Бахшҳо
14 сен 2015 11:02Тоҷикистон / Сиёсат

Даъвати HRW, NHC ва AHRCA аз ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди Ҳизби наҳзати исломӣ

Созмони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch), Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж (Norwegian Helsinki Committee) ва Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна (Association for Human Rights in Central Asia) бо пахши як изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, барои фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон монеа эҷод накунад.

Дар изҳорот гуфта мешавад, “ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин озору азияти аъзои ин ҳизбро мутавақиф карда аз амалкарди худ алайҳи ҲНИТ даст бикашад ва иҷоза диҳанд, то ҳизбҳои мустақил дар Тоҷикистон фаолият дошта бошанд”.

Борн Енгесланд, муншии кулли Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж гуфтааст, “бо таваҷҷуҳ ба коҳиши рӯшани озодии баён тайи чанд соли ахир дар Тоҷикистон тасмими иштибоҳомез барои бастани ҳизби нерӯманди мухолиф барои мо ғайриинтизор нест”. Ба қавли ӯ, ин тасмим на танҳо тааҳҳудоти аслии ҳуқуқи башарро дар Тоҷикистон нақз мекунад, балки мухолифини сиёсиро барои фаолияти пасипардагӣ савқ медиҳад ва хатари бесуботиро эҷод мекунад.

Ҳю Вилмсон, раҳбари Созмони ҳуқуқи башар дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ин изҳорот таъкид кардааст, ин тасмим нишондиҳандаи як шикасти бузурги ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аст: “Ҳузури ҲНИТ пас аз созишномаи сулҳи соли 1997 пайдо шуд ва ба ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар нуқта гузошт. Бастани ин ҳизб барои ҳуқуқи инсон, мушорикати демократӣ ва субот хатарзо аст".
Мӯҳр
Тибки маълумотхо дар Вахдату Ромит хнитихо намондаанд. Хамашонро бо тухмати хамкори бо хочи Халим йо хабс йо куштаанд. Инчунин муллохои гайри хнити хам дар зери фишор хох бо риш хох бериш дар хатаранд.

Метарсам, ки Созмони хукуки башар зери рубрикаи “бо таваҷҷуҳ ба коҳиши рӯшани озодии баён тайи чанд соли ахир дар Тоҷикистон тасмими иштибоҳомез барои бастани ҳизби нерӯманди мухолиф барои мо ғайриинтизор нест”. мардуми точикро ба иштибох мебарад

Хамин созмонхои обруманд намефахманд,ки дар Точикистон фишори хизбои мухолиф "такозои замон" аст?

Равшан
Окибати сабри бемавриди ХНИТ ва рахбарияти он боис ба гирифтор шудани аъзоёнаш ба шиканчаву озор шуд. Сабру тахаммул хам мавриду замон дорад охир.

Сарвар
Агар ба Созмони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch), Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж (Norwegian Helsinki Committee) ва Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна (Association for Human Rights in Central Asia) ХНИТ лозим бошад, бигирен барен ба давлатхои худ. Ба мардуми ЧТ ХНИТ лозим нест. Хизби нотавонбин, тафрикаандоз ва киначуй чи ахамият дорад.

Чупон
Ба мардуми точик хизбе ки тафрикаандоз ва нотавонбин мебошад даркор нест. Хизбе ки дастпарвари Хочи Халим ва Ч. Махмудов барин шахсони хоинро тарбия мекунад чи фоида бошад. Ташкилотхои хоричи чи интерес доранд ки дар як давлати кучак амал кардан ё накардани як хизби сиёси овоз баланд мекунанд. Агар даркор бошад барен ба мулки худ. Как раз Кабири дар хорич карор дорад як утоки кори дихед номашро дигар карда дар Аврупо фаъолият кунад. Шайтонхо боз ба ташкилотхои хоричи мурочиат кардаанд. Ин карат ба Пан Ги Мун мурочиат намоед,

ватаншо
Барои мо ягон хизб даркор нест. ХКТ ХСДТ ХДТ ва дигар хизбхо охиста охиста бояд баста шаванд. Хизби кудрат кифоя, мисле ки Шурави буд. Бисери мардум он сохтро пазмонанд-ку?? Мардумро хмаин хизбхо сиёсатбозу ба гуруххо чудо карданд

Созмони ҳуқуқи башар тачрибаи Сурияву, Ирокро дар Точикистон амали карданист Умуман аз ин созмон ягон давлат мепурсида бошад ё не. Ин созмон дар кадом давр пуштибони хукуки инсон буд, ки мо аз фаъолияташ бедаракем.

Нафароне ки аз баста шдани ХНИТ хушхоли ва тарафдори мекнан бояд дар интизори баста шдани хакку хукук ва озодии худ бо дасти хукумат бошанд.

к
ватаншо,

Ба ту баринхо хакикатан лозим нестанд. Ба мо лозиманд.

Равониддин
Ба халки точик даркор нест,ба мо даркор нест барин гапхоро аз номи мардум назанед.Танхо аз номи худатон гуеду нависед.

Вокебин
Ээээ ХНИТ 100 ДАРСАД барои мардуми точик даркор аст агар даркор намешид ба вучуд намиомад

Борн Енгесланд ва ХЮ Вилмсон, шумо рафта озодии суханро дар давлатхои худ таъмин кунед. Шумо агар ин кадар хукуки инсонро химоя кунед оиди чанге, ки Амрико дар Сурия ташкил намуд пешгири кунед хазорон кудакон фавтида истодаанд онхоро кумак кунед. Шумо гайр дахон ва гап хеч як чизе аз дастатон намояд. Ин чо хукумати Точикистон оиди махдудияти ХНИТ ягон накше надоранд мардуми шарафманди Точикистон аллакай худаш дарк намудааст, ки ХНИТ хизби игвоангезонаи Шумо хоричиён мебошад.

Точикистон метавонад вокеан давлати дуняви бошад ва илму, сохахои чамиятиро охиста охиста аз догмаи динни берун барорад ва хамчун як давлати вокеан пешрафта бо тафакури созанда муаррифи шавад фамиди Кабири

Emomali
ватаншо,
fabrikai jawob shumo aqalan jumlahoyatonro rango rang kuned ki oshkor nashawed tawoni 2 jumlai mantiqona nawistan nadored... IN hizbro barham doda nameshawad agar aql dohta boshed... roh nadorad magar bo amali kardani ormonhoi mardum ki shumo amali karda nametawoned yo dar fikrash nested

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)