Бахшҳо

Мақомот: ҲНИТ қасди ҳамла ба Кумитаи амният, фурудгоҳ ва телевизион дошт

Мақомоти Тоҷикистон Раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар тарҳрезии ҳамлаҳо ба Кумитаи амният, фурудгоҳ, Шабакаи аввали телевизион ва дигар биноҳои муҳими давлатӣ муттаҳам мекунанд.

Дар гузориши телевизионие, ки мақомот шоми 21 сентябр намоиш доданд, гӯиё зимни бозҷӯии утоқҳои масъулини ҲНИТ, аз ҷумла утоқи ноиби аввали раиси ин ҳизб -- Саидумар Ҳусайнӣ харитаҳои биноҳои муҳими давлатӣ дарёфт шудаанд. Дар гузориш аз ҷумла аксҳои ниҳодҳои давлатӣ, ки аз моҳвора гирифта шуданд, намоиш дода шуд.

Мақомоти Тоҷикистон инчунин матни муроҷиатномаеро нишон доданд, ки дар зераш Раёсати ҲНИТ навишта шудааст. Тибқи ин муроҷиатнома гӯиё раёсати ҲНИТ аз аъзою ҷонибдоронаш талаб кардааст, барои чанд рӯзи дигар сабур бошанд ва баъдан метавонанд ба сафи онҳо алайҳи “режими Раҳмон” пайваст шаванд.

Ин муроҷиатнома дар ҳолест, ки Додситонии кулли Тоҷикистон 17 сентябр аз боздошти 13 узви раёсати ҲНИТ иттилоъ дода, онҳоро дар ҳамдастӣ бо гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам кард. Аммо бо гузашти 6 рӯз айбномаи расмӣ алайҳи онҳо эълон нашудааст.
Мӯҳр
ҲХДТ
Капаи ҲНИТ дуд кард...

Капаи ҲНИТ дуд кард...

хар
Э тобаееее!!! Ва ин чи шурест!!!эх Таджикистан ты моя родина родная..когда же все таки мы видым тебя:просветающий.цивилизованный.а?ки чавоб мета?кай

чуръат
Ин дуруги 100% аст.

ленин
Ҳаҳаҳааа... Ҳолек мурдаи Қаззофиям да гардани ҳаминҳо бор мекунанд!

Худовандо, мардуми сарзамини маро аз дуруг начот бидех!
Агар худат бо он бузургиву азамат чазои дуруггуву тухматчиро надихи аз дасти мо бандагон чизе намеояд.
Як фикр кунед агар Хусайни касди фарор дошт утоки кориашро аз хар гуна когазхои шаковар тоза карда мерафт, ин як.
Дуввум худи Назарзода бо ин хама рутбаи баланде, ки Шумо барош дода будед, намедонист чи дар кучо чойгир аст ба нишондоди Хусайни мухточ буд. Чаро мардумро фиреб медихед.

Буд набуд будгор буд, Замин набуд шудгор буд...Афсонаи имруз

Инхо дуруг нестанд. Ман худ шохиди он будам ки дар компютири аъзоени ХНИТ документхое ёфт шудаанд, ки худи хаминхо дар Куштори Ленин, Чон Кенеди ва як катор дигар бузургон гунахкор мебошанд.

bemanjik
sharmandagi in hamadrug ast

Ali
Мақомот як хабари дигарро фаромуш карданд пахш карданд, хабаре хеле муҳим, ки дар он гуноҳи ҲНИТ дар куштани 35-ум президени Амрико Ҷон Кеннди собит шудааст. Ҳатман паҳн кунед!!!! Тарҳи суиқасд ба ҷони Кеннеди маҳз дар дафтари ҲНИТ кашида шуд ва аъзои ҲНИТ дар 15 Феврали соли 1963 амали намданд. Ана хабар Ь-) «Озодагон» илтимос озодона чоп кун то мардум ин аз ин хабар огоҳ гарданд. Пешопеш Ташаккур!

Ромиш
Ин Хукумат фикр мекунад, ки абадан дар сари кудрат аст. Рузе мешавад, ки ба сари кудрат дигарон меоянд ва бо онхо низ чунин рафтор хоханд кард. Осиё ба навбат аст.

Мухочир-Билол
Ачиб - Наход Сиёсат то индарача ичозати номардона ва рафтори сард ро нисбати Миллати худ раво бинад . ё ин гуна Сиёсат факат дар Точикистони шарифу мазлуми мо аст ?

Шахрванди Fариб
На аъзо ва на дустдори Хизби Нахзатум ва на аъзои ХХДТ, аммо инкадар ноадолати нисбати як хизбе ки худ ичозаи фаъолият додаед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)