Бахшҳо

Нигаронии Шӯрои ВАО ва НАНСМИТ аз ҳодисаҳои ахир дар Тоҷикистон

Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) бо нашри як изҳорот дар робита ба нооромиҳои ахири кишвар гуфтаанд, он сабаби маҳдудияти ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба дастрасӣ ба иттилоот гардид.

Дар изҳороти мазкур, ки имрӯз, 21 сентябр ба дасти "Озодагон" расид, гуфта мешавад, “мо ба ин боварем, ки ягон масъаларо бо хунрезиву иқдоми эҳсосотӣ ҳал кардан имкон надорад. Ҳама мушкилот бояд дар доираи қонун ва бо риояи манфиатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон мавриди баррасӣ қарор бигирад. Мутаассифона, норасоии маълумоту ахбори дақиқ аз манбаъҳои расмӣ зимни қазияҳои моҳи сентябри соли равон расонаҳои хабарии кишвар ва хориҷиро, ки вазифаашон расонидани маълумоти муътамаду санҷидашуда аст, ба мушкилоти касбӣ дар инъикоси ин ҳодисаҳо рӯбарӯ кард”.

Дар идома таъкид мешавад, дастрасии маҳдуд ба ахбор ба зиёд шудани ҳар гуна овозаҳо мусоидат карда, дар натиҷа ҳам дар нашрияҳои мустақил ва ҳам матбуоти расмии давлатӣ матлабҳое паҳн гардиданд, ки ҳодисаҳоро аз ҳад эҳсосотӣ ва якҷониба бозтоб мекунанд: “Ин ҳолат масъулияти аслии журналистиро зери шубҳа мебарад. Илова ба ин, дар пайи боздошти фаъолони ҲНИТ дар робита ба ҳодисаҳои ахир, бархе аз ҳамкасбони мо чанд рӯз боз дар боздоштгоҳ қарор доранд. Бино бар иттилооти пайвандони Ҳикматулло Сайфуллозода - сармуҳаррири нашрияи “Наҷот”-и ҲНИТ, Абдуқаҳҳори Давлат, хатмкардаи факултаи журналистика ва собиқ сармуҳаррири нашрияи ҳизбӣ, Зарафо Раҳмонӣ - масъули нашрияҳои ҳизбии ҲНИТ тайи рӯзҳои боздошт онҳо дар бораи ҷурми наздиконашон хабаре надоштанд, онҳоро бо адвокат низ таъмин накардаанд. Ҳол он ки тибқи изҳороти Прокуратураи генералӣ боздоштшудагон ба ҷурми даст доштан дар нооромиҳои охири кишвар гумонбар дониста мешаванд”.

Шӯрои ВАО ва НАНСМИТ гуфтаанд, ҷомеаи Тоҷикистон то имрӯз дар бораи иттиҳомоти фавқуззикр маълумоти дақиқ надоранд ва то кадом андоза асоси қонунӣ доштани онҳоро намедонанд: “Аз ҳамин хотир, мо аз Ҳукумати Тоҷикистон, масъулини ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амниятӣ, ки ба баррасии ин қазияҳо машғуланд, дархост дорем, тафтишоти пешакиро бо шаффофияти том ва пешниҳоди маълумоти саривақтӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ба роҳ монанд. Дар ҷараёни таҳқиқот аз ҳама гуна манфиатҳои шахсию гуруҳӣ ва пешдовариҳо сарфи назар бояд кард. Мо мутмаинем, ки ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодии баёну андеша - шарт ва кафолати пешрафти дилхоҳ давлатест, ки худро демокративу ҳуқуқбунёд унвон мекунад”.
Мӯҳр
точик
ВАКТЕ, КИ ГАП САРИ АМНИЯТИ ШАХРВАНД МЕРАВАД КАДОМ ХУКУК БА ИТТИЛООТ ГУФТА ИСТОДАЕД???!!!
ХУКУК, ХУКУК ГУФТА НИМИ ДАВЛАТОРА БА КОМИ ЧАНГ КАШИДЕН ШУМО ХИМИЁНИ ХУКУК!!!

СССР
ОДАМНА КУШТАНД ХИЁНАТ БА ВАТАН КАРДАНД КУЧО БУДЕД

дипломат
НАНСМИТИ ИСЛОМИХО ХАМАТОНА ДАРАКТОНА МЕЁБЕМ ОЗОДАГОН ЧОП КУН

шумо бо Худра шукр кнен ки боз аз хамаи вокеахо дарак доред, агар рахтон намедодан чи кор мекардед??? ин проблемаи шумо нест лучше хдтона куш накнен,,, Хукумат бар зидди ин гурухи чиноятпеша дуруст рафтор кард!!!!

Вафо
беҳтараш дар вақташ ҳамин ҳамкасбонатонро аз дастгирии ҷиноятҳо эҳтиёт мекардед

Чаро ин кормандони Шурои ВАО ва НАСМИТ дар вакти чангу хунрезихо дар хона нишаста чойи кабуд менушиданду аз амали террористии хамрохони ин дастгиршудахо ёд намекарданд, яку якбора аз Хукуки Инсон гап мезадаги шуданд? Аз хамин коратон шарм намедоред магар? Озодагон агар дар хакакат мустакил боши нашр кун!

Омузгор
Анахамин хел охиста охиста дастхои паси парда дер ё зуд ошкор мегардад. Насибаи ХНИТ хамин кадар будаст да, бастани ХНИТ низ бо амри Яздони Пок амали гардида истодааст. Худо миллати моро худаш нигох дорад.

ба хабарнигорон
Ин анчуманхо хамаашон бизнесмен хастанд бо заказ кор мекунанд

чунин хиёнаткорхоро аз ин хам сахт мучозот шаванд аз тарафи сохторхои кудрати то дигарон аз окибати ин амал бархурдор шаванд

магар баъди ин чанги хонумон суз, боз ин террористонро онхоро руи хуш дихем...

Tashrif
Ozodagon tanho komenthoi fabrikai jawobro paxsh mekuned? ba misli somonai OZODI shuded...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)