Бахшҳо
05 сен 2015 09:10Тоҷикистон / CV / Тема дня

ҲНИТ: Даъвоҳои наҳзатӣ будани Ҳоҷӣ Ҳалим хилофи Сарқонун аст

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо баргузории як ҷаласаи изтирорӣ ҳамлаҳои мусуллаҳонаи ахир дар кишварро, ки наздик ба 20 кушта бар ҷой гузошт, баррасӣ карда, нигаронии шадиди худро баён кардааст.

Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ, аз ҷумла омадааст, “бо нигаронии амиқ вазъияти ба вуҷудомадаро барои суботу оромиши кишвар хатарнок ҳисобида, онро мушкили дохилии ниҳодҳои низомӣ медонад”.

Дар идома Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз муаррифӣ шудани генерал-майори фирорӣ - Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим), собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар ҳамчун узви ҲНИТ дар изҳороти Вазорати умури дохилӣ нигаронӣ карда, гуфтааст, ин дафъа низ баъзе мақомоти давлатӣ талош кардаанд, то аз ин мусибати миллӣ ва амалҳои афсарону сарбозони сохторҳои низомии давлатӣ барои ҳадафҳои сиёсии хеш судҷӯӣ намоянд: “ВКД дар сомонаи расмии худ матлаберо дар тафсири ин ҳодисаҳо ҷо кардааст, ки дар он Назарзода Абдуҳалим Мирзо, собиқ муовини вазири дифоъ ва Зиёвуддин Абдуллоев, собиқ афсари ВКД узви ҲНИТ муаррифӣ шудаанд. Ин даъво хилофи қонунгузории кишвар ва мантиқ буда, идомаи талошҳои қаблӣ барои часпонидани ҳамагуна иттиҳому айбҳои сохта ба ҲНИТ мебошад”.

Ба қавли аъзои Шӯрои сиёсии ҲНИТ, қонунгузории кишвар узвияти афсарону сарбозон ва кормандони мақомоти низомиро дар ҳизбҳои сиёсӣ манъ намудааст ва ингуна афрод наметавонанд узви ягон ҳизби сиёсӣ бошанд: “Чанде қабл гурӯҳе аз ин фармондеҳон ва афсарон бо изҳороте сиёсати пешгирифтаи доираҳои муайян аз ҳукуматро ҷиҳати бастани ҲНИТ ҷонибдорӣ карда, барои аз узвияти ҲНИТ хориҷ кардани аъзо кӯшишҳо ба харҷ дода буданд”.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ муаррифӣ шудани Ҳоҷӣ Ҳалим ҳамчун узви ин ҳизбро “идомаи душмантарошӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа" дониста, бо маҳкум намудан онро барои якпорчагии миллат ва давлат хатарнок донистааст: “Бояд гуфт, ки пештар ҳам талошҳои нокоме барои рабт додани полковники фирорӣ Ҳалимов Гулмурод ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ ба ҲНИТ сурат гирифта буд, ки ҷомеа ин тӯҳматҳои ғайримантиқиро қабул накард. Зеро, мавқеъи эътиқодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҲНИТ комилан шаффоф ва барои ҷомеа равшан аст, ки ҳамеша мухолифи ифротгароӣ, хушунату зӯроварӣ буд ва мемонад”.

Дар охир ба хонаводаи қурбониёни ин ҳамлаҳои хунин ҳамдардӣ баён шуда, аз мақомоти давлатӣ бори дигар тақозо кардааст, ин фоҷеаро барои ғаразҳои сиёсӣ истифода набарад: “Балки иштибоҳҳои қаблиро дар муносибат бо миллат ва арзишҳои эътиқодии мардум ислоҳ намояд. Набояд фаромӯш кард, ки афсарону сарбозони кишвар баробари сафарбар шудан ба хидмати Ватан ҳамоно ҷузъи ҷудонашавандаи миллат боқӣ мемонанд ва ба арзишҳои милливу мазҳабии он эҳтиром қоиланд. Мақомоти давлатӣ бояд аз пайи ҳам такрор шудани чунин ҳодисаҳо дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ибрат бигиранд ва иштибоҳҳои худро ислоҳ намоянд. Такрори чунин ҳодисаҳои нангин пас аз созиш ва ваҳдату бародарии бемисли миллӣ баёнгари он аст, ки дар ин раванд мушкилоте ба вуҷуд омада, ки мутаассифона то ҳол мақомоти давлатӣ онҳоро нодида мегиранд ва сиёсатҳои яктарафаи саркӯбгароёнаи худро алайҳи ҳизбу ҳаракатҳои мухолиф, гуногунандешони сиёсӣ ва динӣ идома медиҳанд”.

Инчунин Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз ҳукумати кишвар талаб кардааст, ҳар чи зудтар дар сиёсати худ таҷдиди назар намуда, барои ба эътидол овардани вазъият ва ҷилавгирӣ аз хунрезии бештар тадбирҳои лозимаро биандешад ва аз таҷрибаи нодири муколамаи миллӣ истифода намояд: “Зеро идомаи сиёсатҳои иштибоҳӣ заминаи эътирозҳои баъдиро дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нигоҳ медорад”.
Мӯҳр
Сино
Дар бало мондаст ХНИТ чи номакулие шавад ки кардаст ХНИТ кардаст ...

Нозир
Сад дар сад дуруст!
ВКД сатҳи профессионализми худашонро нишон доданд.
Исбот сохтанд, ки то чӣ дараҷа савод доранд.
Агар хизматчии ҳарбт ё давлатӣ аъзои ҳизб бошад, бо ҳамин сабаб ӯ бояд сафи хизматчиёнро тарк кунад. Офарин ВКХ! Бори дигар лиқои асли худро ифшо кардед.

12345
ДАР ИН ХАМА МУДДАТ ФАЪОЛИЯТАШ ИН ХАМА МАНСАБХОИ БОЛОМАКОМУ МУОВИНИ ВАЗИР И МУДОФИЪА БУДАНАШ ЧУВА ЯКБОР НАГУКФТЕН КИ АЪЗОИ ХНИТ ХАСТ ?????????????? АКУ ВАКТЕ КИ АЗ ИШТИБОХИ ХУТОН БА ИН ЧИНОЯТ РАФТ БАД МЕГЕН АЪЗОИ ХНИТ !!!!!

генерал Ш.Мирзо кучо нигох мекарда бошад!?чонишини вазир-террорист!?

мубориз
ХУдоё Точикистонро аз чанг эмин дор худоё мардуми точикистонро аз чанг эмин дор, Худоё ба ХНИТ чизе ки мехохад хох курси хох мол хох пул бидех аммо факат ба мо мардуми точикистон чизе ба гайр аз сулх даркор нест факат моро аз чанг эмин дор,

точик
Тагйироти чидди ва кулли дар вазорати мудофиа бояд!!!!!!!
дар сохаи харби нафароне бояд рохбар ва адои хизмат кунанд, ки вазъи саломатиашон хуб бошад........ бо вазнхои наздики .... кг ба зур рох мегарди.

саид
Аз мардуми рохгумзада як хохиш дорам, ки агар Назарзода Абдухалим Мирзо аъзои ХНИТ намешуд дар соли 1997 бо пешниходи ХНИТ сардори баталиони таин мешуд сад дар сод аъзои ХНИТ мебошад.

Бс Саид
Саид бисёр дуруг нагу магар Махмадрузи Искандаров раиси хизби демократ, Зайд Саид бехизби,, Саламшох бехизби ва чандин каси дигар ки бо пешниходи хнит мансаб гирифтанд аъзои хнит буданд? Бисёр дуруг нагу аз сиёсат фарсаххо дури фитна наандоз. Пушти компютер нишаста фитна медози мисли азозил, бачахои мардум кушта мешаванд ту парво надори шарм кун.

Ман тарафдори ХНИТ нестам аммо ВКД е ки тариф доред чаро Халимов Гулмурод ро чунин тарбият карда аст ! Кормандони ВКД як чавони 23 солаи точик ва бо имонро ба катл расониданд ба инаш чи мегуед ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)