Бахшҳо

Шӯрои уламо қурбониёни ҳамлаи “Ҳоҷӣ Ҳалим”-ро шаҳид хонд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз ҳалокати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи ҳамалаҳои гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим изҳори ташвишу тасаллият кардааст.

Шӯрои уламо, ниҳоди зертобеи Саидмукаррам Абдулқодирзода имрӯз, 7 сентябр бо пахши як изҳорот гуфтааст, аз ҳаводиси ғайричашмдошти рӯзҳои охир - ҳамлаи нохалафонаи гурӯҳи ҷинояткорон бо сарварии собиқ муовини вазири дифои мамлакат Абдуҳалим Назарзода (ҳоҷӣ Ҳалим) ба бинои марказии Вазорати мудофиаи кишвар ва бинои шуъбаи милисаи шаҳри Ваҳдат, ки боиси ҳалокати якчанд нафар муҳофизони амнияту тартибот, кормандони дастаи таъиноти махсуси ВКД ва чанд нафар хизматчиёни дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардидааст, хеле дар ташвишу изтироб мебошад: “Ба падару модарон, бародарону хоҳарон ва хешу ақрабои онҳое, ки наздиконашон ҷон ба каф гирифта, амну суботи моро ҳимояткунон ҷон супурданд, изҳори тасаллият намуда, аз Худованди азза ва ҷалл барояшон сабри ҷамил ва аҷри азим мехоҳанд".

Ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон изҳори боварӣ намудааст, ки қурбониёни ин ҳамлаҳо шаҳид мебошанд: "Мо мутмаинем, ки ин сарбозону афсарон, ки барои ҳимояи рӯзгори осоиштаи ҷомеи мусулмонӣ ва арзишҳои муқаддаси ватани азиз ҷони хеш нисор кардаанд, ба шаҳодат расидаанд ва номи неки онҳо аз лавҳи ёдҳову хотираҳо нахоҳад рафт. Ватан ва мардуми азизи кишвар ҳамеша муҳофизону тансипарҳои хешро гиромӣ хоҳад дошт, зеро ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар”.

Шӯрои уламо дар ниҳоят аз Худованди бузургу тавоно ва меҳрубону карим хостааст, ҳамаи мо ва диёри азизи моро аз ҳама хавфу хатар ва аз шарри ҳасудону нотавонбинон дар паноҳаш нигаҳ дорад!
Мӯҳр
Саидмукаррам Абдулқодирзода Точикистонро "чомеаи исломи" гуфтааст, мабодо ин гуфтаашро чун хатои сиёси кабул накунанду риши эшонро натарошанд? Чомее, ки алайхи ришу салла ва сатру хичоб мебориза мебараду дари хама гуна мадрасахоро баста, таълимоти исломро манъ мекунад, магар чомеаи исломи буда метавонад?

ali
Шахид буданашро хеч кас намедонад гайр аз Аллох.

Чамшед
Илми динии ман барои хулоса баровардан он кадар хуб нест, лекин ман шахсан мутмаинам, ки хар нафаре ки дар хифзи ватан чон нисор кардаанд, хатман сазовори рахми Худованд мегардад. Чояшон чаннат гардад, ин шермардоне, ки чони худро барои миллату давлат, барои бехатарии оилаву наздикони худ бахшидаанд. Омин!

ali
Шахид буданашро хеч кас намедонад гайр аз Аллох.

хакчуй
ту бар зиди ришу хичоб гап мезани аз кучо медони шахид шудаанд

Мехостам аз Раиси Шурои уламо бипурсам, ки оё Умар Бобочонов, ки барои риш доштан ва мусулмон буданаш аз тарафи милисахо кушта шуд, низ шахид аст ё не?

Мусалмон
Бале. рост мегӯяд дар байни милисаҳои тоҷик ҳам мусалмонаш ёфт мешавад.

Бахтиёр
Дар хакикат гуфтахои муфти дуруст мебошад. Шахид гуфта чунин шахсонро мегуянд. На ин ки ба фирефтаи гуруххои ифроти гашта ба Сурия ё Ирок мераванд. Арзи сипоси тамоми шахрвандони ЧТ ба кормандони хифзи хукук ва тартибот. Шахсони ватандуст даст ба дуо бардошта ба хаки шахидони Ватан дуо намоед.

бандаи Аллох
Ман нав фахмидам ки шахсоне ки барзиди дини Аллох хастанд яъне барзиди сцннати муакадаи поёмбар, барзиди сатри ИСЛОМИ барзиди масчид ва амри маъруф боз шахид мешудиан. хайрон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)