Бахшҳо

Даъвати Қодиров аз Э.Раҳмон ва дигар раҳбарони мусалмон: Фардо дер мешавад...

Рамзан Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва дигар раҳбарони кишварҳои мусалмоннишин даъват намудааст, ки ба гурезаҳои мусалмони кишварҳои ҷангзада дасти ёрӣ дароз кунанд.

Қодиров дар сафҳаи шахсии интернетияш изҳор доштааст, ки дар пайи сиёсати нодурусти Ғарб бисёре аз сокинони кишварҳои мусалмоннишин, аз ҷумла Афғонистон, Ироқ, Сурия, Алҷазоир, Лубнон, Яман ва Судону Сомалӣ гуреза шудаанд. Ӯ аз роҳбарони Тоҷикистон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Умон, Баҳрайн, Кувайт, Индонезия, Малайзия, Қазоқистон, Туркманистон, Узбакистон, Озарбойҷон ва дигар кишварҳо даъват намудааст, ки ба ҳимояи бародарони ҳамдинашон бархезанд.

Қодиров таъкид намудааст, ки роҳбарони ин кишварҳо ҳамчун мусалмон уҳдадоранд ба гурезаҳои ниёзманд кӯмак кунанд ва ҳушдор додааст, ки бетарафӣ дар ин ҳолат рӯзи қиёмат ҷазои сахт дорад. Ӯ илова намудааст, ки агар имрӯз барои ислоҳи вазъ чораандешӣ накунанд, фардо дер хоҳад шуд ва ин мушкил метавонад ба сари ҳар кишвари мусалмоннишин биёяд.

Ин даъвати раисиҷумҳури Чеченистон дар ҳолест, ки бино ба иттилои агентии сарҳадии Аврупо Frontex дар ҳафт моҳи соли 2015 340 ҳазор муҳоҷирон аз кишварҳои ҷангзада вориди Иттиҳоди Аврупо гаштаанд. Тибқи иттилои расмӣ ҳамарӯза дар роҳи гурез ба Аврупо даҳҳо муҳоҷир ба ҳалокат мерасанд. Комиссияи Аврупо буҳрони феълии муҳоҷиронро бузургтарин баъди ҷанги дуюми ҷаҳон хондааст.
Мӯҳр
Чаноби Кодиров!
Мо худ зиёда аз 2 миллион мухочир дорем ва намедонем, ки аз Русия депортшудахояшро чи гуна таъмин кунем ва ё боз ба кадом кишвар фиристем. Шумо бошед моро ташвик дода истодаед, ки гуреза кабул кунему ба гурезахо ёрдам дихем.
Шумо хубтараш ягон кишварро ташвик кунед, ки ба мо кумак кунад

Ҳолдон
Ин мард медониста бошад, ки худаш кист? Ва кӣ ӯро ҳақ дода бошад, аз раҳбарони кишварҳои хориҷӣ даъват ба амал оварад? Оё акаи Путин хабар дорад?

Рамзан Қодиров оё боре ба худ савол додааст, ки чаро он гурезагони ғуру ғафсу бари рӯяшон суп-сурх намехоҳанд ба Русияи бузург раванд? Гурезагоне, ки ба мақомоти маҳаллӣ сар ба сар шуда, густохона демократия ва риояи ҳуқуқи инсонро дар қаламрави давлатҳои бегона дастак мекунанд, чаро ин дастовардҳоро аз шоҳону амирону кабирои хеш талаб накарданд. Он дастовардҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиро бобову бобокалони сокинони Олмон, Австрия, Норвегия, Шветсия ва дигар кишварҳои Ғарб дар мубориза ва набардҳои шадид, меҳнати сангин ба даст овардаанд. Он гурезагони мусулмон ва дигарҳо бояд аз гулӯи ҳукуматдорони худ сахт бигиранд ва кор ва зиндагии шоиста талаб кунанд. Ҳамаи давлатҳои мусулмоннишин дар ботлоқи фасодкорӣ ғӯтидаанд. Гумон набаред, ки бо даъвати Тоҷикистону Узбакистон қисме аз он гурезагон ба тарафи мо мешитобанд. Онҳо медонанд, ба кадом кишвар раванд. Сатҳи зиндагии Германияву Шветсия куҷову Узбакистону Туркманистону Тоҷикистон куҷо. Талбанда дари хонаи бойро мекӯбад!

Ислом
Мошоаллоҳ қандша занад Қодиров мана бародари

Зафар
Дар хакки ин чавонмарди мусулмон як чизро гуфтаниям яъне Кадиров Рамзан , Аллох нигахбонат бошад дар ин кори хайрат ва тафик дихад ба дигар рохбарони давлатхои мусулмон ин шахс ба чунбиш овард дини исломро ,ба ларза даровард душманони исломро, бо суханхои муборакаш имон даровард ба мардуми дигар дин,сафи мусулмонхоро бо амалхои некаш зиёд гардонид дар охир гуфтаниям эй мардуми точикзабон дуъо кунед дар хаккаш иншаллох баракат меёбед

бериш
Вай ришдор бо мо нест ва ришдорхои гурезаро кабул надорем

Сабир
ДжазакАллох,у хайран,офарин ба х,амин одам!!!!

ДжазакАллох,у хайран,офарин ба х,амин одам!!!!

Худо нигахбонат Рамзан кадиров барои гамхори

ш Душанбе
Кандата зан ...фарзанди мусулмон илохи барака ёби.......умуман дар Чахони мусулмон камаст чунин баномусон.......

АС
Акои Рамзан! Барои мо точикон хаминаш намерасид, ки гурезагони ношиноси арабиро ба територияамон рох дихем. Хабаргузорихо аллакай гуфтаанд, ки дар байнашон чандин хазор террористони давлати исломи хаст. Бе даъвати шумо хам, чаноби Кодиров, Точикистон инак соли бистум аст, ки гурезагони чангзадаи афгонро кабул карда истодааст.

ҷаноби Қодиров шояд Руссия ва Эрон ба фирориёни ҷанги Сурия дасти кумак дароз кунанд !? ҷанги Сурия ва Ироқ дасисаи давлатҳои абарқудрат аст , ва маҳс онҳо бояд ба кумакашон бирасанд .

оху вох
Касе ки ахсант ба Рамзан мегуяд. .............Дарвозаю хонаю хурокаи анике надореду чаро ахсанту рахмати зиёд ба Рамзани серу пур мегуед, ................Эээээ худобехабархоооооо дар пеши Э. Рахмон намоз гузоред! !!!

ЧАНОБИ КОДИРОВ ФИКРИ ШУМО ДУРУСТ АСТ АММО МО ТОЧИКОНРО МАОШАМОНРО НАМЕТАВОНАНД ДИХАНДУ АЗ КУЧО БА ГУРЕЗАГОН КУМАК КАРДАН МЕТАВОНАНД МО ХУДАМОН БА КУМАК НИЁЗ ДОРЕМ БАЪД ДИГАРАШ ИН КИ АЗ ОНЕ КИ БА КИШВАРХОИ МУСУЛМОНИ БИЁЯНД БЕХТАРАШ БА КИШВАРХОИ ГАЙРИ МУСУЛМОНИ РАВАНД ХУБТАР АСТ АЗ МУСУЛМОНХО ДИДА ОНХО БО РАХМТАР ВА МЕХРУБОН МЕБОШАНД ДАР АВРУПО МУСУЛМОНИ ХУБТАР АСТ Салимшо,

мусулмон
оху вох,
дар пеши одам намоз намегузоран худобехабар

санам
Рамзан дар сатхи худат гап зан!.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)