Бахшҳо

(ВИДЕО) Бародари Умар: Ба волоияти қонун бовар дорем

Неъмат Бобоҷонов, бародари бузурги Умар Бобоҷонов мегӯяд, ба волоияти қонун дар Тоҷикистон бовар дорад ва муътақид аст, гунаҳкорон ҷазо хоҳанд гирифт.

Умар Бобоҷонов, ҷавони 23-солаест, ки чанд рӯзи ахир дар Беморхонаи шаҳри Ваҳдат дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад. Наздикони ӯ иддао доранд, Умар барои риш доштанаш аз сӯи кормандони пулис латту кӯб шудааст.

Неъмат Бобоҷонов дар як навори видеоӣ, ки унвонии “Озодагон” ирсол кардааст, мегӯяд, ҳоло ӯ ва аҳли хонаводааш рӯзи сахтеро сипарӣ мекунанд, чун Умар дар ҳолати вазнин қарор дорад. Вай дар идома даъват мекунад, қазияи сари бародарашомадаро тобиши сиёсӣ надиҳанд: “Мутаассифона, баъзе гуруҳу журналистони алоҳида пайдо шудаанд, ки ба болои сӯхта ва захми аҳли хонаводаи мо намак мепошанд. Онҳо дар бораи ин ҳодиса ҳар гуна овозаҳо бофта, ба воситаи газетаю сомонаҳои интернет дар байни мардум паҳн мекунанд ва мехоҳанд, ки ин ҳодисаро барои ноором сохтани вазъият истифода баранд”.

Ӯ дар ин навори видеоӣ мегӯяд, ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бовар доранд ва “боварӣ дорам, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин масъаларо равшан сохта, ба гунаҳгорон ҷазо хоҳанд дод. Тафтишот нисбати ин ҳодиса давом дорад”.

Маҳмадсаид Бобоҷонов, падари Умар рӯзи гузашта ба “Озодагон” гуфт, мехоҳад афроде, ки дар латту кӯби писараш даст доранд, дар чорчуби қонун ҷазо бигиранд.

Дар робита ба ин қазия бо дастури вазири корҳои дохилӣ гуруҳи оперативӣ-тафтишотӣ таҳти роҳбарии муовини вазир таъсис шуда, ҳодисаи мазкур мавриди санҷиши хизматӣ қарор дорад.


Мӯҳр
Хахахахахахах уже тарсонданшон номард додараш дар дами маргу журналисто овоза кардиян. хами журналисто будан ки кори шумора дидестан агане ягон кас намепурсидактон. Ношукрбанда

Точик
Точикхо хаммаш хамнхеланд. Тарсончаканд. Он касоне ки дар бораи ин ходиса менависанд, ба хотири шумо наменависанд, балки ба хотири худашон, фарзандхо ва бародарони худашон менависанд, ки дар оянда ба хамин руз наяфтанд. Агар ин чиноят пушида монад, оянда бештар такрор мешавад. Неъмат шумо ба чои ташаккур аз журналистон ва мардуми бедор ки дар сафхахои ичтимои дар ин бора менасанд, онхоро танкид мекунед. Наход гушатаро кашида бошанд е гипнозат карданд. Е вокеан бародарат чинояткор буду мардум намедонад ва шумо медонед. Агар он кас чинояткор хам мебуд хеч вакт милиса хак надорад лату куб ва хакорату дашном кунад. Фахмидед? Масалан ман барои худам ва фарзандони худам нигаронам ки дасти ин гурухи вахши наяфтем.

Дар фейсбук аз дуне гузашт, шахид шуд гуфта хабар доданд ку?! Ё тавба, хазор бор рахмату магфират гуфта чояшро чаннати аьло муайян хам карданд. Намедони ба кадом манбаь бовар куни

хуб бе инсофи. бечора суннат гуфта мондаст риш, ируз ира инхел кардан хап кардем пагоҳ ҳамара ҳиминхел мекунан жалка мардуми бечорада Бахудо и чихел зиндагии демократияви мардума инқадар ғам метан


Зайдулло
Ба волоияти қонун бовар дорӣ, хести ки да гуши фил хобӣ,

ман хам ьа волоияти конун бовар дорам.аммо гап дигару кор дигар.неки як саркунуни зебое дорем вакте мехони рохат мекуни гуё точикистон як давлати демократии озодии тамоми хукукхои шахрвандро эътироф риоя мекунад.аммо баъди хонда шудан як ба чомеа нигох куни хамааш натичаи баракс медихад.

Агар дар хакикат конун волоият медошт, ин бародар ва боз бисери дигарона ба ШКД-хо намебурдан

ягон чизи дигар ва,да кунан аз бахри додараш хам мегзара бояд худи уро мезадан

АЗ ВАХДАТ
Интавр ношукр банда нашавед! Ба умеди адолатхам нашаведу аз мардум намонед! Ин мардуму рузноманигорон намешуданд касе ба ин казия расидаги намекард! Чаноби Неъмат!!!!

Ман хайрон хар чи ки Хукмат мекунад, Душманон овоза мекунанд ки нодуруст, Як маротиба гузаштаро дар ёд орем Мисол 1. Шайхтемуро капидан, хамма Ин хато мебошад гуфтан! 2. Мулло киримрезакро капидан хамма хато гуфтан. 3. Бачахое,ки дар чанги (ИГЛ) иштирок кардану бади пушаймон шуданашон, бозгаштану Хукумат вайхоро озод кардан Хаминхел мисолхо Зиёд хастанд
Ман хайрон, кадом кори хукуматро баъди анчом тафтишод хато гуфта метониста бошед? Шумо хам мисол биёред, чи. 1.2.3. гуфта

Ба "дуруст": мисолхо хеле зиеданд, аммо одамон метарсанд, ки нисбати онхо бо моддахои "гасби хокимият, даъват ба сарнагун кардани хокимият, заминфурушии 20 сол пешина, тамаъчуи ва г." парванда огоз мекунанд ва 26 сол зиндони мекунанд.
Вахдати,

Шараф
халатша роста напушондед акалан амака тарсондиян

Орчинзободи
Бародар немаът гарени тарсончак бдай агар кам тари дигар метарсондану бафикрм мегуфтм хдм додарма задам Дуруст аст ки журналистоне хаст ки воима мекнан аммо бояд мо худ ташхис бдихем ки хак аст ёне

Юсуф
Пагох мебинед, ки видеообращение-и Эшони Нуриддинчонро оид ба казияи ин бародар дар шабакахои телевизиони тахти унвони "Ба волоияти конун бовар дорем" пахш мекунанд. Дар ин чиз набояд хайрон шуд, зеро баъди шаташапаки милисахои точик, лозим шавад хатто мегуи, ки Ленинро ман кит-китак карда куштам! Неъмат Бобочонов хам баъди чак-чак бо кормандони амният, ба волоияти конун сахт эътикод кардааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)