Бахшҳо
24 авг 2015 11:42Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Чораи ҳукумат дар даврони буҳрони молиявӣ (НАВШУДА)

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси протоколи маҷлиси ҳукумат вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор кардааст, маблағҳои буҷети давлатиро танзим ва назорат намоянд. Дар ин бора аз ниҳоди мазкур имрӯз, 24 август ба “Озодагон” иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, протоколи мазкур бо назардошти буҳрони молиявӣ таҳия шуда, дар он таъкид мешавад, ки “ҷиҳати таъмини хароҷоти самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ, пешгирӣ намудани хароҷоти дуюмдараҷа барои хоҷагидорӣ ва истифодаи воситаҳои нақлиётии хизматӣ, сарфаю сариштакорӣ роҳ надодан ва исрофкорӣ мунтазам чораандеши намоянд”.

Як масъули Вазорати молияи Тоҷикистон имрӯз, 24 август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, тибқи ин протокол истифодаи нақлиётии хизматӣ аз ҷониби мансабдорон маҳдуд карда мешавад. Ӯ афзуд, барои сӯзишвории нақлёти хизматии мансабдорон аз ҳисоби буҷаи давлат маблағ сарф мешавад ва дар пайи буҳрони молиявӣ аллакай ба ниҳодҳои давлатӣ дастур шудааст, истифода аз мошинҳои хизматиро кам намуда, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд: ”Лекин гуфта нашудааст, ҳама бояд аз нақлиёти хизматӣ қатъиян даст кашанд, танҳо дастур шуда, ки дар ҳар вазорату идораҳо маҳдуд карда шавад. Амалишавии ин масъала таҳти назорат аст”.
Мӯҳр
Мошинхои хизмати ба номанд, дар асл, аз хисоби буча- яъне кисаи андозсупорандагон мансабдорон маишат мекунанд. Оила, хешу табор, махбубахои 18- 20 сола хама савори мошинхои сиёхшишаи хизматианд.
Агар ракамхои хукумати бошанд, ГАИ хам боздошт намекунад, хатто рузхои шанбе ва якшанбе, хама ба пеш, ба Варзобу Ромит! Собунфуруши бечораро кормандони налог чонбезор мекунанд, биё, тез андози миеншиканаро биспор, то мансабдорон сари вакт маоши хангуфту мошинхояшонро заправка кунанду ба шикор бароянд.


Озодагон Президент ваъда дода буд аз сентябр маош зиед мешавад чаро фармонаш набаромад. Дар дигар солхо 10-15уми август ба мебаромад. Ин мавзуъро пайгири кунед.

Озодагон Президент ваъда дода буд аз сентябр маош зиед мешавад чаро фармонаш набаромад. Дар дигар солхо 10-15уми август ба мебаромад. Ин мавзуъро пайгири кунед.

ачам
кай фармони баланд кардани маош мебаромада бошад.......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)