Шиори “шумо экстремисту мо фаришта” кай аз байн меравад?
Далер ШАРИФОВ
Ҷобир аз хизматрасониҳои гуногуни иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе норизо аст ва пайваста масъулин ва роҳбарони шаҳрро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё ҷомеа мавриди интиқод қарор медиҳад. Аҳмад бошад, аз кори кормандони сохторҳои қудратӣ ва ё бархурди онҳо бо шаҳрвандон нигарон буда, суҳбатҳояш характери эътирозӣ доранд.
Ҷамшед дар кулл аз сиёсатҳои пешгирифтаи роҳбарони кишвар ё низоми мавҷуда розӣ нест ва бо шиддат аз ин сиёсатҳо интиқод мекунад, таҳлил менамояд ва андешаи худро баён месозад. Аз ин се нафар -- Ҷобир, Аҳмад, Ҷамшед кадомашон ЭКСТРЕМИСТ мебошанд?
Дақиқ ҳамон нафаре, ки андешааш ба касе ё гуруҳе писанд нест ё ҳарфаш бо хоҳишу хости дили ҳамон гуруҳ гуфта намешавад. Аз ин рӯ, бо “тақозои замон” онҳо аз ҷониби чанд ФАРИШТАИ кабинетнишин унвони ЭКСТРЕМИСТРО соҳиб шуда, равонаи зиндон ва ё чунон гӯштоб мешаванд, ки дигар чӣ будани озодии сухан, виҷдон, эътиқод ва инсон будану дар ҷомеаи маданӣ зиндагӣ карданро фаромӯш месозанд!
Ингуна қишри ҷомеа ду интихоб доранд: ё хомӯш истода аз равандҳои гуногуни ҷомеа канор рафта тамошобин мешаванд ё қасди ҳиҷрат мекунанду онҷо ин амалашонро идома медиҳанд.
Ин ду ҳолат ба манфиати давлат ва ояндаи миллат нест. Зеро бо аз майдон берун кардани онҳо, тудаҳо ба вуҷуд меоянд, ки байни онҳову ҳукумат ва низоми мавҷуда дигар гуруҳи сеюм боқӣ намемонад, то дар ҳолатҳои буҳронӣ мувозинатро ба вуҷуд оварда, шиддати он буҳронро коҳиш бидиҳанд. Шояд тӯдаҳо солҳои дароз аз низомҳо ё сиёсатҳои “хирадмандона” пуштибонӣ намоянд, розӣ бошанд ва хомӯш биншинанд, вале он ҳам як даври муайян дорад. Инҷо саргузашти Бен Алӣ, Муаммар Қазофӣ, Саддом Ҳусейн, Ҳусни Муборак... ба ёд меояд. Чаро ин давлатҳо то ҳол наметавонанд аз мушкилиҳо ё буҳронҳои сиёсиашон берун бароянд? Чунки замони низоми ин диктатурҳо дигарандешон, рӯшанфикрон, норозиён -- яъне ҳамон гуруҳи сеюм миёни ҳукумат ва тудаҳо бо тамғаҳои ЭКСТРЕМИСТӢ ва ТЕРРОРИСТӢ саркуб, зиндон, бадарға ва кушта шуда буданд!
Ҳамин тавр муносибат бо ЭКСТРЕМИЗМ ва ТЕРРОРИЗМ чӣ дар сатҳи давлатҳо ва чӣ дар сатҳи байналмилалӣ якранг нест. Ва он таърифҳои илмие, ки ин ду вожа доранд вақтҳои ахир корбурди ҳархела дошта, “мақсаднок” истифода мешаванд. Агар барои Русия ҷудоихоҳони Донбас дар шарқи Украина гуруҳҳои милливу озодихоҳ бошанд, ин гуруҳ барои Украина ва кишварҳои ғарбиву Амрико гуруҳҳои террористиву экстремистӣ мебошанд. Амрико иқдомҳои ишғолгаронаи артиши Исроилро як амали дуруст ва ватандӯстона медонад, аммо муборизаи халқи Фаластинро, ки барои сарзамин ва ҳаққи ҳалоли худ меҷанганд, на танҳо эътироф намекунад, балки онҳоро гуруҳҳои ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ мегӯяд.
Ин аст, ки дар сатҳи давлатҳо, хусусан кишварҳои ҷаҳони сеюм ва ё дар ҳоли рушд низ муносибат бо ин масъалаи ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ аз рӯи “манфиат” сурат мегирад. Масалан, ҳиҷоби шуморо аз саратон дағалона мегиранд, ришатонро маҷбур метарошанд, маъракаву тӯю зодрузатонро ба танзим медароранд ва назорат мекунанд, ки дар онҳо кӣ иштирок кунад ва кӣ бояд иштирок накунад. Инро мегӯянд “пешгирӣ аз бегонапарастӣ”, “таъмини амният”. Ба хотири эътиқод ё либос зан дар назди шавҳар ё шавҳар дар назди зан таҳқир мешунавад, он ҳам дар маҳзари ом. Вале касе инро амали ЭКСТРЕМИСТӢ намегӯяд, баръакс чунин “навъ”-и шаҳрвандонро хатар ва таҳдид ба амнияти миллӣ унвон мекунанд, на сарқонун ва на дигар меъёрҳои ҳуқуқиву шаҳрвандӣ наметавонанд аз шумо дифоъ намоянд.
Агар шумо ангушти ишора сӯи як зани нимурён ба қавле мудерн кардед ё як майнӯш ва ҷавонеро дидед, ки даст ба фасоди ахлоқӣ мезанад, каме насиҳат кардед, тамом. Аввалан шуморо ба ақибмондагӣ ва куҳнапарастӣ айбдор мекунанд, баъдан аз болои шумо шикояте сурат гираду ҳамчун ифротӣ ё ЭКСТРЕМИСТ муаррафӣ шуда, узви “Ал-қоида”, Толибон, ДИИШ, ҲИУ, “Ҳизб-ут-аҳрир”, “Ансоруллоҳ” ва ғайра мешавед. Ҳеч қонуну додгоҳе наметавонад аз шумо дифоъ намояд. Ва худатон ҳам наметавонед исбот кунед, ки ЭКСТРЕМИСТ нестеду ба ин гуруҳҳо алоқа надоред. Ин ҳаракатҳо ҲНИТ нестанд, ки дафтари расмӣ ё роҳбари аниқ дошта бошанд, то шумо маълумотнома биёред, ки узви ин гуруҳҳо нестеду то ин муддат аввалин бор дар бораи ин гуруҳҳо мешунавед.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонед ҳар мухолифи давлатро ошкору пинҳон танқид кунед, таҳқир намоед ё онҳоро корикатура карда, зери онҳо “лайк”-у“ класс” гузоред ва дағалона шарҳ бинависед. Зиндагии хусусии нафареро ба навор гиред ва ба намоиш гузоред. Почтаи дигарандешон ё ба истилоҳ норозиёну мухолифонро бишканед ва маълумотҳои хусусиву маҳрамонаро ба даст оварда, оммавӣ намоед Шумо ЭКСТРЕМИСТ нестед. Чаро? Зеро то ҳол шунидаед, ки нафаре бо чунин ҷурм ЭКСТРЕМИСТУ ТЕРРОРИСТ эълон шуда, ҳукм гирифта бошад? Оё дидаед, ки барои омода намудани навори фаҳшомез, ки борҳо тамошо кардаем, нафаре ЭКСТРЕМИСТ эълон шудаву ба хотири поймол кардани ҳуқуқҳои консититутсионӣ шаҳрванд ба маҳкама рафтааст? Оё нафаре барои он ҳама туҳмату буҳтоне, ки алайҳи дигарандешон ва мухолифон нашр мешавад бо ҷурми баромадан аз ҳади ваколатҳои хизматӣ тундгарову ҷарима шудааст?
Вале дар мавзӯъҳое, ки сиёсатҳои ҳукумат ба риштаи таҳлил кашида мешавад “лайк” нагузоред. Аз навиштани комментҳои интиқодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери акси мансабдоре худорӣ варзед. Чунки рӯзе муттаҳам ба ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ нашавед. Аз ин “лайк” -гузорӣ ва шарҳнависӣ як замон шуморо мепурсанд. ЭКСТРЕМИЗМ дар тарафӣ “рост” аст, касе ба тарафи “чап” коре надорад. Агар аз тарафи “рост” дифоъ кардед ва тарафи “чап”-ро танқид намудед, шумо ФАРИШТАЕД, аммо агар аз тарафи “ чап” истода ба кунҷи “рост” нигоҳ кардед, мехоҳед ё намехоҳед ЭКСТРЕМИСТ ҳастед ё дар рӯйхати тундгароҳои эҳтимолӣ!
Чунин навъи муносибат дар кишварҳои ҷаҳони сеюм дар ҳоли рушд аст. Ин гуна муносибат боиси он мегардад, ки як гуруҳи шаҳрвандон худро заиф, таҳқиршуда ва бе пуштибон эҳсос намоянд ва даст ба амалҳои ЭКСТРЕМИСТИВУ ТЕРРОРИСТӢ бизананд. Бо ин навъи бархӯрд дар ҷомеа натанҳо амалҳои ЭКСТРЕМИСТИВУ ТЕРРОРИСТӢ пешгирӣ намешаванд, балки онҳо ба таври бесобиқа ба майдон меоянд ва он ҳангом мубориза бо ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМИ воқеӣ душвор мешавад. Агар муносибат тағйир наёбаду бо ҳамин шакл идома кунад ва бархӯрд бо ЭКСТРЕМИЗМ ва ТЕРРОРИЗМ дар ҳамаи замина якранг набошад, он аз рӯи шиори ШУМО ЭКСТРЕМИСТУ МО ФАРИШТА сурат бигирад, пас чунин кишварҳоро дер ё зуд буҳронҳои шадиди сиёсӣ фаро мегирад.
АЗ ИДОРА: Ин навишта андешаи шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |