Бахшҳо

Бунёдгузори Фейсбук: Оянда аз одамоне мисли Аҳмад аст

Марк Сукерберг, бунёдгузори шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” аз созандагии Аҳмад Муҳаммад, як донишомӯзи мусалмон, ки барои сохтани соаташ ба пулис даъват шуд, истиқбол кардааст.

Бунёдгузори “Фейсбук” дар саҳифааш навиштааст, барои созандагӣ набояд одам боздошт шавад. Ӯ менависад: “Эҳтимол, шумо аз қазияи Аҳмад, донишомӯзи 14-сола дар Текзас хабар доред. Оне ки соати дастсохташро ба мактаб овард. Доштани маҳорати сохтани чизҳои ҷолиб ва баландҳиматтиро бояд истиқбол кард, на боздошт. Оянда аз одамоне мисли Аҳмад аст. Аҳмад, агар мехоҳӣ ба Фейсбук биёӣ, мехоҳам туро бубинам. Созандагиатро давом бидеҳ”.

Рӯзи душанбе муаллимони мактабе дар шаҳри Ирвинги иёлоти Техас баъд аз он ки Аҳмад ба онҳо соати худсохти худро нишон дод, пулисро даъват карданд. Маъмурони пулис ба дасти ин наврас дастбанд зада, барои бозпурсӣ бурданд. Пулис иддаъо дошт, ки соати худсохт шабеҳи бомба буд. Рӯзи дигар Аҳмад Муҳаммад барои се рӯз аз ҳаққи омадан ба мактаб маҳрум гардид.

Шӯрои равобити амрикоиву исломии ИМА аз вуқӯи чунин ҳодиса изҳори нигаронӣ карда, изҳор дошт, ки чунин бархӯрди мактаб ва пулис ба ихтироъи наврас ба он марбут буд, ки ин ҷавон аз оилаи мусулмон аст.

Барак Обама, раиси ҷумҳури ИМА рӯзи чаҳоршанбе дар Кохи сафед Аҳмад Муҳаммадро пазируфт. Ӯ ихтирои ҷавонро “зӯр” донист ва зикр кард, ки бачагонеро, ки машғули илманд, бояд руҳбаланд кард. Ба гуфтаи вай, маҳз ҳамин амр Амрикоро бузург мекунад.
Мӯҳр
Nxndn
Салом,вакте як мусалмон аз тарафи душман ситоиш карда мешавад,одами окил Д'Арк мекунад ки инчо найранге нухуфтааст

Facebook
Ба Худо касам дар Амрико инсон кадр дорад. Бинед, ки барои як хатогии полис Президент ба наздаш даъват карда узрхохи намуд.
Боз рохбари яке аз ширкатхои калонтарини чахон иброз дошт, ки омода аст уро пазирад.
Барои хамин хама орзу мекунанд, ки мисли мардуми Амрико зиндаги дошта бошанд ва сиёсати онхо барои шахрвандонашон бехтарин аст.
Аммо дар сиёсати беруна хунхор хастанд.

Умед
Таассуфовар аст вакте таълимоти дини натичааш чунин мешвад ки аз пайрави ин дин буданат аз ту метарсанд. хамаи мусалмонон террорист нестанд вале бнштари террористон мусалмон хастанд ва онхо бо далелхои куръону саннати ин корро мекунанд. ин харосро ба миён овардаст ва ин харос Ахмадро ба полис бурд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)