Бахшҳо
19 сен 2015 10:34Тоҷикистон / Сиёсат

Тақозои созмонҳои ҳуқуқи инсон барои раҳо кардани фаъолони ҲНИТ

Созмони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch), Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж (Norwegian Helsinki Committee) ва Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна (Association for Human Rights in Central Asia) хостори бидуни таъхир раҳо кардани фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шудаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон панҷшанбеи 17 сентябр бо пахши як изҳороти расмӣ раҳбарияти ҲНИТ-ро дар ҳамдастӣ бо гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиа муттаҳам карда, аз боздошти 13 аъзои Раёсати олии ҳизб -- Саидумар Ҳусайнӣ, Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Муҳаммадалии Ҳайит, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов ва Воҳидхон Қосидинов хабар дод.

Дар изҳороти муштараки Human Rights Watch, Norwegian Helsinki Committee ва Association for Human Rights in Central Asia аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо мешавад, агар далелҳои муътамаде барои даст доштани афроди боздоштшуда дар нақзи қавонин дорад, эълон намояд.

Ин се ниҳод боздошти фаъолони ҲНИТ-ро намунаи барҷастаи ҳамла ба мухолифон унвон кардаанд.

Панҷ рӯз қабл, 14 сентябр низ ин се созмон дар робита ба ҲНИТ изҳороте нашр карда буданд. Он вақт Созмони ҳуқуқи башар, Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж ва Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, барои фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон монеа эҷод накунад. Дар изҳорот гуфта мешуд, “ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин озору азияти аъзои ин ҳизбро мутавақиф карда аз амалкарди худ алайҳи ҲНИТ даст бикашад ва иҷоза диҳанд, то ҳизбҳои мустақил дар Тоҷикистон фаолият дошта бошанд”.
Мӯҳр
Сомон
Дар Тчк конун вучуд надорад, HRW худатонро бехуда гам надихед.

nabi farhor
Мухаммадали Хайит босавод аст,наход ба ин корхо даст зада бошад.Мо чандин борхо тарики Телевизион,сухбатхои уро тамошо кардаем.

Рустам
Магар созмонхои байналмилалй хукук доранд, ки аз нафароне ки дар чиноятхои вазнин гумонбар хисобида мешаванд химоят намоянд? барои чй аз хукумат талаб намекунанд, ки нафароне ки дар куштани 14 корманди хифзи хукук гунахкоранд ёфта ва чазо дода шаванд? Магар одамон барои ин созмонхо ба ду сорт чудо мешаванд? Барои чй махз аз ХНИТ химоя мекунанд? Барои чй сабр намекунанд то бубинанд ки тафтишоти парвандахои чиноятй ба чй меанчомад? Ва наконец-то барои чи ба корхои дохилии давлати дигар чунин мудохилаи дагал мекунанд? Чй хел надониста, ки ки гунахкор асту ки не, дарав "такозо" мекардаанд ки озод шаванд? Ё шояд ин созмонхо махз дасти берунаеанд ки гуфта мешуд?????

Шери нар
АНА АНА АНА боз сар шуд,
Сохибони хоричиашон пайдо шуд. Агар Шумо хомии хукуки башар бошед пас чаро махз шахсонеро химоят мекунед, ки ба чиноятхои махсусан вазнин даст мезананд. Магар Шумо намебинед, ки чи кадар шахсон дар давлатхои мусалмони хукукашон поймол шудаву бехонаву бедар ва дар ба дар гаштаанд? Барои чи аз хукукхои онхо дифоъ намекукнед? Махз аз дифои Шумо дар ин давлатхо хуни нохак рехта истодааст. Барои чи як мартоба садо баланд карда, амалои террорситии Хоин Назарзодаро махкум накарде? Ё ин ки он шахидшудагони рохи хак инсон барои шумо хисоб намешаванд. Чунин саволхо барои шумо бисёр аст, вале медонам ки чавобьашро гардонда амри махол аст....... Илтимос ба сиёсати дохили як кишвари ободи ором дахолат накунед, то оромию осудагиаш бардавом бошад

Миллат
Рустам,

магар ту аз хотирад баромад, ки вай чавоне аз Вахдат бегунох буд?? Уро барои ришаш зада куштанд... Зайд чи? Адвокати у?? Искандаров? Ва дигарон.. Ба кавли русхо ин хоро хамаашонро "узники совести" мегуянд. Дигар ягон кас ба бегаразии додгоху прокуратураи мо бовари надорад. Барои хамин ин созмонхо "тревога" мебардоранд.

Рустам -шумо ё ягон бесаводед ё худатонро саводнок чилва медихед. Аввал ин ки Кабл аз оне ки касеро ба гунохе гунахкор кард бояд далоил мавчуд бошад , аммо аз суханхо ойлаи Хайит маьлум гашт ки Макомот бе ягон ичозатнлма вориди хонаи онхо гаштанд ва Хайитро бурданду хонаро чаппа росто кврданд. Сониян Точикстон давлати демократист ва зери чанадхои созмонхои байналминали демократи имзо гузоштааст ва ин имзои мо ба онхо хак медихад то давлатеро зери танкид кашанду чизеро такощо намоянд , лутфан каме маьлумоьатонро васетар кунед. Солисан ХНИТ хеч гох экстримисту терорист набудааст ба ин тарих гувохаст.

Рамзес
Хело фикри хуб, вале ин ташкилотхо набояд бо як дархост хап нишинанд. То охир даъво кунанд, аз тамоми сохторхои байналмиллали ва хусусан ИМА низ хохиш намоянд. Ман бовари дорам то фишор аз берун нашавад ин хукуматдорони мо халкро ба холи худ намегузоранд.

Джасур
Дар холи хозир сад дар сад гуфтан мумкин кас, ки ба ходисахои охир дасти хоричиён алокамандии зич доранд. Бояд кайд намуд, ки хар "волидайн" аз пайи амнияти "фарзандаш" мешавад!

Рустам,
Бовар кун аз хамин коменти ту гаши одам мебиёяд, Хамин Точикистони ту ба ки лозим ин кадар дасти беруни беруни мегуи? Точикон худашон аз Точикистон гурехта рафта истодаанду. Хамдигарро руи дидан надоред, як Точикистони кучак пур аз махалчию махалбоз, баъд гунохро ба гардани бегонагон меандозед. Он созмонхои байналхалкие ки ту мегуи онхо як вазъияти хукукии Точикистонро не тамоми чахонро зери назорат доранд акнун ту аз кучо пайдо шуди ба созмонхои бонуфузи хукуки рох нишон медихи??

Чаноби беном, он созмонхои байналмилалие, ки ту мегуи тахти нуфузи давлатхои гарб, махсусан АМРИКО карор доранд, ки дах соли охир фаъолияти онхо дар самти хукуки башар умуман назаррас нест. Ана натичаи хамин созмонхои хукукист, ки имруз дар тамоми дунё чангу хунрези зиёд гардидаву бо бахонаи демократия мардуми зиёд курбон шудаанд. Мо аз колаби демократияи гарби, ки имруз миллионхо-миллион мардуми мусулмонро ба коми нобуди кашида истодааст безорем.

хусрав
дар тамоми кураи замин инсонро бахотири дин ё бахотири ахлоқаш ё бахотири инсон буданаш ё ҳади ақал бахотири як мавҷуди ки ҳаёт дора, эҳтром қоиланд аммо дар тоҷикистон ба ягонтаи ин аҳмият наметан ва тамоми бе эҳтиромира мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)