Бахшҳо

З.Исмоилиён: Ба чиновникҳо мошинҳои хидматӣ дода нашавад (САДО)

Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ доштани мошинҳои хидматии кормандони давлатӣ дар Тоҷикистонро зарур намешуморад.

Ахиран, Ҳукумати Тоҷикистон дар пайи буҳрони молӣ бо имзои як протокол вазорату идораҳои давлатиро вазифадор кард, маблағҳои буҷаи давлатиро назорат кунанд. Аз ҷумла ба ниҳодҳои давлатӣ дастур шудааст, истифода аз мошинҳои хизматиро кам кунанд ва аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд. Оқои Исмоилиён душанбеи 24 август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “Тоҷикистон як кишвари кучак аст. Иқтисоди заиф дорад ва бояд ба чиновникҳо мошинҳои хидматӣ дода нашавад, чунки хароҷоти давлат бештар мешавад”.



Ӯ афзуд, буҳроне, ки феълан дар Тоҷикистон аст, як буҳрони саросарӣ буда, кишварҳои абарқудрат ҳам аз иқдомҳои мушобеҳ ба Тоҷикистон кор мегиранд: “Инҳо як чизҳои маъмулӣ ҳастанд, ки давлат аз инҳо истифода мекунад, вале дар Тоҷикистон масъалаи иҷрои он матраҳ аст”.

Ин коршиноси тоҷик бо ишора ба зиёд будани хароҷоти кишвар таъкид намуд, “то ҷое, ки ман иттилоъ дорам, касри буҷаи мо дар ҳоли ҳозир аз 100/ 20 миллион зиёд аст. Мо бисёр масрафҳо дорем, ки онҳо ба назар гирифта намешаванд ва баъд пули зиёд масраф мешавад. Аз ин рӯ, агар ин иқдом дар воқеъ иҷро шавад, ба нафъи давлат аст. Давлати мо баъзан иқдомҳои хуб мекунад, вале иҷро шуданаш муҳим аст. Чунки чиновникҳои мо ҳамеша ахбороти бардурӯғ медиҳанд”.

Аммо ба назари Зулфиқори Исмоилиён буҳрони феълии Тоҷикистон марбут ба муҳоҷироне аст, ки дар Русия ва дигар кишварҳо кор мекунанд. Ба ҳисоби ӯ, бештар аз 60 дарсад воридоти арзе, ки муҳоҷирон ворид мекарданд, коҳиш ёфтааст. Ӯ далели дигари буҳронро тавлиди заифи мол дар Тоҷикистон медонад: “Ақалан, дар бозори дохилии худ мол истеҳсол бикунем, ки мардум онро бихарад ва пули мо гардиш хураду боқувват шавад. Мо аслан корхонаҳои тавлидӣ надорем. Дар ин 20 сол чӣ сохтем? Якчанд корхонаи нассоҷӣ сохтем, ки онҳо ҳам ба сабаби қиммат шудани нархи пахтаву андози зиёд кор намекунанд. Ҳеч чӣ маънӣ надорад ин корҳо”.

Ӯ дар ин замина кишвари Қирғизистонро мисол мезанад, ки мисли Тоҷикистон як кишвари заиф будаву даст ба сохатани корхона зада, дар бозорҳои кишварҳои Осиёи Миёна мақом пайдо кардааст: “Ҳоло, тамоми бозорҳои Тоҷикистон текстили Қирғизистон аст. Пойафзоли Қирғизистон аст. Чунки он дар ин замони кутоҳ бо Русия ҳамкорӣ карданд. Мардум фоида мебинаду ва ҳам ба ин буҳронҳои кучаке, ки вобаста ба нархи доллару арзи русӣ аст ба онҳо таъсир намерасонад. Мо як кишвари осебпазирем. Чаро ки мо бозор ҳастем. Дар як сол қариб ба 3 миллиард мол ворид мекунем, вале дар ҳудуди 600-700 миллион доллар содир мекунем. Ин ҳисоб ҳам 4-5 сол буд, шояд ҳоло ин миқдор ҳам содир накунем. Ба ин хотир ҳамеша тавозуни савдои хориҷии мо манфӣ аст”.

Ҷаноби Исмоилиён мегӯяд, солҳои ахир сохтани бозор дар Тоҷикистон зиёд шудааст, ки он қадар фоида надорад. Ба андешаи ӯ бозор танҳо ба давлат андоз месупорад ва “он ҳам агар нимаш ба хазинаи давлат биравад, ними дигараш ба ҷайби соҳиби бозор меравад”.

Ӯ сохтани бозору мағозаро роҳи наҷоти кишвар намедонад ва мегӯяд, “роҳи наҷот ва пурқувват шудани кишвар вобаста ба корхонаҳои саноатӣ ва тавлидӣ аст. Дар бозор чиро мефурӯшӣ? Он бозорҳоро аз моли Чину Туркияву Қирғизистон пур мекунем. Чӣ фоида аст аз он? Тавозуни савдои мо ҳамеша манфӣ будааст. Содироту воридоти мо баланс надорад. Воридотро то 3 миллиард зиёд мекунем, вале то 600 миллион содирот дорем. Яъне, 1,5 миллирд мо зиёдтар ворид мекунем. Арзе, ки мо бо он молро мехарем маҳсули кори муҳоҷирони мо буд, ки ҳоло кам шудааст ва дар оянда ҳамин бозорҳо ҳам заифу касод мешаванд”.
Мӯҳр
Коргар
Ҳами Исмоилиёна аз чашмакош маълум ай ки мардаки бахилчопай, ага не иқтисодчӣ агар боша медона, ки сарфакунии пул дар куҷо ай. Леки ба фикрум он қа иқтисодчӣ ҳам нест.

ш Душанбе
мо бояд ба таври фаври ...ба сохибкорон ....такия кунем , сохибкоро дасгири кунем , аз бурхони молияви мо як рох дорем , ки баройм..сохибкоронро бояд хаматарафа дастгири кунем дар Республикамон дигар рох надорем....Корхонахои саноатиро дар 3-симена ба кор дарорем ..шояд бехбуди шавад ...Аз Раисони нохияхо хоиш карда мешавад ба сохибкорон мусоидат намоянд........

бемол
Рахмат. Ба одами доно як ишора бас! Афсус , ки дар хеч чиз тахлил надорему ба суи куллахои номаълумм равонем.

а
бемол,

Он куллахо хеле хам маълуманд: танхо бойшавии авлоди хукмрон.

кулябец
То вакте коорупция хаст ва мардум бесаводанд иктисодиёт боло намеравад. Ба умеди чиновникхои бесавод ва мошинсавор аз хама кафо мондаем.

Mawlon
Бале пешниходи хеле хуб ва саривакти аст, бигузор онхо хам аз таксихои се сомонаву машруткахо истифода кунанд. пробкахо ва коидавайронкунихо камтар мешавад. медонед ки ронандахои ин чиновникхо ба назари ман касари вакт коидаро вайорн мекунанд ба хотири ки онхо мухимандку агар приоритети ман хам бошад бояд гуе мо ба онхо рах дихем.
Дуввум ин ки хамаи харочотхо аз буча бояд рушан бошанд яъне мардум ки сохиби ин замин аст донанд ки дар кадом кор чи кадар сарф шуд. Аз тарошидани ришу кашидани сатрхо мушкил халл намешавад.

Коршиноси содда буден Зулфикорчон!? О хамин чиновникии бемошину бе пора бай кира даркорай??!! Агар ин пораву мошин набошад дар бозор аробакаш будан бехтарай ай ин ЧИНОВНИКИ !!!!!???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)