Шарҳи расмии боздошти 13 масъули ҲНИТ: Баъди қатли Ҳоҷӣ Ҳалим онҳо қасди фирор кардаанд...

Додситонии кулли Тоҷикистон боздошти 13 узви раёсати Ҳизби наҳзати исломии кишварро тасдиқ карда, онҳоро дар экстремизм, қасди нооромсозии кишвар ва даст доштан дар ҷиноятҳои гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам кардааст.
Ин ниҳод имрӯз, 17 сентябр бо пахши як изҳорот дар қатори аъзои боздоштшудаи ҲНИТ аз ҷумла номбар кардааст:
1. Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович, соли таваллудаш 1961, зодаи ноҳияи Мӯъминобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Крупская, хонаи 114;
2. Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб соли таваллудаш 1958, зодаи деҳаи Таҳназарии ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кучаи Ф. Аттор, хонаи №5 0;
3. Давлятов Абдуқаҳор Абдукаримович, соли таваллудаш 1975, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ушаков, х.110, ҳуҷраи 8;
4. Каримов Саттор Самадович, соли таваллудаш 1959, зодаи шаҳри Кӯлоб, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор, ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Деҳи Нав;
5. Розиқов Зубайдуллоҳ, соли таваллудаш 1946, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, хонаи 337, ҳуҷраи 15;
6. Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Хоҷанбиёи Поён, хонаи 125;
7. Ҳикматулло Сайфуллозода, соли таваллудаш 1950, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Fафуров, бинои 10/1, хонаи 10;
8. Ҳаитов Махмадалӣ Раҳмонович соли таваллудаш 1957, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ, хонаи 17/4, ҳуҷраи 6;
9. Авазов Қиёмиддин Қурумҷонович, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Вахш, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Fафуров, бинои 10/1 хонаи 10;
10. Хуҷаева Зарафо Раҳмоновна, соли таваллудаш 1973, зодаи ноҳияи Қумсангир, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Раҳмон Набиев, бинои 132, хонаи 40;
11. Набиев Маҳмадшариф Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Фрунзе, хонаи 84;
12. Fайратов Абдусамад Исмоилович, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Тамошотеппа;
13. Қосидинов Воҳидхон соли таваллудаш 1956, зодаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Пулодӣ, бинои 19, хонаи 10;.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, афроди номбаршуда баъди пурра нобуд кардани аъзои гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим қасди фирор аз кишварро доштаанд: “Дар асоси далелҳои дар рафти тафтишот дастрасшуда, бо мақсади пешгирӣ кардани амалҳои нави террористӣ, ҷалб кардани шаҳрвандон ба содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, созмон додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин халалдор намудани оромӣ ва амнияти мардуми Тоҷикистон шахсони зикршуда боздошт гардиданд. Тафтишот аз рӯи ин ҳодиса давом дорад”.
Ин иттилоияи Додситонии кул дар ҳолест, ки қаблан манобеъ аз боздошти Зарафо Раҳмонӣ, Зубайдуллоҳи Розиқ, Абдуқаҳҳори Давлат, Саидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалии Ҳайит, Раҳматуллои Раҷаб, Муҳаммадшариф Набиев ва Ҳоҷӣ Ғайрат хабар доданд.
Як манбаъ ба “Озодагон” гуфт, баъди боздошти Абдуқаҳҳори Давлат се нафар ба манзили ӯ омада, “хонаро тагу рӯ карда, ду нотбук, принтер ва компютеру чанде аз китобҳояшро бо худ бурдаанд”.
Манбаъ меафзояд, тақрибан соатҳои 22-23-и шаб Муҳаммадшариф Набиев, раиси Шӯъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб ва Ҳоҷи Ғайрат, узви Раёсати олии ин ҳизб аз ҷониби кормандони амният боздошт шуда, то ҳол маълум нест, ки дар куҷо қарор доранд.
Пеш аз зуҳри 16 сентябр Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуда буд. Аз раёсати ҲНИТ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Ҳусайнӣ бояд пеш аз зуҳри имрӯз ба самти Алмаато парвоз мекард: “Тибқи иттилое, ки мо аз манбаҳоямон гирифтем, Ҳусайниро маъмурини амният аз ҳавопаймо фаровардаанд ва феълан ӯ дар мақомоти амният қарор дорад. Иттилои бештарро дар мавриди омилҳои боздошти Ҳусайнӣ метавонед, аз мақомот пурсед, ки мо ҳеч иттилое дар ин бора надорем”.
Ин боздоштҳо дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар хориҷ қарор дошта, Раёсати олии ҳизб ба ӯ тавсия дода буд, ҳоло ба Ватан барнагардад.
Раёсати олии ҲНИТ аз 58 нафар иборат буда, аз сӯи анҷумани ҳизб интихоб шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |