Бахшҳо
27 авг 2015 16:10Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дархост барои бастани нуқтаҳои шустушӯи мошин дар соҳили Варзоб

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хостори қатъи фаъолияти бархе нуқтаҳои шустушӯи мошинҳо дар соҳили дарёи Варзоб шудааст.

Саидмуҳиддин Маҳмадаминов, як масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зист имрӯз, 27 август гуфт, дар пайи як санҷиш муайян намуданд, яке аз сабабҳои ифлос гардидани оби ошомиданӣ фаъолияти ғайриқонунии нуқтаҳои шустушӯи мошинҳо дар соҳили дарёи Варзоб будааст.

Ӯ, ки дар маҳфили “Эко журналистика”-и кумита суҳбат мекард, гуфт, дар робита ба ин масъала ба ҳукумати ноҳияи Варзоб мактуби расмӣ ирсол карда, дархост намудаанд, фаъолияти нуқтаҳои шустушӯи мошинҳое, ки боиси ифлос гардидани оби ошомиданӣ мегарданд, қатъ шаванд: “Бубинед, ҳамин обе, ки дар шаҳри Душанбе мардум истеъмол мекунанд, аз ҳамон ҷо меояд. Обе, ки дар чунин нуқтаҳо мошинҳояшонро мешӯянд, ба дарё меравад, дар наздашон ҳавзҳои махсус нест”.

Саидмуҳиддин Маҳмадаминов мегӯяд, дар баробари нуқтаҳои шустушӯи мошинҳо, “баъзан ҳолатҳое ба назар мерасад, ки сокинон партовҳоро ба дарё мепартоянд, ки ин ҳам боиси ифлос гардидани оби ошомиданӣ мегардад”.
Мӯҳр
ин точики точдор кай аклаш меояд ки бифахмад ки аз нигохи дини ислом обро набояд ифлос кард.

Точик
на ин ки танхо оби ифлоси нуктахои мошиншуи, балки обхои ифлоси хонахои дар бари дарё буда(хочатхона ва хаммом) низ ба оби Варзоб ворид шуда, хама партовхои онхо ба ин дарё партоб карда мешаванд.

Киём
Дар мошиншуихо ва мошин таъмирихои рохи Душанбе - Варзоб бозори сиёх низ амал мекунад.Он чо ба осоишихо молхои мамнуъ хам пешниход мешаванд, ки "статья" хошон бисьёёёр вазнинаст.БАСТАНАШОН савобаст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)