Шореҳи маъруфи тоҷик: Ҳамаи ҷаримаҳоро пардохт кардаам
Масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҷарима шудани Раҳматшоҳ Обидов, шореҳи маъруфи варзиш, ба маблағи 10 ҳазору 400 сомонӣ хабар додаанд.
Бино ба иттилои торнамои расмии ВУД, дурбинҳои назоратии “Шаҳри бехатар” давоми тақрибан яку ним сол 45 ҳолати нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз сӯи “Мерседес-бенс”-и мутаалиқ ба Раҳматшоҳ Обидовро сабт кардаанд. Раҳматшоҳ Обидов, шореҳи варзиш имрӯз, 26 август дар суҳбат ба “Озодагон” ҷарима шуданашро тасдиқ карда гуфт, маблағи ҳамаи ҷаримаҳоро пардохт кардааст: “Ду ҳазор доллар қарз кардаму тамоми ҷаримаҳоро супоридам”.
Раҳматшоҳ Обидов, корманди собиқадори телевизион буда, ахиран бо як фармони раиси Кумитаи телевизион ва радио ба идораи “Насими субҳ”-и Радиои Тоҷикистон фиристода шуд. Ӯ то чанд ҳафтаи пеш корманди Идораи ҷавонӣ, сайёҳӣ ва варзиши Шабакаи аввали телевизони Тоҷикистон буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |