Бахшҳо

Ҳамсари Ҳайит: Китобҳои форсӣ, паспорти хориҷӣ, телефону компютерашро бурданд

Наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, чун бо гузашти се рӯз раҳо нашуд, маҷбур шуданд, вакили дифоъ бигиранд.

Савринисо Ҷӯрабекова, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит имрӯз, 19 сентябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, интизор доштанд, баъди суолу ҷавоб бо мақомот ӯро раҳо мекунанд, аммо чун ин иттифоқ сурат нагирифт, барои ҳимояти ҳуқуқҳои шаҳвараш ба вакил Ҷамшед Ёров муроҷиат кардаанд.

Хонум Савринисо мегӯяд, тақрибан соатҳои 18:50-и рӯзи 16 сентябр ду корманди амният ба манзилашон омада, шавҳарашро бо худ бурданд: “Ду нафар ки омаданд муносибаташон хуб буд. Гуфтанд, устод биёед як бор назди калон меравем, камтар саволу ҷавоб мекунанд, меоед. Дар беруни хона 4 нафари дигар меистод”.

Ӯ меафзояд, баъди он ки ҳамсараш бо онҳо рафт, 6 каси дигар омада, худро кормандони амнияту Прокуратураи генералӣ муаррифӣ намуданд ва гуфтанд бояд хонаро тафтиш кунанд: “Ҳуҷҷате барои кофукоби хона надоштанд. Иҷозат надода, гуфтам, ки шавҳарам биёяд баъд омада тафтиш кунед. Онҳо гуфтанд, ки ягон чизи махфӣ доред, ки моро намегузоред даромадан? Маҷбур шудам иҷозат додам, ду шоҳид аз ҳамсояҳо, се нафар кӯдаконам ва худам истодем”.

Савринисо Ҷӯрабекова мегӯяд, тамоми ҳуҷҷату дастгоҳҳои техникии Маҳмадалӣ Ҳайитро бо худ бурданд: “Ягон чиз пайдо накарданд, китобҳои форсӣ, паспорти хориҷиаш, телефон, ҳуҷҷати ҳарбӣ, компютер ва планшеташро бурданд. Баъди баста шудани ҳизб ҳуҷҷатҳои ҳизбро хона оварда буд, ҳуҷҷатҳоро низ бурданд”.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр бо нашри як изҳороти расмӣ Маҳмадалӣ Ҳайит ва 12 фаъоли дигари ҲНИТ-ро, ки дар боздошт ба сар мебаранд, дар ҳамдастӣ бо гуруҳи Абдуҳалим Назарзода муттаҳам карданд: “Дар асоси далелҳои дар рафти тафтишот дастрасшуда, бо мақсади пешгирӣ кардани амалҳои нави террористӣ, ҷалб кардани шаҳрвандон ба содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, созмон додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин халалдор намудани оромӣ ва амнияти мардуми Тоҷикистон шахсони зерин, ки аъзои фаъоли ҲНИТ буда, дар амалҳои ҷинояткоронаи гурӯҳи мусаллаҳи Назарзода А.М. гумонбар дониста шудаанд, баъди пурра нобуд гардидани ин гурӯҳи террористӣ кӯшиши пинҳоншавӣ ва фирор аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштанд, боздошт гардиданд:

1. Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович, соли таваллудаш 1961, зодаи ноҳияи Мӯъминобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Крупская, хонаи 114;
2. Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб соли таваллудаш 1958, зодаи деҳаи Таҳназарии ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кучаи Ф. Аттор, хонаи №5 0;
3. Давлятов Абдуқаҳор Абдукаримович, соли таваллудаш 1975, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ушаков, х.110, ҳуҷраи 8;
4. Каримов Саттор Самадович, соли таваллудаш 1959, зодаи шаҳри Кӯлоб, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор, ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Деҳи Нав;
5. Розиқов Зубайдуллоҳ, соли таваллудаш 1946, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, хонаи 337, ҳуҷраи 15;
6. Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Хоҷанбиёи Поён, хонаи 125;
7. Ҳикматулло Сайфуллозода, соли таваллудаш 1950, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Fафуров, бинои 10/1, хонаи 10;
8. Ҳаитов Махмадалӣ Раҳмонович соли таваллудаш 1957, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ, хонаи 17/4, ҳуҷраи 6;
9. Авазов Қиёмиддин Қурумҷонович, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Вахш, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Fафуров, бинои 10/1 хонаи 10;
10. Хуҷаева Зарафо Раҳмоновна, соли таваллудаш 1973, зодаи ноҳияи Қумсангир, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Раҳмон Набиев, бинои 132, хонаи 40;
11. Набиев Маҳмадшариф Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Фрунзе, хонаи 84;
12. Fайратов Абдусамад Исмоилович, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Тамошотеппа;
13. Қосидинов Воҳидхон соли таваллудаш 1956, зодаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Пулодӣ, бинои 19, хонаи 10”.

Дар изҳороти Додситонии кулл раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ низ ҳамдасти “Ҳоҷӣ Ҳалим” гуфта мешуд: “Муайян карда шудааст, ки Назарзода А.М. тайи солҳои охир бо мақсади амалӣ намудани кирдорҳои ҷиноятии худ бо дастур ва роҳбарии бевоситаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кабирӣ Муҳиддин беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноятӣ ташкил намуда, онҳоро бевосита роҳбарӣ менамуд”.
Мӯҳр
Огоҳ
Ордери суд гуфтан чиз ҳаст. Котиби судя барои чоп кардан вақт надошт мӣ?
Шарманда кардед ҳамаро

Ҳайит Одами Хукумат буд, ҳаст ва мемонад !!

Ҳайит Одами Хукумат буд, ҳаст ва мемонад !!
Ҳайит Одами Хукумат буд, ҳаст ва мемонад !!

Акбар
Аз тухмати ногахон балохои охири замон гуфта хамин да, бе ягон далил бор мекнан айба. Ана озоди

озод
наход дар точикистон ягон зиеии хакики набошад хакикатро гуяд.Агар ин хизб .хизби терораристи бошад.нисбати 40000 хазор азояш ва тарафдорояшонро прокуратур муаян намояд.Инхо ки мебошанд.

1
Ин кори хуб нашудаистодаст. Хукумат бояд донад, ки ин хизб мисли хизбхои когазиву сохта нест. Аз паси ин хизб халк меистад. Дар Точикистон минтакахое хастанд, ки ин хизбро тарафдори мекунанд. Набояд ба руи ахолии он минтакахо туф кард! Натичааш нохуш хохад буд. Аз чунин масхарабози даст кашед!!!

Салом ма намефахмум барои чи ин хама зулм болои Хнит.? оё ягон азои Ххдт чиноят намекунад? Хочи Халимро то телфони дастиша гайри конуни баровардан.часади бечонша барои чи нишон наметан? бори аввал гуфтан хамаи гурухро шахсан Хочи Халим рохбари мекард хозр М Кабири??????

такроран
Хохиш мекунам ба ин савол чавоб гуед, ки Каримов Саттор ин Махсуми Саттори кулобист? Илтимос, касе медонад чавоб гуяд ва аз Озодагон хохиш мекунем, ки ин назарро чоп кунад, чун як дафъа чоп накарда буданд

Якчанд масчидхои расман амалкунанда, аз чумла масчиди чомеъе, ки дар пушти запчасбозори Дустии шахри Душанбе буд, махкам карданд. Озодагон лутфан муайян кунед, ки кадом масчидхо кушодаанд ва намози идро дар кучо гузаронидан мумкин аст?

Kuobi
такроран,
bale maqsumi Sattor

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)