Бахшҳо

(ЧАШМАНДОЗ) Исёни генерал: Ҷараёни ҳаводис аз субҳи 4 сентябр то имрӯз

4 сентябр ба Шӯъбаи корҳоди дохилии шаҳри Ваҳдат ва Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа дар Душанбе ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт. Мақомот ин ҳамлаҳоро кори дасти Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири мудофиа гуфта, хабар доданд, ӯ ва ҷонибдоронаш ба дараи Ромит фирор кардаанд. Бо гузашти 12 рӯз ВКД ва КДАМ аз анҷоми амалиёти вижа алайҳи ин гуруҳ хабар дод. "Озодагон" ҷараёни ҳаводисро, ки ба расонаҳо роҳ ёфт, пешниҳоди хонанда мекунад.


БОМДОДИ 4 сентябр ба Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Ваҳдат ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт. Ин ҳамла дар ҳоле буд, ки қазияи Умар Бобоҷонов сари забонҳо мегашт. Ба иттилои наздикони Умар ӯ аз сӯи кормандони пулис барои ришаш латту кӯб шудааст. Бобоҷонов дар ҳолати вазнин ба беморхонаи шаҳри Ваҳдат интиқол ёфт. Баъди расидани хабари ҳамла ба ШКД сару садоҳое баланд шуд, ки он кори дасти наздикони Умар мебошад. Аммо ҳам Вазорати умури дохилӣ ва ҳам пайвандони ин ҷавони 23-сола гуфтанд, ҳамла ба қазияи мазкур рабте надорад.

БАЪД аз чанд соат Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ ҳамла ба ШКД-и Ваҳдатро кори дасти гуруҳе зери итоати Зиёвиддин Абдуллоев, як узви Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии Тоҷикистон (ИНОТ) гуфт. Дар иттилоияи ин ниҳод гуфта мешуд, ҳамла соати 04:28-и рӯзи чоруми сентябр шурӯъ шуда, дар пайи зарбаи ҷавобии кормандони пулис “Зиёвиддин Абдуллоев ва як ҳаммаслакаш нобуд шуда, се нафари дигари ин гуруҳи ҷиноятпеша ярадор гардидаанд”.

СУБҲИ ҳамон рӯз аз ҳамлаи дигар дар Душанбе гузориш шуд. Сокинони кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур, воқеъ дар гардиши фурудгоҳ ба хабарнигори “Озодагон” гуфтанд, садои аввалин тирпарониро соатҳои 05:15 шунидаанд. Хабарнигори “Озодагон”, ки аз маҳали задухӯрд дидан кард, гуфт рӯи замин осори хун дида мешавад. Бархе расонаҳо бо такя ба манобеи худ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфтанд, дар ин даргирӣ ду корманди ОМОН ва як нозири БДА кушта шуда, як нозири дигар захмӣ шудааст. “Азия Плюс” бо такя ба манобеи худ дар мақомоти сохтори қудратӣ ҳамлаи мазкурро кори Ҷунайдулло Умаров, аъзои собиқи Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони Тоҷикистон ва корманди Вазорати дифоъ гуфт.

Аз субҳи чоруми сентябр дар масири Ваҳдат-Душанбе постгоҳҳо ташкил шуда, мошинҳо мавриди санҷиш қарор гирифтанд.

ДАР ПАЙИ ин ҳамлаҳо дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии русии “Одноклассники” масдуд шуд. Аксари корбарон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, аз соати 9:00-и субҳи 4 сентябр наметавонанд, бидуни филтиршикан вориди ин шабака шаванд. Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба шарти набурдани номаш хабари масдуд шудани “Одноклассники”-ро тасдиқ карда, гуфт, дар ин бора дастури шифоҳии ба ширкатҳои интернетрасони кишвар сурат гирифтааст.

ДОДСИТОНИИ кулл ва Вазорати умури дохилии кишвар эълон карданд, ки дар робита ба ҳамлаҳои мусаллаҳона парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Дар аввал мақомот мегуфтанд, ҳамлаҳо аз сӯйи гуруҳҳои алоҳида ташкил шуда, ба якдигар ҳеч иртибот надоранд.

СОАТИ 15:00-и рӯзи чоруми сентябр Илҳом Файзуллозода, муовини сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, авзои пойтахт ором буда, ҳеч ҷои нигаронӣ барои сокинон ва меҳмонони Душанбе вуҷуд надорад.

НАЗДИКИҲОИ аср исми чанд тан аз кормандони дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона кушташуда эълон шуд. Аз ҷумла манбаи “Озодагон” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз корманди кушташудаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар гардиши фурудгоҳ Исмоил Пиров ва ҳамкори маҷруҳаш Шер Алиев ном бурд.

(ЧАШМАНДОЗ) Исёни генерал: Ҷараёни ҳаводис аз субҳи 4 сентябр то имрӯзСОМОНАИ расмии Президенти Тоҷикистон қарори ҳукумати кишварро нашр кард, ки дар он гуфта мешуд, “Назарзода Абдуҳалим Мирзо бинобар сабаби содир намудани ҷиноят” аз вазифаи муовини вазири мудофиа барканор шудааст. Мақомот шарҳ надоданд, ки Назарзода Абдуҳалим Мирзо маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" дар кадом ҷиноят муттаҳам мешавад, аммо ба иттилои манобеи "Озодагон" ҳамлаи рӯзи чоруми сентябр ба Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Ваҳдат кори ӯ гуфта мешавад.

СОАТҲОИ 18:00-и чоруми сентябр Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим)-ро дар ташкили гуруҳи ҷиноӣ ва террористӣ муттаҳам кард. Ин ниҳод ҳамлаҳои мусаллаҳона ба Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи кишварро кори Назарзода хонда, гуфт, 4 сентябри соли 2015, “соати 04:28 аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат, инчунин дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи кишвар ҳуҷуми мусаллаҳона доир гардид. Дар натиҷа миқдори зиёди силоҳу муҳиммоти ҷангӣ аз ҷониби ин дастаи террористӣ тасарруф ва рабуда шуд”.

Дар изҳороти ВКД генерал-майор Абдуҳалим Назарзода узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Таъкид мешуд, ки ҳамлаҳо “дар асоси нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда ва маслиҳати қаблӣ бо ҳаммаслаконаш роҳандозӣ гардидааст”.Ин ниҳод гуфт, аз ҷои истиқомат ва корхонаи нонпазии мансуб ба Ҳоҷӣ Ҳалим ва “ҳангоми дунболагирии ин дастаи терорристӣ дар мавзеъҳои Марғоби ноҳияи Ваҳдат ва Мағмуруди ноҳияи Рӯдакӣ миқдори зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд”.

Таъкид мешуд, ки Абдуҳалим Назаров бо роҳи фиреб, сохтакорӣ ва ба иштибоҳ андохтани кормандони Вазорати мудофиа, ҳамчунон аз мансаби муовини Вазири мудофиа сӯистифода кардааст: “Ҳоҷӣ Ҳалим Назаров аз аввал то охир дар ин амалиёти террористӣ ширкат варзида, онро шахсан роҳбарӣ намудааст”.

Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ҳангоми амалиёти махсус “аъзоёни дастаи террористӣ - Муродов Сарабек Баротович, соли таваллудаш 1967 зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ғафуров 112, хонаи 47, Ибронов Илҳомиддин Маҳмадулоевич, соли таваллудаш 1972, зодаи ноҳияи Ваҳдат, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Хоҷамбиёи Поён, хонаи 35, Сафаров Собир Каримович, соли таваллудаш 1965, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 28 А., Аюбов Фозил, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Наврӯз, хонаи 4, Холиқов Хуршед Додихудоевич, соли таваллудаш 1976, зодаи шаҳри Қурғонтеппа, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев, Салоев Ҳаёт Амриддинович, соли таваллудаш 1983, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душабе, дастгир карда шуданд. Ҳамчунон дар рафти амалиёт аъзои гурӯҳи террористӣ Абдуллоев Зиёраддин, собиқ размандаи ИНОТ, аъзои ҲНИТ, ки дар асоси Созишномаи Сулҳ ба кор дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидааст, инчунин ҳашт нафар ҷинояткорони дигар, безарар гардонида шуданд. Як гурӯҳ террористон бо сардории ҳоҷӣ Ҳалим Назаров ба самти дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат фирор намуданд. Кофтукови ҳоҷӣ Ҳалим Назаров ва дигар ҳаммаслакони ӯ бо тамоми роҳу восита аз ҷониби сохторҳои қудратии мамлакат идома дорад”.

ВКД дар поёни ин изҳоро аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш кард, “дар боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани дастаи террористии ҳоҷӣ Ҳалим Назаров ба сохторҳои қудратии мамлакат ҳамкории хешро дареғ надоранд”.

ВКД гуфт, дар пайи ду ҳамлаи бомдоди 4 сентябр 4 корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД (ОМОН) ва 4 корманди Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ба ҳалокат расидаанд. Манбаъ таъкид кард, шаш тан аз ҳамлагарон боздошт ва нуҳ тани онҳо кушта шудаанд.

МАҚОМОТИ ҳифзи ҳуқуқ гуфтанд, собиқ муовини вазир ва чанде ҳамроҳонаш ба Ромит, 40 километрии Душанбе паноҳ бурдаанд.

БА иттилои расида, мақомот аз собиқ муовини вазири дифоъ хостаанд, бидуни хунрезӣ таслим шавад.

ВЛАДИМИР Зайнетдинов, сухангӯи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба расонаҳои русӣ гуфт, СААД вазъи Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад ва бовар дорад, мақомоти қудратии маҳаллӣ онро ҳал хоҳанд кард. Ӯ ҳамлаҳои рӯзи чоруми сентябрро амали роҳзанӣ гуфта, таъкид кард, “мо бовар дорем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон роҳзанҳоро маҳв мекунанд”.

ШӮРОИ сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо баргузории як ҷаласаи изтирорӣ аз ҳамлаҳои мусуллаҳонаи ахир дар кишвар ва узви ҲНИТ муаррифӣ шудани Абдуҳалим Назарзода шадидан нигаронӣ кард: “ВКД дар сомонаи расмии худ матлаберо дар тафсири ин ҳодисаҳо ҷо кардааст, ки дар он Назарзода Абдуҳалим Мирзо, собиқ муовини вазири дифоъ ва Зиёвуддин Абдуллоев, собиқ афсари ВКД узви ҲНИТ муаррифӣ шудаанд. Ин даъво хилофи қонунгузории кишвар ва мантиқ буда, идомаи талошҳои қаблӣ барои часпонидани ҳамагуна иттиҳому айбҳои сохта ба ҲНИТ мебошад”.

Ба қавли аъзои Шӯрои сиёсии ҲНИТ, қонунгузории кишвар узвияти афсарону сарбозон ва кормандони мақомоти низомиро дар ҳизбҳои сиёсӣ манъ намудааст ва ингуна афрод наметавонанд узви ягон ҳизби сиёсӣ бошанд: “Чанде қабл гурӯҳе аз ин фармондеҳон ва афсарон бо изҳороте сиёсати пешгирифтаи доираҳои муайян аз ҳукуматро ҷиҳати бастани ҲНИТ ҷонибдорӣ карда, барои аз узвияти ҲНИТ хориҷ кардани аъзо кӯшишҳо ба харҷ дода буданд”.

ПАНҶУМИ сентябр Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабари кушта шудани низомиёни ин ниҳод аз сӯи гуруҳи “Ҳоҷӣ Ҳалим”-ро рад кард. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорат рӯзи шанбе ба “Озодагон” гуфт, хабари бархе расонаҳои русӣ дар мавриди кушта шудани сарбозони Вазорати дифоъ сиҳат надорад. Қаблан, чанде аз ВАО-и Русия навиштанд, собиқ муовини вазири дифоъ афродеро, ки аз пайвастан ба гуруҳи ҷиноии ӯ саркашӣ кардаанд, куштааст. Аммо оқои Маҳмадалиев мегӯяд, ҳеч корманди вазорат кушта нашудааст. Ӯ инчунин афзуд, ин ниҳод дар амалиёт барои боздошти “Ҳоҷӣ Ҳалим” ва ҳамаслаконаш иштирок надорад.

(ЧАШМАНДОЗ) Исёни генерал: Ҷараёни ҳаводис аз субҳи 4 сентябр то имрӯзВАЗОРАТИ умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар пайи амалиёти муштараки мақомот 32 узви гуруҳи генерали фирорӣ Абдуҳалим Назарзода боздошт гардида, 13 нафари дигар безарар гардонида шуданд. Ин ниҳод ҳам бо пахши як иттилоия хабари кушта шудани 33 корманди ВКД ва Вазорати мудофиаро рад намуда, таъкид кард, дар баробари боздошти 32 нафар ва нобудсозии 13 узви гуруҳи Назарзода, аз онҳо зиёда аз 500 яроқу аслиҳаи ҷангӣ мусодира шуд: “Инчунин якчанд махфигоҳи яроқу аслиҳа ва автомашинаҳои "ҶИП" ва "Седан" дарёфт карда шуд”.

Ин ниҳод таъкид кард, худи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" ҳамроҳи 7-8 ҳаммаслакаш дуртар аз шаҳри Душанбе ба масофаи 150 километр дар дараи Ромит пинҳон гаштааст: “Гирду атрофи ин минтақа пурра ба иҳота гирифта шуда, амалиётҳо барои дастгир ва безарар гардонидани онҳо идома дорад”.

ВКД аз таслим шудани бародари Назарзода - Назаров Мирзоҳаёт Мирзоевич соли таваллудаш 1972 хабар дода гуфт, ӯ ихтиёран аз гуруҳ ҷудо шуда, ба мақомот таслим шудааст.

Ин ниҳод гуфт, дар амалиётҳо 9 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, 6 нафар ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд.

5 СЕНТЯБР шабакаи телевизионии “Россия 24” дар як гузориш дар бораи ҳодисаҳои рӯзи 4 сентябр ва генерали фирорӣ - Абдуҳалим Назарзода навореро пахш карда, ба ҷои Абдуҳалим Назарзода акси Рустам Назарзода, раҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистонро нишон дод. Дар гузориш Назарзода ҳамчун генерали исёнгар ва раҳбари гуруҳи террористӣ муаррифӣ шудааст, ки дар қатли кормандони мақомоти умури дохилии Тоҷикистон даст дорад. Аз агентии мазкур ба “Озодагон” гуфтанд, “мо медонем, ки дар ин гузориши телевизионӣ иштибоҳан акси генерал Рустам Назарзода намоиш дода шудааст. Танҳо мехоҳем, ки ин хатояшонро ислоҳ кунанду эълон намоянд, ки хато шудааст”.

ШОМИ 5 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои русаш -- Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни он вазъи Тоҷикистон баррасӣ шудааст: "Сарвари Россия баъди иттилоъ ёфтан аз вазъ дар Тоҷикистон тайиди комили ҷониби Россияро бо саъю кушишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият иброз дошт".

ВАЗОРАТИ умури дохилии Тоҷикистон рӯзи шашуми сентябр аз кушта шудани чор аъзои дигари гуруҳи Абдуҳалим Назарзода дар пайи амалиёти муштараки ВКД ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар дараи Ромит хабар дод. Ба иттилои манбаъ, инчунин 7 нафар боздошт гардида, "миқдори зиёди яроқу аслиҳа, аз ҷумла 18 автомати "АКМ", 50 тирдон ва миқдори зиёди тир дарёфт ва мусодира карда шуд".

ВКД ва КДАМ аз шаҳрвандон барои ҳамкорӣ ва ироаи кумак "дар несту нобуд гардонидани гуруҳи ҷиноятпешаи Назарзода А.М." изҳори ташаккур карда, таъкид кардааст, амалиёт барои безарар гардонидани аъзои дигари гуруҳ идома дорад.

6 СЕНТЯБР Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат рафт ва дар суҳбат ба сокинон ваъда кард, ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

РӮЗИ сеюми амалиёти мақомот алайҳи гуруҳи “Ҳоҷӣ Ҳалим” ширкатҳои мобилии Тоҷикистон хизматрасонии ирсоли паёмак - СМС-у ММС-ро қатъ карданд. Ба иттилои муштариёни ширкатҳои мобилӣ, аз зуҳри 6 сентябр наметавонанд паёмак фиристанд ё қабул кунанд.

ДАР шабакаҳои иҷтимоӣ аз қавли “Ҳоҷӣ Ҳалим” паёме нашр шуд. Дар он ки нахустин изҳороти Назарзода муаррифӣ мешаваду иттилое дар бораи воқеӣ будани он рӯи даст нест, тамоми иттиҳомоти мақомоти тоҷик алайҳи “Ҳоҷӣ Ҳалим” рад мешавад. Дар изҳорот, ки аз қавли Назарзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои муътабари Русия нашр шудааст, гуфта мешавад, ҳамагӣ чанд соат пеш аз ин ҳодиса ӯро сарчашмаҳояш дар мақомот огоҳ менамоянд, ки имшаб ӯ ва чанде аз собиқ фармондеҳони ИНОТ ҳабс мешаванд.

(ЧАШМАНДОЗ) Исёни генерал: Ҷараёни ҳаводис аз субҳи 4 сентябр то имрӯзВАЗОРАТИ умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як гузориши видеоӣ аз боздошти боз 42 узви гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" бо шумули муҳофизони ӯ ва афсарони Вазорати мудофиа хабар дод. Манбаъ дар қатори боздоштшудаҳо аз подполковник Мустафо Назаров, муовини командири бригадаи десантии қисми низомии Вазорати мудофиа оид ба корҳои сиёсӣ- тарбиявӣ ва майор Насим Юсупов, нозири калони раёсати молия ва буҷаи Вазоратро ном бурда гуфт, қаблан аз ин амалиёт огоҳӣ дошта, вале мақомотро огоҳ накардаанд.

Ба иттилои ВУД, шарикони "Ҳоҷӣ Ҳалим" шаби 3 ба 4 сентябр дар хонаи Сироҷиидин Одинаев, маъруф ба "Ҳоҷӣ Сироҷ", собиқ корманди Вазорати дифоъ, дар кӯчаи Сари Осиёи Душанбе ҷамъ омада, фармоиши "Ҳоҷӣ Ҳалим"-ро интизор будаанд. Ба гуфтаи манбаъ, "Ҳоҷӣ Сироҷ" ҳамчун хазинадори гуруҳ будааст, ки ҳар моҳ ба ҳар узви он 100 долларӣ ва маводи ғизоӣ медодааст. Подполковник Мустафо Назаров, муовини командири бригадаи десантии Вазорат, ки ҳамчун узви гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" муаррифӣ мешавад, иқрор кардааст, аз нақшаҳо огоҳ буд ва хато кардааст, ки саривақт ба мақомоти амнияту умури дохилӣ хабар надодааст: “Шаби 3 ба 4 сентябр вақте маро фарёд карданду он ҷо рафтам, хато кардам, ки ба кормандони Кумитаи амнияту Вазорати умури дохилӣ хабар надодам”.

Майор Насим Юсупов низ изҳор медорад, ки “аз гапҳояшон фаҳмидам, ки мақсадашон ҳуҷум ё задани ягон ҷо аст. Гуфтанд, рав яроқ гир, бе ягон имзогузорӣ яроқ тақсим мекарданд, ман ҳам яроқ гирифтаму дар фикри гурехтан аз байни онҳо шудам”. Дар қатори боздоштшудаҳо инчунин Одилбек Аюбов соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Душанбе ва Хуршед Холиқовсокини 39-солаи Душанбе, муҳофизони генерал "Ҳоҷӣ Ҳалим" гуфта шуданд.

Файзулло Абдуллоев, ки узви дигари гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" муаррифӣ мешавад, дар гузориши видеоии таҳиякардаи ВКД дар мавриди бархӯрдаш бо кормандони “ОМОН” гуфт, “онҳо гуфтанд, аз “ОМОН”-ем шумо аз куҷоед? Мо гуфтем, “СПЕСНАЗ”-и Миноборона, ки дар ин миён чанд секунд пас перестрелка сар шуд. Ман ҳам ростӣ ду се тир задам, намедонам, расид ё на”.

Абдуллоев, ки дар итоат накардан ба кормандони милиса ва оташкушоӣ ба сӯи онҳо айбдор мешавад, амали "Ҳоҷӣ Ҳалим"-ро хиёнат арзёбӣ карда, таъкид намуд, рафиқону одамони атрофашро подставит кард: “Кори кардааш ҳам хиёнат ҳам подставиткунии ҳамаи рафиқону бачаҳои гирду атрофаш аст”.

БАРХЕ аҳзоби сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимӣ бо нашри изҳоротҳо ҳамлаҳои мусаллаҳонаи рӯзи чоруми сентярро маҳкум карданд. Аз ҷумла, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишкадаи исломи Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа, Кумитаи иҷроия ва Шӯрои кӯҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва чандеи дигар.

7 СЕНТЯБР Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтанд, дар натиҷаи амалиёти муштарак дар Ромит боз 14 узви гуруҳи генерали фирорӣ – “Ҳоҷӣ Ҳалим”-ро боздошт кардаанд. Ба иттилои ин мақомот ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 6 адад автомати Калашников, 2 адад ПК, 1 адад СВД, 1 адад РПГ-7В ва миқдори зиёди тирҳои гуногун, тирдон ва норинҷакҳо дарёфт ва мусодира шудааст.

ЯРОСЛАВ Рошупкин, масъули ҳавзаи марказии низомии Русия, ки пойгоҳи 201 зертобеи он мебошад, 7 сентябр аз машқҳои муштараки нерӯҳои Тоҷикистону Русия алайҳи гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар шароити куҳсор хабар дод, ки дар 40 километрии ҷануби Душанбе баргузор мешаванд. Тавре расонаҳои Русия аз қавли Рошупкин иттилоъ медиҳанд, дар машқҳо, ки алайҳи гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ равона шудаанд, дастгоҳҳои парвозкунанда ё худ ба истиллоҳ “беспилотник”-ҳои навъи "Леер-2" ва "Гранат-1" истифода мешаванд.

Масъули Вазорати мудофиаи Русия гуфтааст, “беспилотник”-ҳо барои кашшофӣ ва назорат истифода бурда мешаванд: “Барои дақиқ кардани ҷои будубоши ҷинояткорон ва ҷобаҷогузории низомиён кӯмак мекунанд”.

ДАР Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон гузоришеро намоиш доданд, ки аз дороиҳои Абдуҳалим Назарзода қисса мекунад. Дар ин гузориш гуфта мешуд, гуруҳи тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон муайян кардааст, ки “Ҳоҷӣ Ҳалим” соҳиби истироҳатгоҳҳо дар Варзоб, ширкати сохтмонӣ, хоҷагии кишоварзӣ, коргоҳи дузандагӣ, коргоҳи нонпазӣ, тарабхона, толори варзишӣ, хоҷагии чорвопарварӣ, хоҷагии асппарварӣ ва як қатор иншооти дигар мебошад.

Тибқи гузориши мақомот, “Ҳоҷӣ Ҳалим” ғайриқонунӣ соҳиби молу мулки зиёд шуда, аз ҳисоби даромадаш ба гуруҳи шарикони худ маблағҳои муайян медодааст: “Аз ҷумла корхонаи нонпазӣ дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанберо гирифта, дар ҳудудаш ғайриқонунӣ хонаи сеошёна бунёд намудааст. Зимни кофтукоб аз ин хона фиттаҳо зиёди динӣ дарёфт гардидаанд”.

Мақомот мегӯянд, собиқ муовини вазири мудофиа бо аҳли оилааш дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе дар як бинои 12 қабата 5 хонаи ошёнаи 5-умро харидорӣ карда, дар он ҷо зиндагӣ мекардааст: “Ҳамчунин дар хиёбони Рӯдакӣ-187 ошёнаи сеюми як бинои сеошёнаро харидорӣ намудааст”.

МАҚОМОТИ умури дохилӣ ва амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 8 сентябр аз боздошти боз се узви гуруҳи генерали фирорӣ дар дараи Ромит хабар доданд. Тибқи иттилои ВКД, аз боздоштшудаҳо 5 автомати "АКМ" ва миқдори зиёди тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира шудааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим", ки асосан аз собиқ размандагони мухолифин ва низомиёни баталиони 25-ум иборат аст, дар пайи фирор ба дараи Ромит ба гуруҳҳо тақсим шуда, қисме аз онҳо силоҳро дар хонаҳояшон пинҳон намудаанд: “Бо вуҷуди ин дар пайи амалиёти мақомот ин гуруҳҳо муайян ва дастгир карда мешаванд”.

ВКД гуфт, афроде ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупоранд ё дар бораи он хабар медиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

МАҚОМОТИ умури дохилӣ ва амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд, 8 сентябр зимни амалиёт алайҳи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар дараи Ромит як узви гуруҳ кушта ва 7 нафар боздошт гардиданд. Тибқи иттилои манбаъ як узви гурӯҳ ба далели муқобилияти мусаллаҳона аз ҷониби кормандони мақомоти қудратӣ нобуд карда шуд.

ХУН Лей, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Чин гуфтааст, кишвараш иқдоми ҳукумати Тоҷикистонро барои таъмини амнияту субот дар кишвар пуштибонӣ мекунад. Ба қавли ӯ, Пекин ҳаводиси Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамлаи маргбор ба кормандони милисаро пайгирӣ мекунад: "Чин ҳамчун ҳамсояи наздик ва шарики стратегӣ чораҳоеро, ки ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини амният роҳандозӣ кардааст, дастгирӣ менамояд”.

Хун Лей таъкид намудааст, ҷониби Чин омодааст, ҳамкориро бо Тоҷикистон дар умури амният, бо мақсади таъмини суботи минтақа густариш диҳад.

(ЧАШМАНДОЗ) Исёни генерал: Ҷараёни ҳаводис аз субҳи 4 сентябр то имрӯз10 СЕНТЯБР Як манбаи воломақом аз Вазорати умури дохилӣ, ки амалиёт алайҳи гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим"-ро роҳбарӣ мекунад, дар суҳбат бо “Озодагон” хабари боздошти Абдуҳалим Назарзодаро рад кард. Шаби 9 ба 10 сентябр Додоҷони Атовулло, журналисти тоҷик ва яке аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба манобеаш дар сафҳаи интернетии худ аз боздошти генерал Назарзода хабар дода гуфт, Назарзода феълан ба Душанбе интиқол ёфта, дар ихтиёри мақомот қарор дорад.

РАМАЗОН Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон 10 сентябр аснои як ҷамъомад аз корнамоии прапоршики милиса -- Фозилҷон Маҳмадов алайҳи ҳамлагарон ба ШКД-и шаҳри Ваҳдат дар рӯзи 4 сентябр тавсиф намуда, гуфт, ӯ се тан аз ҳамлагаронро кушта, худаш маҷруҳ шудааст.

ВАЗОРАТИ корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар доданд, ки рӯзҳои 9 ва 10 сентябр дар натиҷаи амалиёти муштарак дар дараи Ромит 4 шарики генерали фирорӣ -- Абдуҳалим Назарзода кушта ва 17 узви дигари гуруҳи ӯ боздошт шудаанд. Торнамои ВКД навишт, аз миёни 17 боздоштшуда се нафар ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шудаанд. Манбаъ мегӯяд, аз нафарони зикргардида 8 адад автомати "АКМ", 1 адад пулемёт ва миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.

МАҚОМОТИ умури дохилӣ ва амнияти миллии Тоҷикистон гуфтанд, то рӯзи 11 сентябр аҳолии кишвар 18 узви гуруҳи Абдуҳалим Назарзодаро боздошт ва ба мақомот супоридаанд. Тибқи иттилоияи мақомот, инчунин бо кӯмаки аҳолӣ 7 узви гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" ихтиёран ба мақомот таслим шуда, аз онҳо 134 яроқу аслиҳа ва лавозимоти гуногуни ҷангӣ дарёфт ва мусодира шуд.

ҲЕЛГА Шмидт, муовини дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо 11 сентябр аснои як суҳбати телефонӣ бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳамлаҳои мусаллаҳонаи бомдоди 4 сентябрро маҳкум намуда, ба наздикони қурбониён ҳамдардӣ баён кард. Ба иттилои ВКХ, намояндаи Иттиҳоди Аврупо аз тадбирҳои Тоҷикистон барои боздошти гуруҳи силоҳбадаст пуштибонӣ намуда, таъкид кардааст, Иттиҳоди Аврупо барои ҳамкориҳои зич бо Тоҷикистон омода аст.

СОАТИ 18:17-и рӯзи 11 сентябр хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли як манбааш аз ҳайати иштирокдорони амалиёти зидди гуруҳи Абдуҳалим Назарзода иттилоъ дод, ки ду соат пеш “Ҳоҷӣ Ҳалим” дар дараи Ромит кушта шудааст. Манбаи хабаргузорӣ иттилои бештаре ироа накарда, танҳо гуфтааст, ба наздикӣ хабари расмӣ нашр мегардад.

АММО як манбаи воломақом дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” ин хабарро рад карда гуфт, Назарзода то ҳол кушта ё боздошт нашудааст, вале амалиёт алайҳи ӯ ба марҳилаи ниҳоӣ расидаст: “Имрӯз ё фардо тақдираш муайян мешавад. Эҳтимол ӯро зинда боздошт кунем”.

ШОМИ 11 сентябр Вазорати умури дохилӣ бо нашри як гузориши видеоӣ аз боздошти боз 7 узви гуруҳи Назарзода дар дараи Ромит хабар дод.

СОМОНАИ расмии Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 12 сентябр навишт, ки дар ҷараёни амалиёт “боз 5 аъзои фаъоли гуруҳи террористии Назарзода” боздошт ва аз онҳо 5 автомати “АКМ” ва миқдори зиёди тир мусодира гардид.

13 СЕНТЯБР ВКД ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфтанд, ки 3 аъзои дигари гуруҳи “Ҳоҷи Ҳалим” дастгир шудааст. Аз онҳо як автомати Калашников, як таппончаи Макаров ва миқдори зиёди тир мусодира шудааст.

НУРСУЛТОН Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, ки бо манзури ширкат дар ҷаласаи сарони СПАД ба Тоҷикистон омад, дар нишасти хабарие баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 сентябр гуфт, ҳодисаҳои ахир дар Тоҷикистон бе дахолати хориҷӣ сурат нагирифтааст. Назарбоев дар идома ба тақвияти ҳамкориҳои бештари мақомоти интизомии Тоҷикистону Қазоқистон ҷиҳати таъмини бештари амнияти ду кишвар таъкид намуд. Ба қавли президенти Қазоқистон, Тоҷикистон бо Афғонистон марзи муштарак дорад ва нерӯҳое барои ноамн кардани авзоъ мехоҳанд вориди хоки Тоҷикистон шаванд.

РАИСИҶУМҲУРИ Белорус -- Александр Лукашенко дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 сентябр ваъда дод, кишвараш ҳар лаҳза омодааст, барои оромӣ дар Тоҷикистон дасти ёрӣ дароз кунад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, президенти Белорус ҳамчунин ба тадбирҳои амниятии Тоҷикистон ишора карда, таъкид намудааст: “Шумо бо ҷавонмардию ҷасорати беандоза барои нигоҳдорӣ ва таҳкими сулҳу субот ҳамеша мубориза мебаред, то ки мардуми кишвар зиндагии орому осуда ва заҳмати созанда дошта бошанд. Мо дар навбати худ омодаем ҳар кумаке, ки метавонем, ҳар лаҳза ба Шумо расонем”.

БЕШТАРИ боздоштшудаҳо бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи генерали фирорӣ Абдуҳалим Назарзода, хешовандони ӯ мебошанд. “Озодӣ” 15 сентябр бо такя ба наздикони Ҳоҷӣ Ҳалим иттилоъ дод, ки Назарзода 7 бародар доштааст, ки 4 нафарашон -- Абдукарим, Абдураҳим, Мирзоҳаёт ва Ҷамол дар боздоштанд ва эҳтимол ду бародари дигараш - Низом ва Салим ҳамроҳи худи ӯ ҳастанд: “Як бародари дигараш бо номи Ғолиб дар Русия ба сар мебарад”.
Манбаъ инчунин иттилоъ дод, ки Файзигул Назарова, духтари 28-солаи Абдуҳалим Назарзода аз боздошт раҳо шудааст, вале шавҳари Файзигул -- Абдураҳмон ҳанӯз ҳам дар боздошт ҳаст: “Чанд домоди бародарони Ҳоҷӣ Ҳалим низ аз манзилҳои зисташон боздошт шудаанд”.
Наздикони Ҳоҷӣ Ҳалим инчунин се ҳамсар доштани ӯро рад карда, изҳор доштаанд, ки ду ҳамсар доштааст ва бо ҳамсари дуввумаш солҳои зиёд зиндагии муштарак надоштаст: “Писараш Иброҳим аз ҳамсари дуюмаш донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда ҳоло дар боздошт қарор дорад. Ду писари дигараш аз ҳамсари аввалааш бо номи Бахтиёр ва Муҳаммад аз субҳи чоруми сентябр ба ин сӯ нопадид ҳастанд ва тахмин меравад, ки онҳо бо падари худ фирор кардаанд”. Мусоҳиби “Озодӣ” таъкид намудааст, то замони боздошташон аксари наздикони Назарзода аз чизе хабар надоштанд: “Бародараш Мирзоҳаёт ҳамон субҳ, вақте вазъиятро фаҳмид, худаш назди милисаҳо рафту гуфт, ки агар гуноҳашро ёбанд, ба он ҷавоб мегӯяд. Ҳоло мо аз онҳо ҳеҷ хабаре надорем ва намедонем кӣ дар куҷо ҳастанд”.

ЭМОМАЛӢ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия барои дастгирӣ аз тадобири амниятӣ, аз ҷумла амалиёт алайҳи гуруҳи Абдуҳалим Назарзода изҳори сипос кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқоти рӯзи 15 сентябр Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Русия ва шахсан ба Владимир Путин барои дастгирӣ аз тадбирҳои амниятии Тоҷикистон дар оғози моҳи сентябр изҳори миннатдорӣ кардааст.

ВЛАДИМИР Путин, раисиҷумҳури Русия 15 сентябр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СПАД аз қудратиҳои тоҷик тавсиф карда, гуфт, "мебинем ба хубӣ аз уҳдаи ҳалли мушкилоти зуҳуркарда мебароянд".
Путин бо ишора бо ҳодисаҳои ахир дар Тоҷикистон таъкид намуд, ки он талоше барои ноором сохтани вазъ дар кишвар буд: “Мо ин хатарҳоро хуб дарк мекунем. Тоҷикистон ҳамеша метавонад ба кӯмаку дастгирии мо такя кунад”.

СУҲРОБ Холов, сокини 15-солаи деҳаи Сорвои дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат шаби 14 ба 15 сентябр ҳадафи ҳамлаи афроди номаълуми мусаллаҳ қарор гирифт. Як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Ваҳдат ба бахши хабарии радиои Аврупои Озод дар Осиёи Марказӣ иттилоъ додааст, ки ҳамла тақрибан соати 22:00-и 14 сентябр сурат гирифта, Суҳроб Холов то беҳуш шуданаш латту кӯб шудааст: “Суҳроб дар хона танҳо будааст ва вақте садои қадамгузориро мешунавад, берун мебарояд, то бубинад, кистанд? Дар берун се нафар ба ӯ ҳамла овардаанд”. Ба иттилои манбаъ, Холов гуфтааст ҳамлаварон риш дошта, мусаллаҳ буданд: “Онҳо аз хона танҳо маводи ғизоӣ гирифтаанд. Мақомот барои муайян ва дастгир кардани ҳамлаварон талош доранд”.
Бахши хабарии Осиёи Марказӣ аз қавли манобеаш иттилоъ дод, гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо Ҳоҷӣ Ҳалим дар дараи Ромит ба мушкили ғизо дучор шудаанд. Чанд тан аз боздоштшудаҳои гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим қаблан ба мақомот гуфтаанд, гуруснагӣ онҳоро водор намуд, худро ба мақомот таслим намоянд.

(ЧАШМАНДОЗ) Исёни генерал: Ҷараёни ҳаводис аз субҳи 4 сентябр то имрӯзМАНОБЕИ “Озодагон” рӯзи субҳи 16 сентябр хабар доданд, ки полковник Рустам Амакиев, фармондеҳи “Алфа”, гуруҳи махсуси зертобеи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар бархӯрд бо гуруҳи генерали фирорӣ Абдуҳалим Назарзода дар дараи Ромит кушта шудааст. Ба иттилои манбаъ, даргирии маргбор баъди зуҳри 15 сентябр дар дараи Ромит сурат гирифта, дар пайи он Аҳад Кабиров, сарбози 18-солаи қушунҳои дохилии Тоҷикистон ҳам ба ҳалокат расидааст.

МАНОБЕИ “Озодагон” инчунин хабар доданд, ки собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон -- Абдуҳалим Назарзода эҳтимол дар Ромит набошад. Ба иттилои манбаъ, гуруҳеро, ки дар Ромит алайҳи мақомоти Тоҷикистон меҷанганд, эҳтимол собиқ полковники Вазорати мудофиа --Ҷунайдуллоҳ Умаров роҳбарӣ мекунад: “Мақомот дақиқ кардаанд, ки ду рӯзи баъди даргирии 4 сентябр Ҳоҷӣ Ҳалим дар минтақаи Регар, дар хонаи як бонкдор будааст. Феълан макони будубошаш маълум нест”.

15 СЕНТЯБР як чархболи мақомоти интизомии Тоҷикистон дар пайи тирпаронӣ дар дараи Ромит осеб дидааст. Тибқи иттилои манобеи “Озодагон”, чархбол, ки дар доираи амалиёт алайҳи гуруҳи генерали фирорӣ Абдуҳалим Назарзода дар дараи Ромит парвоз доштааст, ҳадафи тирпаронӣ аз замин қарор гирифта, каме осеб дидааст: “Он бидуни талафот дар мавзеи Покрӯди Ваҳдат фуруд омад”.

МАҚОМОТИ Тоҷикистон рӯзи 16 сентябр аз анҷоми марҳилаи асосии амалиёт алайҳи гуруҳи генерали фирорӣ Абдуҳалим Назарзода дар дараи Ромит хабар дода, афзуданд, 8 узви охирини ин гуруҳ дар Ромит безарар шуданд. Манбаи “Озодагон” аз мақомот афзуд, ҷасади ин афрод дар роҳ ба Душанбе қарор дорад, аммо дар мавриди он ки оё миёни кушташудагон Ҳоҷӣ Ҳалим ё собиқ полковники Вазорати мудофиа -- Ҷунайдуллоҳ Умаров ҳаст ё на, посух дод, дақиқан баъди ташхиси ҷасадҳо муайян хоҳад шуд.

ШОМИ 16 сентябр маркази муштараки матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як гузориш хабари кушта шудани "Ҳоҷӣ Ҳалим"-ро тасдиқ карданд: "16 сентябри соли 2015, соати 14:00, амалиёти зиддитеррористӣ оид ба несту нобуд кардани дастаи террористии собиқ муовини Вазири мудофиаи ҶТ ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода пурра ба охир расид". Дар гузориш гуфта мешуд, аъзои гуруҳи Назарзода дар қисмати рости мавзеи Гусгеви дараи Ромит, ба иҳота афтоданд, вале баъди он ки кушишҳои гуфтушунид ва моил сохтани онҳо ба таслимшавӣ натиҷа надод, "зимни оташи ҷавобӣ, саркардагони гурӯҳи террористӣ Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, Эшони Ҷунайд Умаров ва 10 нафар ҳаммаслакони онҳо нест карда шуданд. Теъдоди зиёди аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид".

ЭМОМАЛӢ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ки дар ҷараёни амалиёти махсус ҷиҳати маҳви гуруҳи Абдуҳалим назарзода, маъруф ба “Ҳоҷӣ Ҳалим” кушта шудаанд, изҳори ҳамдардӣ кард. Дафтари матбуоти президенти кишвар шоми 16 сентябр навишт, раисиҷумҳур “ба роҳбарони сохторҳои мақомоти дахлдор супориш дод, ки оилаҳои шахсони ҳалокшударо бо кумаку ғамхории ҳамаҷониба фаро гиранд”. Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомие, ки дар ин амалиёти махсус ширкат намуданд ва ба ҳамаи шаҳрвандоне, ки "дар самти дастгир кардани террористон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ фаъолона ҳамкорӣ доштанд, изҳори миннатдорӣ намуд”.

ДОДСИТОНИИ кулли Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр бо пахши як изҳороти расмӣ раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро дар ҳамдастӣ бо генерал Абдуҳалим Назарзода муттаҳам кард. Дар ин изҳорот аз ҷумла гуфта мешавад: “Муайян карда шудааст, ки Назарзода А.М. тайи солҳои охир бо мақсади амалӣ намудани кирдорҳои ҷиноятии худ бо дастур ва роҳбарии бевоситаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кабирӣ Муҳиддин беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноятӣ ташкил намуда, онҳоро бевосита роҳбарӣ менамуд. Тасмими охирин дар бораи ҳуҷумҳои мусаллаҳона давраи моҳи августи соли 2015 сурат гирифта, бо ин мақсад тавассути фондҳои бо ном хайриявии доираҳои муайяни кишварҳои хориҷӣ маблағҳои калони пулӣ ворид шудааст”.

Додситонии кулл мегӯяд, алайҳи “саркардагон”-и ин гурӯҳ ва “ҳаммаслакон”-и онҳо бар асоси моддаҳои 187 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ), 199 (тасарруфи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 104 (одамкушӣ), 181 (ғасби гаравгон), 179 (терроризм), 329 (таҳдид нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарбӣ) ва 391 (сӯистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда кушодааст.

Ба иттилои ин ниҳод, “Зимни муқовимати мусаллаҳона 25 нафар террорист нобуд карда шуда, 125 нафар узви гурӯҳи террористӣ ва ҳаммаслакони онҳо, аз ҷумла 28 нафар бо ҳамкории фаъолонаи аҳолии маҳаллӣ муайян ва дастгир карда шуданд. Мутаассифона, дар ин амалиёт 14 нафар хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷони худро аз даст доданд”.

Бино ба изҳороти Додситонии кулл, 13 тан аз раҳбарон ва аъзои фаъоли ҳизби наҳзати исломӣ, ки “баъди пурра нобуд гардидани ин гурӯҳи террористӣ кӯшиши пинҳоншавӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштанд, боздошт гардиданд”. Ин 13 нафар, ки додситонӣ рӯйхаташонро нашр кардааст, ба даст доштан дар “амалҳои ҷинояткоронаи гурӯҳи мусаллаҳи Назарзода” гумонбар мешаванд.

1. Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович (Саидумур Ҳусайнӣ);
2. Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб;
3. Давлятов Абдуқаҳор Абдукаримович (Абдуқаҳҳори Давлат);
4. Каримов Саттор Самадович;
5. Розиқов Зубайдуллоҳ (Зубайдуллоҳи Розиқ);
6. Муҳаммадалии Файзмуҳаммад;
7. Ҳикматулло Сайфуллозода;
8. Ҳаитов Махмадалӣ Раҳмонович (Муҳаммадалии Ҳаит);
9. Авазов Қиёмиддин Қурумҷонович,;
10. Хуҷаева Зарафо Раҳмоновна (Зарафо Раҳмонӣ);
11. Набиев Маҳмадшариф Маҳмадалиевич;
12. Fайратов Абдусамад Исмоилович;
13. Қосидинов Воҳидхон.
Мӯҳр
Талабшо
Мухтарам Озодагон, Як чузъиети мухимро фаромуш кардед. Ин хам бошад масдуд шудани шабакахои Фейсбук ва Ютуб чанд руз пеш аз казия. Яъни чи гапу хабаре пеш аз казия будаст ва Бег Сабурович чизеро хис мекардаст.

оЗоддагион барои чи заявлениёи ахири хочи халимро чоп накардед у дар однокласкини хастт

муаллима
Салом озодагон ба Шумо барору осоиш мехохам. Вакте ин сахифахоро мехона бешубха хамаи вазирону назирон пеши чашмам меояд. Аз сарвари кишвар як илтимосе дорем, ки хамаи вазирону муовинонро, хулоса мансабдороно зери назорати хеш бигиранд. агар ин муовини вазир хамин хел бошад, худи вазир чи хел мешавад, бояд назорат кард.

9
Cарчашмааш корупсия мебошад агар декларатсияша дуруст тафтиш мекарданд шояд чунин намешуд

yatimboy
Vakte mo mefahmem ki 1 nafar boin hama doroii va vazifa dast bajinoyat mezanad taajub mekunem ammo fikr namekunen ki ji yo ki inro majbur kardaast znajit in odam baxotiri millat dast bain kor zadaast jun vakte vazifa dori pul dori niyoz bajizidagar nest

Оё макоматхои кудрати аз инкорхо бо хабар нестан ки дорои дорад ки не хамаашон медонанд ин хел хонахои боашамад мошинхои гарон арзиш вучуд дорад баъде ки ягон камбуди карданд баъд кофтукобо мекунанд намешавд органхо хифзи хукук хар як шахси вазифадоро аз руи маошашон дида бароянд бо ин маош аз кучост ин хел катаги

ин милисахо риштароширо аввал аз бобою падарашон огоз кунанд ана баъд мо мебинем ки тарошем е не?

Шер
Амакиев яке аз родмардони ватан буд насибаш будаст номардо парондан ами амалийотро мегузарон рутбаи генералиро мегирифт шери нар чоят чанат бод акаи Рустам.

ХАМААШ БА ХОТИРИ МОЛУ МУЛКАШ БУД ДИГАР ХЕЧ ЧИЗ

85
точик хор шуд дар хама чо

Ба хамаи хешу табор дустон ва наздикони шахсоне, ки хангоми адои вазифа чон бохтан хамдардии худамро баён мекунам. Аз хукумати Точикистон хохиш мекунам ба ин чонсупурдахо дар ин ходиса чоизаи Ордени Шараф ва хонаи истикомати супорида шавад.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)