Бахшҳо
21 сен 2015 10:42Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Раиси Маҷлиси намояндагон: Хонаҳои харобшуда қабл аз муҳлат сохта шуданд

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 21 сентябр дар ноҳияи Шуғнони Бадахшон калиди 82 манзили истиқоматии навбунёдро ба хонаводаҳои аз офати табиӣ зарардида, тақдим кард.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, бо иштироки Шукурҷон Зуҳуров дар ноҳияи Шуғнон як шаҳраки навбунёди иборат аз 82 манзил, бунгоҳи тиббӣ, ҳаммом, мағоза ва дигар инфрасохтори зарурӣ, ки давоми ду моҳ сохта шудаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Шукурҷон Зуҳуров дар маросими ба истифода додани ин шаҳрак иброз доштааст, “онҳоеро ки имрӯз соҳиби хона гардидаанд, аз номи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон самимона табрик менамоям. Чанде қабл сафари кории Президенти кишвар ба вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон баргузор гардида буд. Зимни баргузории вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии вилоят дар боғи фарҳангӣ, ба муовини сарвазир дастур дода буд, ки то пурра барқарор сохтани 3,4 км қитъаи зарардидаи роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма, воқеъ дар мавзеи “Барсем-Бердибекобод”-и ноҳияи Шуғнон ва пурра ба анҷом расонидани сохтмони хонаҳои аҳолии аз офати табиӣ зарардида дар паҳлуи мардум истода, ҷараёни корҳои сохтмониро рохбарӣ ва зери назорати доимӣ қарор диҳанд. Имрӯз бо ифтихор қайд кардан мумкин аст, ки ҳам сохтмони роҳ ва ҳам сохтмони хонаҳои истиқоматии шаҳрвандони аз офати табиӣ зарардида пеш аз муҳлат ва бо сифати хуб ба анҷом расонида шуда, манзилҳои истиқоматии онҳо бо ашёҳои зарурии рӯзғор, аз қабили яхдон, қолинҳо, мошини ҷомашӯӣ, телевизор, курпаю курпача ва дигар ашёҳои лозимӣ ҷиҳозонида шуданд”.

Шукурҷон Зуҳуров дар идома афзудааст, дар амалӣ гардидани чунин корҳои сохтмонӣ саҳми сохторҳои давлатии кишвар, аз ҷумла Вазорати нақлиёт, Агентии давлатии захираҳои моддӣ, Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи президенти, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Бадахшон ва ноҳияи Шӯғнон, ширкати “Помирэнерҷӣ”, Раёсати нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят “Бадахшонроҳ”, КВД “Хоҷагии манзилии коммуналӣ” ва иштироки фаъоли тамоми вазорату идораҳои кишвар назаррасанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид намудааст, дар баробари кӯмакҳои ҳукумати Тоҷикистон, аз тамоми гӯшаву канори мамлакат ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии аҳолии зарардида кӯмакҳои зарурӣ пайваста ворид мегардиданд: “Мову шумо нағз медонем, ки аслан хонаи бадахшониро, ки дар он чӯбкорӣ зиёд аст дар тӯли на камтар аз як сол месозанд, вале бо назардошти таъмини саривақтии масолеҳи сохтмонӣ масъулин аз худ корнамоӣ нишон дода, 82 манзили сохтмониро дар мӯҳлати ду моҳ сохта, қабл аз оғози сардиҳо ба истифода супориданд, ки шоёни таҳсин аст. Бо назардошти чунин воқеиятҳо бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки ваҳдати миллӣ рӯз ба рӯз дар саросари кишварамон пойдор мегардад ва амалкарди имрӯза таҷассумкунандаи таҳкими устувории ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишвари азизамон мебошад”.
Мӯҳр
Аз ватан
Э бародаро касе ки аз хамин Хукумат ношукри мекунад Бахудо куру расво мешавад. Ина бинед дар як мудати кутох хама сохиби хона то сузану ришта таъмин гашт. Баъзехоро мефорад ки дар хона бахузур хоб раваду Хукумат оварда хуронаду пушонад камтар мехнат кардан даркор аз игво андохтану гайбат карданда.
Биёед бародаро мо хаматарафа сиёсати пешгирифтаи давлатро дастгири намоем ва заррае хам бошад барои ободии ин кишвари нозанин сахм гузорем иншоаллох дар солхои наздик Точикистони мо яке аз давлатхои таракикарда мегардад.
Худованд душманони миллати моро хору залил гардон ва ах ба максадхои нопокашон нарасон ОМИН!

Чун тег ба даст ори мардумро натавони кушт. Дар пеши ХУДОВАНД бади нест фаромуш

ТАХРИР
озодагон ХОНАХОИ ХАРОБШУДА НЕ ХАРОБШУДАГОН ИН ХОНАХОИ НАВАНД ПЕШ АЗ МУХЛАТ СУПОРИДА ШУДАНД КАМ КАМ ДИККАТ ДИХЕД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)