Дар ҳамин ҳол, фаъолияти маркази мазкур тақрибан пӯшида асту барои васоити ахбори омма роҳбари он ҷаноби Аламов, тамоман иттилоъ додан намехоҳад. «Баъди ҳар хабари ба журналистон мерасонида, аз «боло» ҳатман гӯшмол мегирем. Масалан, баъди як хабари дар «Озодагон» чопшуда, шахсан чандин баёнот навишта, сурху сафед гаштаам. Бас, дигар то ҷамъбасти 9-моҳа дар вилоят, ман ягон хел хабару иттилоъ намедиҳам». Ҳарчанд ҳисоботи 9-моҳаи фаолияти 10-маркази НДСЭ минтақа омода буд, вале ҷаноби директор ҳаргиз ба саволҳои мо ҷавоб додан намехост. Ӯ мегуфт, «маълумоти мо баъди ҷамъбаст тағйир ёфтанаш мумкин аст. То ҷамъбасти вилоятӣ ягон маълумот дода наметавонам». Аҷиб, чӣ гуна ва ба чӣ хотир дар МНДСЭ-и вилояти Хатлон ҳисоботи умумии як минтақаро тағйир медода бошанд? Гузашта аз ин, барои чӣ роҳбарияти маркази назорати давлатӣ ва санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ барои зердастонаш аз минтақаҳо додани иттилоъро мамнӯъ карда бошад?{jathumbnail off}
Мӯҳр« Июн 2023 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 |