Бахшҳо
24 авг 2015 12:17Тоҷикистон / CV / Иҷтимоӣ

Сомонаҳои масдуду қарздори мақомоти додгоҳии Тоҷикистон (ВИДЕО)

Фаъолияти сомонаҳои расмии мақомоти додгоҳии 30 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон бо сабабҳои маълуму номаълум қатъ шудааст.

Далели аз фаъолият боз мондани аксари ин сомонаҳо бо шумули торнамои расмии Додгоҳи шаҳри Душанбе, Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ва Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон пардохт нашудани ҳаққи “домен” ва “хостинг” арзёбӣ мешавад.

Ҳангоми вуруд ба ин торнамоҳо рӯи саҳифа навиштаи “Ваш сайт был временно приостановлен за неуплату” дида мешавад. Танҳо аз вилояти Хатлон сомонаи расмии мақомоти додгоҳии 10 ноҳия, аз ҷумла Додгоҳи ноҳияи Ҷалиддин Румӣ (sudijrumi.tj), Додгоҳи ноҳияи Қумсангир (sudikumsangir.tj), Додгоҳи ноҳияи Қубодиён (sudikabodiyon.tj), Додгоҳи ноҳияи Носири Хусрав – (sudinhisrav.tj), Додгоҳи ноҳияи Хуросон (sudikhuroson.tj), Додгоҳи ноҳияи Восеъ (sudivose.tj), Додгоҳи ноҳияи Фархор (sudifarhor.tj), Додгоҳи ноҳияи Ховалинг (sudikhovaling.tj), Додгоҳи ноҳияи Балҷувон (sudibaljuvon.tj) ва Додгоҳи ноҳияи Данғара (sudidangara.tj) бо ин далел аз фаъолият боз мондаанд. Ин дар ҳолест, ки аз миёни додгоҳҳои 21 ноҳияи вилояти Хатлон танҳо 13-тои он дар шабакаи ҷаҳонии интернет саҳифа доштаанд.

Ба рӯйхати “қарздорҳо” сомонаи расмии судҳои баъзе аз навоҳии пойтахти Тоҷикистон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва вилояти Суғд, аз ҷумла додгоҳи ноҳияи Ҳисор (sudihisor.tj), Додгоҳи шаҳри Душанбе (sudidushanbe.tj), Додгоҳи ноҳияи Сино (sudisino.tj), Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе (sudiharbi.tj), Додгоҳи шаҳри Ваҳдат (sudivahdat.tj), Додгоҳи шаҳри Роғун (sudirogun.tj), Додгоҳи шаҳри Истиқлол (sudiistiklol.tj), Додгоҳи шаҳри Панҷакент (sudipanjakent.tj), Додгоҳи ноҳияи Спитамен (sudispitamen.tj), Додгоҳи ноҳияи Айнӣ (sudiayni.tj), Додгоҳи ноҳияи Ашт (sudiasht.tj), Додгоҳи ноҳияи Мастчоҳи куҳӣ (sudimastchohikuhi.tj) ва Додгоҳи ноҳияи Шаҳристон (sudi-shahriston.tj) ҳам шомиланд.

Фаъол набудани торнамоҳои расмии мақомоти додгоҳӣ бо далели напардохтани маблағи хизматрасонии "домен"-у "хостинг" дар ҳолест, ки бино ба иттилои vip.tj, як сомонаи марбут ба пешниҳоди ин хизматрасониҳо, арзиши солонаи "домен-tj" 15 ва "хостинг" аз 150 то 170 долларро ташкил медиҳад.

Сомонаҳои мақомоти додгоҳии баъзе аз шаҳру навоҳии дигар, аз ҷумла Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (sudifirdavsi.tj), Додгоҳи шаҳри Конибодом (sudikonibodom.tj), Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа (sudikurgantube.tj), Додгоҳи ноҳияи Бохтар (sudibohtar.tj), Додгоҳи ноҳияи Ёвон (sudiyovon.tj) ва Додгоҳи шаҳри Кулоб (sudikulob.tj) ҳам фаъол нестанд ва далелаш ҳам рӯшан нест.

Аз фаъолият боз мондани сомонаҳои расмии мақомоти додгоҳии 30 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла пойхтахти кишвар дар ҳолет, ки Созмони милали муттаҳид дар гузоришҳои худ перомуни рушди ҳукумати электронӣ Тоҷикистонро миёни кишварҳои ҷаҳон дар мақомҳои поин нишондааст. Дар гузориши ахири пажуҳиши СММ, Тоҷикистон аз миёни 193 кишвар дар зинаи 129 қарор дошт. Гузориши СММ дар ду сол як бор бо назардошти сатҳи фарогирию сифати хадамоти интернетӣ, фановариҳои иттилоотӣ, сомонаҳои мақомоти давлатӣ, дастрасии шаҳрвандон ба шабакаҳои интернетӣ, сатҳи фаҳмиши аҳолӣ ва заминаҳои ҳуқуқӣ барои рушди ҳукумати электронӣ таҳия мегардад.

“Озодагон” моҳи марти соли 2014 дар мавриди сомонаҳои расмии ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон видео-гузорише таҳия карда буд, ки онро инҷо тамошо кунед:


Мӯҳр
Вой бар сари хукумати электрони. Дар мо хамач маскара шудааст. Ба ин хол то кучо мерафта бошем. Озодагон як ба сомонахои шахру навохихам назар кунед. varzob.tj rrudaki.tj. vahdat.tj. hisor.tj аз ин сомонахо ягон дараке нест. Шармандаги аз ин зиёд намешавад. Дар хусуси чандин маротиба дар расонахои хабари маводи танкиди чоп шуда буд, вале масъулин то хол хунукназариро касби худ пеша карда, кореро ба сомон нарасонданд. Ин сомонахоро мебинам, маколи хоча бог дори? дорам ба ёд меояд.

Пресса
Самариддини Айниддин директори телевизион нест дигар. Ислох кунед.

муосир
дуруст гуфтед Самариддини Айниддин рафт, аммо то хол дар сомона хаст. Сарумахаррираш дар поён коргари оддиш дар боло, ваё варзида дар охиру коргари одди дар аввал ин ва дигар камбудихои дар назхар намоён ...

беном
Сайтхои Кулобу Ёвон хастанд, дигароша надидам. Яъне, домену хостинг хастанд ва аз нуктаи назари техники сайт хаст. Контенти сайт масъалаи дигар.

Ба https://get.tj/en/checkdomain/ назар карда, доменхоро тафтиш кунед. Масалан, домени суди Бохтар барои "сохтани сайти шахси" (Description: Регистрация домена для создания сайта частного лица) регистрация шуда аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)