Бахшҳо

АКСУ ВИДЕОИ тирпаронии “ОМОН” бо гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар гардиши фурудгоҳ

Дурбинҳои “Шаҳри бехатар” лаҳзаҳои тирпаронии кормандони дастаи таъиноти махсуси Вазорати умури дохилӣ-“ОМОН” бо гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар гардиши фурудгоҳро сабт кардаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шоми 7 сентябр бо пахши як гузориши видеоӣ лаҳзаҳои тирпаронии кормандони “ОМОН”-ро дар гардиши фурудгоҳи шаҳри Душанбе нишон дод, ки тариқи дурбинҳои “Шаҳри бехатар” сабт шудаанд: “Дар навори сабткардаи дурбинҳо мошини низомии ҳомили кормандони “ОМОН” соати 5-у 24 дақиқаю 54 сония ба гардиши фурудгоҳ омада меистад. Баъди чанд сония яке берун рафта, сӯи роҳи пиёдагард ҳаракат мекунад, вале маҷруҳ шуда, бо дастгирии ду ҳамроҳи дигараш ба назди мошин бозпас мегардад. Дар навор се корманди “ОМОН” намоёнанд, ки зимни тирпаронӣ якеаш маҷруҳ мешавад”.

ВИДЕОИ ГУЗОРИШИ ВУД ВА ЛАҲЗАҲОИ ТИРПАРОНӢ ДАР ГАРДИШИ ФУРУДГОҲ

Сайёд Раҳимови 23-сола, ягона корманди “ОМОН”-е, ки дар тирпаронии субҳи 4-уми август дар гардиши фурудгоҳи Душанбе маҷруҳ шуда, ҷон ба саломат бурдааст, дар суҳбат бо “TojNews” қазияро чунин шарҳ додааст: “Мо омодагӣ доштем, ки ҳамла сурат мегирад, вале ба ин хел шиддатнок будани ҳамла омодагӣ надоштем. Вақте мо расидем, сардори штабамон Дмитрий Бӯриев давида рафт, ки ӯро парронданд. Аз дохили даромадгоҳи хонаи баландошёна ПК (пулемёти Калашников) мезаду аз ҷои дигар “снайпер (нишонзан)”. Маро ҳам бо автомат не, балки аз он тараф “снайпер” зад. Фикр кардам, маро аз пушт задаанд. Хун рафт, ҳама либосҳоям пури хун шуда буд. Вақте сардорамон ба самти онҳо ҳамла кард, ман аз қафои ӯ будам, касе, ки ӯро парронд то ҳол чеҳраашро фаромӯш накардаам. Он замон як ҳамраҳи дигарам ҳам захмӣ шуда буд. Худро пеш кашидам. Силоҳи худамро дар таги сари ӯ мондам. Дигар дилам нашуд, ки силоҳро аз таги сари ӯ бигирам. Дидам, ки як автомати дигаре дар замин хобидааст, онро гирифта ҳамла кардам. Ростӣ, он замон умеди зинда мондан ҳам хеле кам буд, чун тақрибан 10 дақиқа аз болои сарамон мисли борон тир мегузашт. Касе, ки ба сардор ҳамла карда буд, чеҳраашро ба хотир дорам, ман дар пояш паррондам. Дидам, ки аз сӯи дигар боз ду кас меояд, ба тарафашон тир холӣ карда, як нафари онҳоро аз по афтондам, вале дигариаш гурехт. Мо аввалин гуруҳ будем, ки ба ҷои ҳодиса расидем ва аввалин касоне будем, ки дар ин воқеаҳо қурбонӣ додем. Тирборон тақрибан 10-15 дақиқа давом кард, баъд дар як “Страекс” як гурӯҳи милисаҳои дигар омада расиданд”.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки дар даргириҳо 9 корманди мақомоти умури дохилӣ-5 нафар дар Душанбе ва 4 нафар дар Ваҳдат ба ҳалокат расида, 10 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Феълан амалиёт алайҳи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, ки ба дараи Ромит фирор кардаанд, идома дорад.


АКСУ ВИДЕОИ тирпаронии “ОМОН” бо гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар гардиши фурудгоҳ

АКСУ ВИДЕОИ тирпаронии “ОМОН” бо гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар гардиши фурудгоҳ

АКСУ ВИДЕОИ тирпаронии “ОМОН” бо гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар гардиши фурудгоҳ

АКСУ ВИДЕОИ тирпаронии “ОМОН” бо гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар гардиши фурудгоҳ
Мӯҳр
оли бо ягон касе пайдо мешава ки пуштии и паатора мегира. Охир ба хама маълум аст, ки одаме ки ба даст ярок гирифт у худ чинояткор аст. Ин давлат бесохиб нест. Халк як бор азоби чанга дид... Дига и беаклира намекна....неки афсус ки холиям якта нимта беакл дар байни мо мондагияй, ки ба ино бовар мекна.

YBV
Ozodagon iltimos videohoro dar youtube moned, baroi ki az khorija az sahifai topvideo.tj tamosho karda nameshavad

Р о
Хами видеои пеши хонай хочи халима нишон медоден хуб мешид

Хами видеои пеши хонай хочи халима нишон медоден хуб мешид

Khoriji
Videoro dar Youtube moned. In TopVideo.tj musor sait ast. Tamoman kor namekunad.

Дуогуй
Худоё касонеки хадафшон озоди вокеи аст дар панохат нигах бдор ва мувпфакон бгардон

Рамиз Сафаров
АЗ ИН САЙТ ВИДЕОРА ТАМОШО КАРДА НАМЕШАВАД.ОНРО ДАР ЮТУБ ЧО ДИХЕД

Ростгу
Барои чи дигар идорахою ташкилотхои давлати то имруз аз гайриконуни гасби бинохои Хочи Халим сухан накарданд. Хунукназарона амал кардан ва ришвахурии сохторхои Хукумати ба хамин руз оварда расонд. Вакте ки Хочи дар вазифа ва унвон буд ягон нафар ба дари хонаи у наздик намешуд. Агар хисоб карда барои у аз андоз ва барк низ чи кадар маблаг карздор бошад. Танпарвар ва шахсиятро "хурмат" кардан ба чиноят овард. Агар хамин хел санчишхо ба хамаи сохибкорони фаъол гузаронида шавад, аз Хочи да чинояткорони вазнин дар озоди гаштаанд.

худовандо ватани мо Точикистонро дар панохи худат нигох дор wink

Масчоӣ
Алишерчон,
Давлат сҳиб медошт,барои риш шуда як ҷавонеро зада намекуштанд.

Салом алейкум ба Озодагон.Аз Шумо хохиш карда мешавад хамон видеоро аз сойти топвидео гирифта дар сайти худатон монед.Чунки дар давлате ки ман карор дорам, видеои ин сойтро боз намекунад.

Бободжон Душкачон
Аллох хар як шахси мусалмонро таъфик тия худованд хичмавахт дар Точикистон чанг нашавад иншоаллох Худованд бад хохони милатро чазояшонро медихад омин

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)