Бахшҳо
07 сен 2015 17:38Тоҷикистон / Тема дня

Ҷароҳати вазнини Саидшоев-“дастпарварди хориҷӣ” дар амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим

Ҷамолиддин Саидшоев, сокини 44-солаи шаҳри Истаравшан, ки ҳанӯз се соли пеш хабари боздошташ ба иттиҳоми ҷиноятҳои солҳои 90-уми асри гузашта паҳн гардида буд, дар амалиёти мақомот алайҳи гуруҳи мусаллаҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.

Ҷароҳати Саидшоев, ки аз ҷониби Вазорати умури дохилӣ ҳамчун узви ҲНИТ ва узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим муаррифӣ мешавад, дар ҳолест, ки расо се сол пеш мақомот аз боздошти ӯ хабар доданд. Тавре мақомоти умури дохилӣ моҳи сентябри соли 2012 хабар доданд, Ҷамолиддин Саидшоев баъди 10 соли фирор боздошт гардид.

Мақомот Саидшоевро дар убури ғайриқонунии марз, таҳсили низомӣ ва омӯзиши кор бо маводи тарканда дар хориҷи кишвар муттаҳам карда буданд ва парванда алайҳи ӯро Сарпрокуратураи ҳарбӣ пеш мебурд. Парванда алайҳи ӯ ва даҳҳо нафари дигар аввали солҳои 2000-ум оғоз шудааст, вале ӯ фирор карда, танҳо соли 2012-ум дар зодгоҳаш боздошт гардид.

Дар ҳоле, ки ҷузъиёти раҳоияш маълум нест, номи ӯ дар пайи “исён”-и Ҳоҷӣ Ҳалим дубора расонаӣ шуд. Тибқи иттилои мақомот Саидшоев бо ҷароҳатҳои вазнин феълан дар боздошт қарор дорад.

Тибқи иттилои ВУД то ҳол ҳудуди 55 узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт ва 17 нафар кушта шудаанд. Дар қатори боздоштшудагон собиқ қумандонҳои мухолифин аз ҷумла Муродов Сарабек низ ном бурда мешавад.
Мӯҳр
Албат дар турма дастгираш кардан.

Салом сомонаи озодагон
шумо чи ин қадар дурӯғ зиёд мегуед?? Қиёмат доред ё не??

Парвона
Баъди боздошташ пул дода, уро аз зиндон рахо карданд, акнун часади нимчонашро дубора боздошт карданд. Ана сабаби порагирии хукуматдорон аён шуда истодааст.

Сино
Парвона,
Чи дуруг навиштабошад?

точик
ин мардак ба Кендал аз филми Садбарги Сиёх монанди дорад.

Озодагон хохиш мекунам, ки хаводисро яктараф бахогузори накунед. Хукумат чи тасмиме гирифта бошад он дар доираи конун амали мегарад. Аз пашша фил сохтан лозим нест.

ДИПЛОМАТ
КОМЕНТАРИЯИ МАРО ГУЗОРЕД

Салом Озодагон, хохиш мекунам вокеиятро то ба охир доир ба ин масъала тахкик намуда баъд чоп кунед. Хеч бовар намекунам, ки Саидшоев дар ин муддат аз назари макомоти кудрати дур монда бошад.

Салимшо
И маак чихелй ову нун мехурда боша...

ин кадр аз кадом филм аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)