Бахшҳо

Сохтори нав: Ихтисори куҳна ва қабули кормандони нав дар Бонки Миллӣ

Сохтори нави Бонки миллии Тоҷикистон аз аввали моҳи равон мавриди амал қарор гирифтааст, ки дар доираи он даҳҳо корманди ин ниҳод ихтисор шудаанд.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар пайи аттестатсияи кормандон, ки моҳи август сурат гирифт ва фаъолсозии сохтори нав, Бонки Миллӣ барои ишғоли бархе аз мансабҳои холишуда озмун эълон кардааст: “Аз ҷумла барои ишғоли мақоми мутахассиси пешбари Идораи омор ва тавозуни пардохт, тафтишгари Департаменти аудити дохилӣ, мутахассиси Департаменти назорати бонкӣ, мутахассиси Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор, мутахассиси Идораи ҳисобдорӣ, мутахассиси Идораи амалиёт дар бозори озод, мутахассиси Идораи низоми пардохт ва мутахассиси Шуъбаи ҳуқуқ озмун ҷараён дорад”.

Қабули кормандони нав дар ҳолест, ки қаблан раёсати Бонки миллии Тоҷикистон эълон намуд, ки сохтори нав дар ин ниҳод аз 1-уми сентябри соли равон мавриди амал қарор мегирад: “Дар пайи ҷорӣ намудани баъзе дигаргуниҳо дар сохтори Бонки миллӣ шумори воҳидҳои хизматчиёни Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ба миқдори 130 воҳиди корӣ ва шӯъбаҳои минтақавии он ба миқдори 67 воҳиди корӣ, дар маҷмуъ 197 воҳиди корӣ ихтисор карда мешаванд”.

Таъкид шуда буд, сохтори нав ва таҷдидгардидаи Бонки миллии Тоҷикистон якуми сентябри соли равон бо 31 адад воҳиди сохторӣ, бо 492 воҳиди корӣ дар Дастгоҳи марказӣ ва 306 воҳиди корӣ дар Шӯъбаҳои минтақавӣ ба кор шуруъ мекунад.

Раёсати Бонки миллӣ ҳадаф аз ин иқдомро ба танзим овардани сохтор ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ин ниҳод арзёбӣ мекунад.
Мӯҳр
Tojik
Магар дар бонки милли духокикимияти аст, ки сурати 2 одама мондед? Хамон сурати чамолидин бас буд.

Омузгор
Ба иваз намудани чои ракамхо сураъти чаъм тагйир намеёбад мухтарам Нурмахмадзода!

Ин чи хел озмуни "точики" будаст, ки рузи 8 сентябр дар сайти БМ дар бораи он эълон чой доданду мухлати охирини кабули хуччатхоро 10 сентябр мукаррар кардаанд? Яъне 1 руз барои пешниходи хуччатхо))))) Ачоиб, киро инхо галу фахмидиян, хамин хам гап шуду. Озмуна ин "вундеркиндхо" барвакт ба таври худашон"чамъбаст" кадаги.....

шахрванд
Охир хама медонад ки чаноби Нурмахмадзода ба ном раиси Бонки Милли (((

Амир
Дар бонки миллй 197 нафаре, ки хешу табор ё шиносхои рохбарияти пештара будан ИХТИСОР мешаванд. Дар Точикистон муд шудааст: Рохбар ки нав шуд командааш хам НАВ мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)