Бахшҳо

Муайян шудани мавзӯи хутбаи намози ҷумъа ва далели Ғиёсов алайҳи ҲНИТ

Раҳбарияти Кумитаи дин ва Маркази исломии Тоҷикистон, имрӯз, 18 сентябр дар мулоқот бо имомхатибони масоҷиди Душанбе тасмим гирифтаанд, дар хутбаи намози ҷумъа перомуни "ҷонибдории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз гуруҳҳои террористӣ" суҳбат кунанд.

Тибқи иттилоияи расмӣ, ин мулоқот бо ҳузури Сулаймон Давлатзода, раҳбари Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Ҷумъахон Ғиёсов, муовини ӯ, Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон, Асомуддинзода Тоҷиддин, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон, сархатибон, имом-хатибон ва мудирони бахшҳои дини шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Донишкадаи исломӣ баргузор гардидааст.

Ҷумъахон Ғиёсов зимни мулоқот ба ҳаводиси ахири хунин дар кишвар ишора карда, таъкид намудааст, гуруҳе зери ниқоби дини Ислом даст ба ҷинояткориҳо зада, кушиш мекунанд, сулҳу суботи Тоҷикистонро халалдор кунанд. “Мавқеи бетарафӣ, ки ҲНИТ вобаста ба ин ҳодисаҳо ишғол намуд, аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарону аъзои ҳизби наҳзат ҷонибдори гуруҳи террористон мебошанд”,-далел овардааст ноиби раиси Кумитаи дин.

Роҳбарони умури дини Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, нуқтаҳои муҳими мулоқотро имрӯз, 18 сентябр дар хутбаи намози ҷумъа барои намозгузорон ироа кунанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон 17 сентябр боздошти 13 узви раёсати Ҳизби наҳзати исломии кишварро тасдиқ карда, онҳоро дар экстремизм, қасди нооромсозии кишвар ва даст доштан дар ҷиноятҳои гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам кардааст.


Дар акс Ҷумъахон Ғиёсов
Мӯҳр
Кумитаи дин имомхатибон барои чи аз дин масчит риши маньи хичоб е кудакон химоят намекунед зидди нахзат?

Асадулло
Ин хел бошад 12:50 масчит меравам барои намози Чумъаро хондан

Э Аллох Э Аллох ХНИТ тамом

Суҳроб
Ҳамаи ин корҳо хандаовар аст. Чиро мехоҳед исбот кунед. Мардум алакай фаҳмид ки дар ин кишвар чи ҷараён дорад!

Онсӯӣ
Аз ин мантиқи оғои Ғиёсов хаши кас меояд.
Кадом бетарафӣ? Суханони Кабириро магар нахонда будед оғои Ғиёсов?
Боз чӣ гуна аз амалиётҳои ҳукуматӣ тарафдорӣ кунанд? Кабирӣ омада сари штурвали вертолет шинад мӣ?

Худо гӯед, ки ба ҳамин як генерал ҳамааш тамом шуд. Кӣ медонад, ки боз чӣ нақшаҳое пушти парда ҳаст!

Касе, ки бо мо нест, у душмани Точикистон аст. Аксашро (обратное) исбот кардан лозим нест.мардикор,

муҳочир
муҳтарам хатибҳо пагоҳ дар назди аллоҳ иншоллоҳ рубару мешавед аз худо тарсед

Юсуфчон
Мимбархо ро хам Монополия карданд ку. вактхои охир кам сухани хак аз Мимбархои Пайгамбари Худо садо дода мешавад. Худо окибати ин миллату ватан ро ба хайр гардонад .

Ами аъзоёни ХНИТро сари рохашонро гиранд дигар дар Точикистон чанг намешавад Рахмат ба макомотхои кудрати, ки сари вакт пеши рохи ин нохалафонро гирифтанд.

ясир
Бо ин кору рафторашон ин мансаб дорон аз худову милат ва назди вичдони худ шарм намекарда бошанд!?

миллат
Ман кайхо боз барои хамин гапхои бемаънии онхо ба масчид алакай намеравам. Чои Хутба ва насихатро зомбизми давлати гирифтааст. Хандаам меояд. "Агар Кабири бетараф бошад, у тарафдори ин экстримистхо мебошад" ин сухани бемантика бинед. Инро агар ин Гиесов гуяд, маънояш ин аст, ки тамоми суханхои зертобеони у абсурд мебошанд. Гунохи нахондани намози Чумъаи манро ба гардани ана хаминхо мезанам, омин!

некмурод
офарин Кумитаи дин нав бедор шудед, садхо бор ташакур ба рохбарияти кумитаи дин дар ин рузхо дар бари макомотхо истода мубориза мебаранд

Рахмдил
Тоҷик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст, Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам.

shams
Мешавад хар мударозе хиркапуш
Ох аз инсавдогарони дин фуруш
Бо муридон рузу шаб ан-дар сафар
Аз заруратхои умат бехабар

Кучост Абдулло Нури? Агар у мебуд ин гуна вахшоният ва куфрпарасти да мамлакат намешуд!!!! Хозира диндорони мамалакатро мебинам нафратам меояд !!! Намози чумэа соати 12:55 меравем!! Ба чои курэону хадис ба кавли русхо лапша гуш мекуни !! Э ОДАМОН ХАЛК БЕСАВОД НЕСТ! АЗ ХАМА ЧИЗ БОХАБАРЕМ!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)