони тамоюлҳои тундрав бовар намуда, гумоштагони бетақдир мегарданд”.

Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳии асли мубориза бо ин равандро, беҳтар кардани таълиму тадрис дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, фарогирии мактабиён бо донишҳои дунявӣ ва баланд бардоштани масъулияти омӯзгорону волидон дар таълиму тарбияи фарзанд донистааст.

Нигаронӣ ва дастури Убайдуллоев алайҳи “бегонапарастӣ” дар ҳолест, ки субҳи 20 август бархе аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ аз роҳ наёфтани занони муҳаҷҷаба ба васоити нақлиёти мусофирбари пойтахт хабар доданд.
Мӯҳр
ш Душанбе
Э мардум шумо дигар коре надоред..., ки доим як масаъларо мебинед...о аз пеш зимистон бузург , соли хониш ва чашни истиклолият , ва масълаи бекории чавононро дидан даркор аст ......доим масаълаи сатр ё ки риш ин мавзхо кухна шуданд.......мо бояд фикр кунем аз бурхони молияви бароем ...80% мардум аз бонкхо карздор ...мардум худаш рухан вайрон шудаги ...ана инмасълахора дидан даркор аст.....ХАМДИЁРОНИ АЗИЗ.

магар либосхои миниюбкаву барахна либоси милли буд ки аз ин либосхо харф намезанеду танхо аз либосхое ки худо амр кардааст мукобилият мекунед?

саид
Ин раиси шахр либоси миллиро ба танзим дароварданст мо тарафдор лекин либоси аврупоиро хам бар чинанд чунки он хам либоси миллии мо нест. МУХТАРАМОН

Худоё гайри Ту дигар ёру ёвар надорем.
Чуз Ту ки назар ба холи мо кард?
Ё гуш ба ин маколи мо кард?
Илохо ба Худат хавола мекунем. Пешонаи хама дар кабзаи Худат аст!!

Магар ддинсу футболкаву брюку костюму галстук либоси милли хаст ? Чаноби Убайдуллоев худаш дар либоси милли нест боз аз шибоси милли сухбат мекунад! Токи чома пуш баъд ин гапхоро зан !

Саидчон
Мухтарам Чаноби Мир, оё дигар камбудихо хал шуданд? Ба Худо касам аз ин конунхо шарм медорам....боз дар хузури имомхатибон будааст....оё ин имомхатибон дину оинашонро фурухтаанд,ки як сухан чуръат намекунанд бигуянд? Ман хам тарафдори сулху амонии Точикистон хастам, аммо ин хичоб фарзи Иллохист. Мо хам аз хамун давлати исломии мегуфтагиашон сад безор хастем....

кулябец
Демократия ва давлати дуняви будани Точикистон чи мешавад? Ман мехохам озодии шахс ва вичдон халал наёбад!!
Бехтар мешуд сах,ти зиндагиро баланд мебардоштед, бо чои кор таъмин мекардед!! Факат либоси Исломии занон сабаби пастравии иктисодиёт ва кохиши фархангу маданияти имруза бошад биёед онхоро аз хона бурун баромадан намегузорем. Ва хамаи бадихо нокомихо аз занон бошад бигузор онхо дар ошхона нишинанд ва кудаконро тарбия кунанд.
Хукумат аз либоси Исломии занон нигарони мекунад, ахли дин ва оппозиция низ аз либоси нимбарахнаи занон! Факат ду тарафи мукобил либоси занонро аслихаи сиёсии худ кардаанд, ки ин сустии онхоро нишон медихад!
Хам оппозиция ва хам хукумати имруза ягон барномаи бех,кунии рузгори мардумро надоранд ва ин мукобии онхо миллату давлатро хароб мекунад!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)