Бахшҳо
27 авг 2015 11:55Тоҷикистон / CV

Нишасти хабарии ҲНИТ дар “Sheraton”

Масъулини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки муваққатан бе дафтари корӣ мондаанд, аз баргузории нишасти хабарии худ дар меҳмонсарои “Sheraton” хабар медиҳанд.

Ин нишасти ҲНИТ зуҳри имрӯз дар меҳмонсарои мазкури шаҳри Душанбе соати 14.00 баргузор мешавад.

Тибқи иттилои масъулини ҲНИТ, дар нишаст баёнияи Шӯрои сиёсии ин ҳизб дар робита ба муносибати ахири мақомоти давлатӣ, баста шудани қароргоҳи марказӣ ва ҳам омодагиҳо ба анҷумани навбатии он баррасӣ хоҳад шуд. Анҷумани 12-уми ҲНИТ қарор аст, 15 сентябри соли равон баргузор шавад ва яке аз мавзуъҳои меҳварӣдар он интихоби раиси нави ин ҳизб хоҳад буд.

Додгоҳи иқтисодии Душанбе шоми 24 авгуи соли равон дар асоси пешниҳоду тавсияи Додситонии кулли кишвар ба дари қароргоҳи марказии ҲНИТ, воқеъ дар кӯчаи Борбад-1 муҳр зад.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, масъули ин ҳизб он замон дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, “Додситонии кулли кишвар далели ин корро дар баҳси ҳалнашудаи Кумитаи амвол бо соҳибмулки бинои қароргоҳи марказии ҲНИТ, ғайриқонунӣ харидорӣ шудани бинои мазкур, ки ба ширкати "Тиҷорат” мутааллиқ буд, арзёбӣ мекунад”.

Торнамои ҲНИТ бастани дари қароргоҳи марказии ҳизбро идомаи амалиёти "антинаҳзатӣ” унвон карда гуфт, "аз тифл то бузурги миллат хуб медонанд, ки рӯи кор даст гирифтани амалиёти мазкур танҳо ба хотири халал эҷод кардан барои баргузории анҷумани навбатии ҳизб аст, ки қарор аст 15 сентябри соли равон баргузор гардад".
Мӯҳр
Окил
"аз тифл то бузурги миллат хуб медонанд, ки.....ХНИТ ба онхо даркор нест. Наход Шумо инро то ба хол нафахмидед????? ХНИТ рисолаташро кайхо ба анчом расонидааст. У дигар дар чомеаи Точикистон даркор нест!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)