Бахшҳо
10 сен 2015 14:45Тоҷикистон / Сиёсат

Тасмими падари Нуралӣ Ҳайдаров барои муроҷиат ба Додситони кулл

Падари Нуралӣ Ҳайдаров, сарбози фавтидаи тоҷик мегӯяд, барои пайгирии қазияи марги писараш ба Додситони кулл муроҷиат мекунад.

Мирзоалӣ Ҳайдаров имрӯз, 10 сентябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ахиран ба қисми ҳарбии 2803-и мустаққар дар вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, ки писараш онҷо адои хидмат мекард, рафтааст. “Бо ҳамхизматони писарам суҳбат кардам, мегӯянд, писарам яроқро дуздида гурехтаст. Ягонтоаш қоил намешаванд. Ҳама ҷоро дидам, ягон ҷойе, ки гурехта шавад, нест. Дарёро низ дидам, обаш то зону. Сокинони онҷо гуфтанд замони гум шудани писари ман низ оби дарё кам будааст”,-афзуд ӯ.

Нуралӣ Ҳайдаров баҳори соли 2014 аз тарафи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, дар Отряди сарҳадии “Ишкошим”-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ хизмат мекардааст. Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ бо нашри як иттилоия гуфта буд, Нуралӣ Ҳайдаров рӯзи 22 июли соли равон дар вақти адои хизмат, бе ягон сабабҳои узрнок, бо яроқи оташфишон ҷои хизматро худсарона тарк намуда, ба самти номаълум ғайб мезанад: “Дар натиҷаи чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ, 28 июли соли равон, дар наздикии деҳаи Лангари ноҳияи Ишкошим, ҷасади номбурда аз шохоби дарёи Панҷ, дарёфт мегардад, аммо яроқи вобасташуда ва 120 дона тирҳое, ки аскари қаторӣ Нуралӣ Ҳайдаров ҳангоми тарки маҳалли хизмат бо худ бурда буд, то ҳол ошкор нагардидаанд”.

Бо дархости волидони ин сарбоз, рӯзи 7 август ҷасади ӯ барои ташхис аз қабр берун карда шуд. Падару модари сарбоз иддао доранд, ҷасади дафншуда писари онҳо нест. Ҳуснигул Сулаймонова, модари Нуралӣ қаблан дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, “писарам зери каши дасташ холи сиёҳи гуштӣ дошт, аммо шавҳарам гуфт, ҷасаде, ки аз хок бароварданд, он нишониро надошт. Гушҳои писари мо калон ва худаш бузургҷусса набуд, ки ин нишонаҳо ҳам дар ҷасади дафншуда дида нашуд”.

Мирзоалӣ Ҳайдаров, падари Нуралӣ ҳам изҳор дошт, “вақте ҷасадро канданд, нишонаҳояшро кофтам, наёфтам. Ҷасади гуршуда қади баланд дошт, пояш андозаи 45 буд, писари ман 39-40 мепӯшид ва қадаш дароз набуд”.
Мӯҳр
Мухлис
Бад мегуем, ки аз аблва мегурезанд. Ин чунин мегуем, ки бояд давлати худро дуст дошт оё агар бачои хамин писар писари Шумо бошад давлатро дуст медори?? ва фарзандони падараш албата газабнок мешаванд ва барои хар кор тайёранд, ки ягон макомот меши рохашро гирифта наметонад

КАТРА - КАТРА ЧАМ ШАВАД ОКИБАТ ДАРЁ ШАВАД ХАМИНХЕЛ ОИЛАХОИ НОРОЗИ РУЗ ТО РУЗ ЗИЁД ШУДЕСТАСТ КИ ОКИБАТАШ ХАТАРНОК АСТ

Артиши Тоҷикистон монанди гирдоб аст. Гоҳ-гоҳе сарбозонро ба қаъри марговари худ мекашад. Аз чи боис фақат наваскаронро! Пас кадом падару модар фарзанди хешро бо дили пур ба ин артиш месупорад. Дақиқан, ҳеҷ кадом!

Чек
Бародарони Азаиз ва Апаву хохаро ин хизмат аст сар боз бояд аз чои хизмати худ бе ичозат набарод... Барои Ватан Модар фарзандонамонро хам дарег бояд надорем!!! Ин хамааш кори Худо!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)