Бахшҳо

Боздошти бародарон, домодҳо ва писари Ҳоҷӣ Ҳалим: 2 бародару 2 писари дигараш бедараканд...

Миёни беш аз 110 нафар, ки бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи генерали фирорӣ Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо лақаби Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шудаанд, бисёрашон хешовандони ӯ мебошанд.

Тавре “Озодӣ” бо такя ба наздикони Ҳоҷӣ Ҳалим иттилоъ додааст, Назарзода 7 бародар доштааст, ки ҳоло 4 нафарашон- Абдукарим, Абдураҳим, Мирзоҳаёт ва Ҷамол дар боздоштанд ва эҳтимол ду бародари дигараш - Низом ва Салим ҳамроҳи худи ӯ ҳастанд: “Як бародари дигараш бо номи Ғолиб дар Русия ба сар мебарад”.

Манбаъ инчунин иттилоъ додааст, ки Файзигул Назарова, духтари 28-солаи Абдуҳалим Назарзода аз боздошт раҳо шудааст, вале шавҳари Файзигул-Абдураҳмон ҳанӯз ҳам дар боздошт ҳаст: “Чанд домоди бародарони Ҳоҷӣ Ҳалим низ аз манзилҳои зисташон боздошт шудаанд”.

Наздикони Ҳоҷӣ Ҳалим инчунин се ҳамсар доштани ӯро рад карда, изҳор доштаанд, ки ду ҳамсар доштааст ва бо ҳамсари дуввумаш солҳои зиёд зиндагии муштарак надоштаст: “Писараш Иброҳим аз ҳамсари дуюмаш донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда ҳоло дар боздошт қарор дорад. Ду писари дигараш аз ҳамсари аввалааш бо номи Бахтиёр ва Муҳаммад аз субҳи чоруми сентябр ба ин сӯ нопадид ҳастанд ва тахмин меравад, ки онҳо бо падари худ фирор кардаанд”.

Мусоҳиби “Озодӣ” инчунин таъкид намудааст, ки то замони боздошташон аксари наздикони Назарзода аз чизе хабар надоштанд: “Бародараш Мирзоҳаёт ҳамон субҳ, вақте вазъиятро фаҳмид, худаш назди милисаҳо рафту гуфт, ки агар гуноҳашро ёбанд, ба он ҷавоб мегӯяд. Ҳоло мо аз онҳо ҳеҷ хабаре надорем ва намедонем кӣ дар куҷо ҳастанд”.

Расман мақомоти Тоҷикистон то ҳол аз боздошти ҳудуди 110 узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва кушта шудани 22 шарикаш хабар дода, афзуданд, ки феълан амалиёт алайҳи худи генерали фирорӣ дар Ромит идома дорад.
Мӯҳр
Хонанда
Мухтарам Журналистон, Дар бораи вази афарони мачрухамон гапам занем ки чи кадар аз ин тараф хам зарар дидаанд.

Рауф
Мор боз бо хамрохии худ морбача хам доштааст. Хуни онхо олуда мебошад. Олудаи кинаву адоват ва нотавонбини нисбати сохти конститутсионии ЧТ, зидди халки точик ва кормандони хифзи хукук. Чи тавр ба ин вазифаву унвонхо сохибгаштааст кас андеша мекунад. Барои чи бо ин кадар даромад ва молу мулк ба як кори паст ва нангин даст мезанад хайрон мешави. Уро Худованд задааст. Шукр ки накард окибат хамин мешавад. Бо 110 тарафдори лаини худ чи аз дастат меояд. Хукумати ЧТ холо хам дар соли 1992-1995 карор надорад. Ту барин хашоротхоро чи гунае ки хохад хамон тавр нобуд мекунад.

Кухистони
кас дар хайрат мемонад наход, ки миени ин 110 нафар як нафаре пайдо нашуд,ки ин гумрохонро аз ин кирдори нангин баргардонад ин як доге хаст барои миллат вой бар холи туворин генералхо худо медонад,ки ба монанди ту хоинон чанд каси дигар бошад гуфт дигар амал дигар.

Мардин
Чаро инро ба инобат намегире, ки чи мачбур кард хочи ба ин ошубу фирор даст занад, ин хайоти осоиштаро ки сабаби вайррн гаштан шуд, чаро дар хусуси конуншиканихо риштарошихо, куштори чавони 23_сола гап на мезанен, шармандагист, дар Ватани хеш гуреза шави!

Шахри
Кани Наполеон, кани Суворов? аз аввали истиклолият ёд дорам бисёри шахсони кудрати ба халку миллат хоини мекарданд. Аз генерал Рахмонов то Махмуду дигару дигар.....

Чамшед
бАС КУНЕД А БАЧА ЯК ХАБАРИРО ХАМ ПАЙДО ВА НАВИШТА НАМЕТАВОНЕД. Ин ХАБАРИ оЗОДИРО БО МАНБАИ ХУДАТОН ГУФТА ЧОП КАРДЕД АЙБ АСТ ОХИР БАЧО....дУЮМ ЯКЕ АЗ ПИСАРОНИ хОЧИ КУШТА ШУДААСТ ЧАРО ХАБАРША ЁФТА НАМЕТАВОНЕД? сЕВВУМ ИН ХОЧИ БА КАСЕ БАДИ НАКАРДААСТ..БАЧАИ ХУБ БУД. сАБАБИ ИН ИСЁНА ГУЕД ОХИР ..

Рачаб
Авлоди Ин Генрала аз решаш нест кардан даркор..

кори хуб,,,, мара мефора хамаи хафт пуштша дастгир кнан,,,,барои он ки онхо хам ба ин кирдорхои гайриконунии у дат доранд......


Андарз
Ин бори дигар дарс аст барои онхое,ки нияти бад доранд. Хубтон мешавад ношукрхо.Хай чанг карди,кучо мегурези.Аз ду сар ба даст меафти ё ба сад хори мемири. Намурем мебинем.

Акмал
Ин бечорахо чи гунох доранд ки барои кори кадаи дигарон чавоб диханд. Аз Худо тарсед хукуматихо. Оё шумо кабул доред, ки баъди аз вазифаву дунё рафтани шумо хешутабори шуморо ба хотири корхои кадаатон чавбгпр кунанд. Шарм кунед ин бечорахо шахрвандони Точикистонанд хеч гунох надоранд. Шумо кинохои хиндиро тамошо карда аз Мугамбову Гапар Сингх ёд гирифтаед ки авлоди ракиби худатонро ба хотири ихтилофи байни худатон капида озору латукуб кунед бас кунед ин корхоро шарманда кардед миллати точикро дар дунё. Ин кор ба гайр аз точикистон дар ягончои дунё чуз дар филмхои хинди намешавад. Магар хамин аст давлатдори.

ali
110 боздошт 22 кушта шуда чамъ 132 мешаванд ,онжо 135 нафар буданд тибки итилоъ пас 3 нафар монданду халос .савол ба миён меояд то хол макомот бо ин 3 нафар чанг доранд?ё ин куштаву боздошт шудагон аз байни мардум аст ки хеч рабте ба хочи Халим ва гурухаш надоранд ?

TAJ
Рости густи андарз намури мебини лекин агар..............,

Хамаи хешу акрабхояшро дастгир карда ба зиндон партоянд, чунки баи зог ай зогай як руз не як руз корашонро мекунанд.

Ай дасти Хочи халими разил чанд корманди хифзи хукук кушта шуданд, онхо хам модар зану фарзан падар хонаву дар доштанд. Падару модар зану фарзандхои онхо хуни дил хурда истодаанд. Хамаи бародару писарони хочи Халима барен як умр зиндони кнен монен то ки дар дигар оилахо гаму андухдух нашава

Шумо "Озодагон" ва "Фараж" ба гайр аз матлабхои Радиои озодиро нашр кардан дигар кор надоред ми? Худатонам матлаб омода кнен охи

Рауфи, рачаби вачаб, шахроми. Шумора нест кардан даскор харои

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)