Бахшҳо

Муовини муфтӣ хостори таъсиси ҷойҳои кории хуб барои ҷавонон шуд

Домулло Сайидакбар Яъқубов, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар пайи нигарониҳояш аз пайвастани шаҳрвандони кишвар ба сафи гуруҳҳои ифротӣ, хостори таъсиси ҷойҳои кории хуб барои ҷавонон шуд.

Ин руҳонии тоҷик рӯзи 21 август дар мавъизаи намози ҷумъаи худ дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе аз ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаву ояндаи миллату давлат ном гирифта, аз онҳо даъват кард, ба ҳам биёянду муттаҳид бошанд ва ба фитнаҳои гуруҳҳои ифротию террористӣ дода нашаванд.

Домулло Яъқубов ба фаъол шудани гуруҳҳои ифротӣ, аз ҷумла “Салафияи ҷиҳодӣ”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Туркистон” ишора карда, таъкид дошт, ин гуруҳҳо фитнаҳое бармеангезанд, ки боиси ҳалокати садҳову ҳазорҳо нафар мешавад: “Баъзе аз равияҳои аҳли ташайюъ низ ҳастанд, ки ҳар инсонро ҳукм ба куфр мекунанд ва дар ҷомеа фитнаҳоеро меандозанд, ки боиси нобудии миллату кишварҳо мешавад”.

Муовини раиси Шӯрои уламои кишвар дар идома хостори таъсиси ҷойҳои хуби корӣ барои ҷавонон шуд, то ба сафи гуруҳу равияҳои ифротӣ напайванданд: “Мову шумо ҳам бояд кушиш бикунем, ки давлат барои онҳо ҷойҳои кори хуб муҳайё бикунад, то ҷавонони мо бо кор таъмин бошанду кор бикунанд ва ба ҳар ҷою ҳар тараф, аз ҷумла ба равияҳои гуногун майл накунанд”.

Тибқи иттилои расмӣ ҳоло дар сафи ҷангҷӯёни созмонҳои террористӣ дар Ироқу Сурия беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур дошта, хабари марги зиёда аз 100 тани онҳо ба пайвандонашон расидааст.
Мӯҳр
ИН пешниходро ба чаноб пешниход мекардед бисер хуб мешуд.

456
хайрият як нафари солимфикр будааст

Мухтарам домулло! Он хама дар боло нишастагихо хам инро медонанд, аммо ба гайри иди асалу харбуза кореро ба анчом дода наметавонанд, ва боз метавонанд шумо барин "махмаддоно"-хоро аз мансаб гиранд. Дар хар сурат шумо хакро гуфтаистодаед ва сазовори хурмат хастед.

кулябец
Таксир аз ки барои чавонон чои кор талаб карда бошанд????

Шахрванд
Домулло бояд мушаххас мегуфтанд, ки зимни икдоми кормандони масочиди чумхури то охири соли равон барои чавонон чанд ч,ойи кор тайер карда мешавад. Сафсатаи беасосу бенатича ба дили хама задааст. Мардум сахми амалиро интизор.

Точик
Худи хамин муллохои ишкамчаронро бояд кам кард! Нисфи пули мухочирони бечора ба чигилдони хаминхо меравад! Бояд маъракахои исломиро кам кард. Ин муллохои ишкамчарон гайр аз сумчамъкуниву ошши маъракахури кори дигар надоранд. Агар хамин даромади муфт набошад, кам кас мулло мешавад. Мулло ва умуман ходимони дини, аз чумла динхои дигаррро паразити чомеа гуфтан мумкин аст. Маънои паразит аз хисоби дигарон зиндагони кардан аст. Озодагон чоп кун

Ба номи Худованди бахшандаи мехрубон.
Ассалом.Мухтаррам,Муовини Раиси Шурои Уламмо-оё Шумо хам нигарон мешавед? Сабаб дар чист? Сафи Гуруххои Ифроти гуфта-кадом Гуруххоро дар назар доред? Магар то ба имрузхо набуданду-нестанд масъалахое,ки Шуморо нигарон мекарданду-нигарон мешудед? Муддати зиёда аз 20-сол мешавад,ки бояд медидеду-бубинед ва бояд,ки нигарон мебудеду-мешудед,ки Афсус-хатто парво надоштед ва гуё намедидеду-намебинед!
Магар чойи нигарони несту-набуду,хаст,ки хамасол аз Мухочиррати кории Сунъи,ки Гурухе,ки Шумо аъзо хастед,ХАЛК-и ТОЧИК-ро ба таври СУНЪИ вазъият ташкил карда,ки то 1 500-нафар дар ТОБУТ баргашта истодаанд,нигарон нашудеду,имруз Нигарони доред?Сабаб чист?
Магар дар шаъни махлуке,ки бехтарин офаридаи АллохТаъолло хасту,аз Чавхари АКЛ-танхо ин махлукро бонасиб гардонида,чунин Нигарони чойи бовар хаст?Барои чи Гуруххои Ифротгари гуфтаатон-дар дохили ВАТАН ба фарзандони Миллат чунин руйи-рост амалхо раво дида истодаанд-НАМЕГУЕД ва аз кадом як Гуруххое боз Шумо гаштаед гумонбар,ки гуё онхо ифротиву-фитнагар хастанд ва набояд шахрвандон дода шаванд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)