Бахшҳо
11 сен 2015 11:19Тоҷикистон / Сиёсат

Донишкадаи исломӣ ба “Ҳоҷӣ Ҳалим”: Ҷангидан бо мусалмон куфр аст...

Ҳайате аз устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам бо овардани ояҳои Қуръону ҳадисҳо амали Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиаро маҳкум карда, онро “зиддимардумӣ” хондаанд. Мақомот Назарзодаро дар ташкили дастаи террористӣ муттаҳам мекунанд.

Дар вокуниши Донишкадаи исломӣ гуфта мешавад, “ин ҳодисаи бисёр нангину фоҷиабори гуруҳи ҷиноятпешаи Абдуҳалим Назарзода дар рӯзҳое рух дод, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба таҷлили 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ - ҷашни аз ҳама муҳим ва азизтарини кишвар омодагӣ дошт. Фардеву гӯруҳе ба ҷуз аз ин тӯдаи ҷинояткорон дар сар хаёле аз нотинҷиву ноамн сохтани вазъи мамлакатро надошт, мардум аз пайи кору фаолияти ҳамешагӣ, мактабиён рӯ ба муассисаҳои таҳсилотӣ, донишҷӯён ба донишгоҳҳои хеш ва намозгузорон ба масоҷид мерафтанд”.

Дар он гуфта мешавад, “зиндагии мардум ҳамон тавре, ки 18-20 сол қабл сулҳу суббот ва амну осудагиро орзӯ мекарданд ва тӯли ин солҳо ба зиндагии шарафмандонаи осоишта ва шоиставу бунёдкорона одат карда буданд, ҷараён дошт ва дар тасаввури касе ҳам намегунҷид, ки чунин як амали зиддимардумӣ аз ҷониби шахсияте сар мезанад, ки давлату ҳукумат иҷрои яке аз вазифаҳои масъулиятнок - муовини вазири мудофиаро ба ӯ бовар карда, бар зиммааш вогузоштааст”.

Дар идома аз чанд ояи Қуръон ва ҳадис мисол зада мешавад, ки дар он қатлу куштор ва хиёнат бар мусалмонҳо маҳкум мешавад. Аз ҷумла аз ин ҳадиси паёмбар (с), ки “Дашном додани мусулмон фисқ ва ҷангидан бо ӯ куфр аст” (ривояти Имом Бухорӣ ва Муслим).

Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим", ки то баъди зуҳри 4 сентябр муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон буд, бо иттиҳоми "хиёнат ба Ватан" ва "ташкили дастаи террористӣ" муттаҳам мешавад. Ба иттилои мақомот ҳамлаи субҳи 4 сентбяр ба Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат ва Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа дар Душанбе бо раҳбарии ӯ анҷом шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, "Ҳоҷӣ Ҳалим" ва ҷонибдоронаш дар дараи Ромит паноҳ бурдаанд ва амалиёти зидди онҳо идома дорад.
Мӯҳр
умар
То дируз хамин Хочи Халими мегуфтагиатон генералатон буд имруз ки бар зиди шумо хестааст хочи шуд вой бархоли шумо бесаводон

Фирдавс
Ин маълумотро ба гӯши ҳукумута дӯстдоштаи худ бирасонед!

Хонанда
Куштани бародари исломи барои хотири ришаш,чи?

Taroshidani rishu giriftani satri zanon, bastani masojid, tahqiri olimoni din, boz doshtani jawonon az raftan ba masojid va taalimi din va daho iqdomoti ziddi dinii hukumat magar khilofi islom nest ki zaboni muborakton giriftagist.

Рустам
Хамаи ин гапхо дар таги бинии вазири дифоъ шудаги, лекин чаноби вазир то хол хомуш аст...

Точик
Савол бо донишкадаи исломи ки бо номи исломиаш мефахрад гуфтаниам шахсоне ки руйрост яне коргарони вазорати корхои дохили ки дар бозорхо нафарони ришдорро дастгир карда ва дар идорахои бозор дароварда бо дастпушакхои резинии медицински риши одамонро канданд ва тарошиданд чи гуфтаниед???..

холо номаълум аст ки ин даста террористи аст ва е чизи дигар. хуб мешуд агар доир ба тарошидани риши мусалмонон эътироз мекардед.

ХАК БА ЧОНИБИ ШУМОСТ ХАЙАТИ УСТОДОНУ ДОНИШЧУЁНИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИ
Халим бандитро садкаи номи хочиги кунад.

Ватандор
Изо накашида ами гапора мезанен, то динара генерал буд ируз террорист шуд?Хаммаи халки Точик -террористан,бегарзи як оила

Салом
Чавонро то дами марг лату губ кард милиса шумо хомуш будед, ку устодони ба ном исломи, то 18сола ба масчид рафтанро хукумат ман' намуд, занхоро сарашонро луч мекунанд, ин амалро чи тавр бахо медихед?

Мухлис
УСТОДОН ВА ДОШНИЧУЁНИ АЗИЗ БАРОИ ЧИ НАМЕКУЕД, КИ МУБОРИЗА БО РИШУ САТР ВА МАСЧИТ КУФР ХАСТ Ё ИН ИН КУФР НЕСТ?

Муслим
Марг ба душманони риш ва ислом!!!!!

Курбон
Бо мусалмонон чангидан куфр аст, вале имруз хукуматдорони мо магар мусалмонанд? Риш мондан манъ, сатр манъ, амри маъруфф манъ, кани мусалмони?

Рашид
Хонандагони гироми бо риш мони ва масчидрави мусалмони хакики намешави. Барои чи аз мусалмони пархезкор ва росткор ягон нафар ёдовар намешавад. Магар кам аст ришдорони дуруггуй ва духтарони берохаи сатрдор. Гап дар сари риш ва сатр нест гап дар сари мусалмони меравад. Вале хангоми бо сатр ва риш даст ба амалхои бо истилох паст мезананд, шарм мекуни. Ё ин ки Хочи, Эшони немеки гуфта даст ба зино мезананд ва ба беморони бечора даст дароз мекунанд. Худи хамин ришдорон ва сатрдорон гунахкор мебошад, ки макомот зидди онхо шикор кунанд. Акнун хамаи ришдорон ва сатрдорон интари нестанд ва дар байни онхо шахсоне, ки аз хамагуна амалхои номатлуб пархез мекунанд зиёданд. Аз пушти гусолаи .... пода меолад гуфтаанд. Дар интернет пур аз наворхо ки хар як ришдори хайвонсифат сарбури ва даст ба тачовуз мезананд. Афсус ки дар пешонаи хар шахс оиди чинояткор ё шахси росткор буданаш навиштачот нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)