Бахшҳо

ВИДЕО: Дархости раддия аз “Россия 24” дар мавриди генерал Назарзода

Ҷониби Тоҷикистон мехоҳад шабакаи маъруфи “Россия 24”, ки ба ҷои Абдуҳалим Назарзода акси Рустам Назарзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистонро ҳамчун "раҳбари гуруҳи террористӣ" нишон додааст, раддия пахш кунад.

Дар ин бора ба “Озодагон” аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар дода, афзуданд, “мо медонем, ки дар ин гузориши телевизионӣ иштибоҳан акси генерал Рустам Назарзода намоиш дода шудааст. Танҳо мехоҳем, ки ин хатояшонро ислоҳ кунанду эълон намоянд, ки хато шудааст”.

5 сентябри соли ҷорӣ шабакаи “Россия 24” дар як гузориши телевизиониаш дар бораи ҳодисаҳои рӯзи 4 сентябр ва генерали фирорӣ - Абдуҳалим Назарзода навореро пахш карда, ба ҷои Абдуҳалим Назарзода акси Рустам Назарзодаро нишон дод. Дар гузориш Назарзода ҳамчун генерали исёнгар ва раҳбари гуруҳи террористӣ муаррифӣ шудааст, ки дар қатли кормандони мақомоти умури дохилии Тоҷикистон даст дорад.


Мӯҳр
хатогиро ислох намудан лозим

Ин икдоми макомоти зиддахли Россия ба чои калла салларо биёр гуфтаги барин. Замон замони иттилоот. Чи кор кунем, имичи телевионро бардорем гуфта, игво меандозанд

бай бай, россия шедрая душа

Ман
Хахахахах Точикистонро шарманда карданд.

Ту
Ман,
Точикистонро не худашона шарманда кардан бояд хабарро тахлил карда баъд ба намоиш мегузоштанд.

Ман,
Ман,
бародар и тоҷикистон бисту ягсолшидки шармандашудагийай шумо ҳолиям дарак надоред

Лакайбек
Ҳануз дар замонҳои салтанати Леонид Брежнев, шахси аавали Иттиҳоди Шӯравии абарқудрат, дар яке аз ҷаласаҳои калон аз чи боис баъзе аз ҷумҳуриҳоро номбар карда, пас аз Киргизия, ТАДЖИКИЯ гуфта буд. Рафти ин ҷаласа аз ТВи 1 марказии Маскав нишон дода мешуд. Бесаводии Котиби Генералии КМ КПСС, яъне роҳбари Шӯравиро қариб 200млн. ва шояд аз он ҳам зиёд кас мушоҳида кард. Чи бирасад ба иштибоҳи акси "какой-то таджикский генерал". Тайи 23 сол истиқлолияти кишвари азияткаштдаи Тоҷикистон дар хоки русия шояд 100ҳазор тоҷику тоҷикистонӣ ҷоми шаҳодат нӯшид. Боре русҳо бахшиш хостанд? Тоҷикистон барои Русия як қартаи бозӣ аст ва тоҷикҳо пеши он донаи арзан барин қадр надоранд. Набояд аз рус интизор шуд, ки онҳо ба галугии худ иқрор шаванд. Онҳо ин корро ҳеҷ вақт намекунанд. Ақаллан сафирашон дар Душанбе метавонист "изҳори таассуф" кунад, лекин дидед ки накард. Ана ҳамин хел, азизон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)